logo

сиёсат

САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД. ИДОМАИ САФАРИ КОРӢ

Истиқболи Пешвои миллат дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд
Субҳи 26 июн  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд.

Намояндагони ҷомеа, роҳбарият, ҷавонон ва аҳли фарҳангу  зиё  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун меъмори сулҳу ваҳдат  ва бунёдгузори давлати навини тоҷикон бо самимияти зиёд ва меҳру муҳаббати бепоён истиқбол гирифтанд.
Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хуҷанд ба истиқболи  Роҳбари сулҳофару хирадманди миллати тоҷик ба таври шоиста ороста шуда буд ва аҳли илму фарҳангу дигар табақаҳои ҷомеаи шаҳри Хуҷанд аз Пешвои миллат бо шодию фараҳмандии беандоза пазироӣ намуданд. Истиқболи самимии сокинони шаҳри Хуҷанд аз пуштибонии комил аз сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад. Воқеан ҳам, сулҳи тоҷикон ва умуман, пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз ба ному корномаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут аст.
Шаҳри Хуҷанд дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо талошу дастгирии пайвастаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ободу зебо гардида, сокинонаш ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ дар тамоми соҳаҳо ноил гардидаанд. 
Имрӯз аҳли ҷомеаи шаҳри Хуҷанд ба саҳми беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳу субот дар кишвар арҷу эҳтироми баланду беандоза мегузоранд.

Иди нон, асал ва зардолу дар маркази шаҳри Хуҷанд
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тантанаҳои Иди нон, асал ва зардолу, ки дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд бо шукӯҳу шаҳомати хос баргузор гардид, иштирок карда, бо кадбонуҳо, мардони ҳунарманд ва деҳқонони асил мулоқоту суҳбатҳои самимӣ анҷом доданд.

Дар ин ҷо аз ҷониби кишоварзони зарофари шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки имрӯзҳо дар ҳама бахшҳои соҳаи кишоварзӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат - таъмини амнияти озуқаворӣ ҳар порча заминро самараноку оқилона истифода мебаранд, асосан маҳсулоти нонӣ, асал ва 35 навъи зардолу ба намоиш гузошта шуд.
Дар намоишгоҳ занбӯри-асалпарварони 12 шаҳру ноҳияҳои вилоят навъҳои гуногуни асал ва прополисро ба  маъраз гузоштанд. Соли гузашта занбӯриасалпарварони вилоят аз 52 ҳазору 250 оилаи занбӯр 1 ҳазору 360 тонна асал истеҳсол карданд. Имсол бошад, ният доранд, ки ин нишондодро зиёд намоянд, зеро шароит ва иқлими шаҳру ноҳияҳои вилоят, хусусан Шаҳристон, Панҷакент, Истаравшан, Айнӣ ва Кӯҳистони Мастчоҳ барои рушди ин соҳаи сердаромад басо мувофиқ мебошад.
Зимни суҳбат бо занбӯриасалпарварони вилоят Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки бо ворид кардани зотҳои серҳосили занбӯри асал оилаҳои онро афзоиш дода, истеҳсоли  асалро ҳам барои содирот ва ҳам барои таъмини бозори дохилӣ бештар намоянд.
Дар Иди зардолу бошад, шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Спитамен, Ҷаббор Расулов, филиали суғдии Институти боғдорию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии «Боғи миллӣ» навъҳои маъмулу серҳосили зардолуи маҳаллӣ, аз қабили «Қандак», «Хуҷандӣ», «Мирсанҷалӣ», «Субҳонӣ», «Аҳмадӣ», «Хурмоӣ», «Шифо», «Ниёзӣ», «Серҳосил», «Гулгунӣ» «Кадухурмоӣ», «Тоҷибой», «Лола», «Бобоғелон», «Сафедак», «Шоҳӣ», «Шохшикан», «Аразми калон», «Нишонӣ», «Кошифӣ», «Хурмои лучак», «Аҳрорӣ» ва ғайраро ба намоиш гузоштанд.
Таъкид шуд, ки бо дастуру ҳидояти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир ҳазорҳо гектар боғоти зардолу ва дигар меваҷот бунёд ёфта, боғу токзори зиёди куҳна дубора барқарор гардиданд.  Соли гузашта дар вилоят беш аз 1040 ва имсол бошад, 737 гектар боғи нав бунёд карда шуд, ки дар онҳо асосан ниҳоли дарахтони серҳосили мевадиҳандаи ба содирот нигарондашуда шинонда шуданд. Дар маҷмӯъ, имрӯз дар миқёси вилоят 54 ҳазору 591 гектар боғ мавҷуд аст, ки аз он 36 ҳазору 205 гектараш боғи ҳосилдеҳ мебошад. Имрӯз дар вилоят зиёда аз 46 ҳазор гектар боғи зардолу мавҷуд аст, ки ҳосилаш ҳам ба шакли тар ва ҳам ба тарзи банду басти мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Украина, Беларус, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Чин, давлатҳои арабии Шарқи Наздик  ва кишварҳои Аврупо содирот мешавад.
Соли гузашта аз вилояти Суғд ба хориҷи кишвар наздики 35 ҳазор тонна меваҷот, аз ҷумла 4 ҳазору 800 тонна меваи тар содирот шудааст. Дар   панҷ моҳи соли равон бошад, ҳаҷми содироти мева ба зиёда аз 12 ҳазор тонна расидааст, ки аз ин нишондод 1 ҳазору 600 тоннааш зардолу мебошад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон деҳқонону боғпарварони асили вилоят ва ҳам роҳбарияти шаҳру ноҳияҳои онро ба афзун кардани нишондодҳои боғу токпарварӣ, хусусан васеъ намудани зардолузор ҳидоят намуда, таъкид доштанд, ки Тоҷикистон метавонад дар самти парвариши зардолу ва содироти меваи хушк дар ҷаҳон пешсаф гардад. Ҳамин аст, ки борҳо ташкилоту озмоишгоҳҳои бонуфузи байналмилалӣ ба сифату тамъи меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон, аз ҷумла зардолу баҳои баланд додаанд.
Дарвоқеъ, ин намоишгоҳ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳазорон нафар сокинону меҳмонони шаҳри Хуҷанд ба ҷашнгоҳи бузурги Иди нон, зардолу ва асал табдил ёфт.

Ифтитоҳи ду бинои истиқоматӣ, маркази савдо, кӯдакистон ва чойхона дар Хуҷанд
Дар идомаи сафар 26 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд 2 бинои баландошёнаи истиқоматӣ, маркази савдо, чойхона ва кӯдакистонро барои 240 ҷой расман ба истифода дода, ба 80 нафар кӯдаки ятим туҳфаҳои идона тақдим намуданд.

Бунёду ба истифода додани 2 бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо маркази савдо, чойхона ва бинои лоиҳавии кӯдакистон барои 240 ҷой бо саҳму иқдоми соҳибкорони ватанӣ, собитгари пуштибонӣ аз сиёсати созандагии Ҳукумати мамлакат ва Пешвои миллат, самараи дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва ҷалбу ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд бо бахши хусусӣ дар бунёди чунин иншооти замонавии иҷтимоӣ ва бунёдкорию ободонӣ мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти иншооти нав расман ифтитоҳ бахшида, нақшу саҳми соҳибкорони ватаниро дар рушди ободонӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар маҳаллаи «Суғдиён» - и шаҳри Хуҷанд бунёд гардидани биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бо маркази савдою таваққуфгоҳ барои нақлиёт, чойхона, кӯдакистон барои 240 ҷой, майдончаи варзишии замонавӣ, мавзеи сайру истироҳат дар баробари соҳиби манзил шудани шаҳрвандон барои хизматрасониҳо ва фарогирии кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ, шуғлу бозӣ шароитҳои замонавӣ фароҳам оварда шуданд.
Барои сохтмону муҷаҳҳазгардонии маҷмӯи иншоот 38 миллион сомонӣ сармояи дохилии соҳибкори маҳаллӣ равона гардидааст. 2 бинои истиқоматии 5 ва 6 ошёна дорои 9 даромадгоҳ ва 313 манзилҳои аз 1 то 4 ҳуҷрагӣ буда, сохтмони онҳо бо усули ипотека, саҳми соҳибони ояндаи манзилҳои истиқоматӣ амалӣ шудааст.
Дар шаҳри Хуҷанд бо афзоиши аҳолӣ ва оилаҳои нав эҳтиёҷот ба манзили истиқоматӣ меафзояд. Бо қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ давоми солҳои охир ба 5 ҳазору 500 оилаи эҳтиёҷманд қитъаи наздиҳавлигӣ ҷудо карда шудааст. Дар баробари ин, бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бо усули ипотека ва сармояи соҳибкорӣ вусъат дорад ва айни ҳол дар шаҳри Хуҷанд беш аз 100 бинои баландошёнаи истиқоматӣ сохта мешавад. Саҳми соҳибкори ватанӣ Муртазо Алиев ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Иморатсоз» дар ин самт арзанда аст.
Сокинони шаҳри Хуҷанд аз таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушду тараққии шаҳри Хуҷанд дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат изҳори сипосу қаноатмандӣ менамоянд.
Бинои кӯдакистон аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои таъсиси 8 гурӯҳи тарбиявӣ-яъне 240 нафар кӯдак дар ошёнаи якуму дуюм шароит фароҳам оварда шуда, барои маҳфилу баргузории машғулияту чорабиниҳо дар ошёнаи сеюм толорҳо мутобиқ аст. Тибқи барномаи таълим, тарбия ва инкишофи кӯдак маҳфилу дарсҳои омӯзиши ҳисобу ҳарфҳо, мусиқӣ, компютерӣ, бозиҳои шавқовар ва ғайра таъсис дода мешаванд.
Сарвари давлат дар суҳбат бо соҳибкорон, муаллимону мураббияҳо таъкид доштанд, ки ин имконияту шароити арзанда аз ҳамаи кормандони муассиса масъулияти дучанд, истифодаи донишу маҳорат дар таълиму тарбияи кӯдакро тақозо мекунад.
Дар баробари таваҷҷуҳи хосса ба масъалаи таълиму тарбияи фарзанд ғамхорӣ ва парастории кӯдакони ятим дар сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар мадди аввал меистад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакони ятим меҳру муҳаббат ва ғамхории падарона мекунанд.
Дар ҷараёни ба истифода додани иншооти иҷтимоӣ ва кӯдакистон дар шаҳри Хуҷанд Пешвои миллат гурӯҳи кӯдакони ятимро, ки ба ҳукми тақдир аз меҳру муҳаббати волидайн бебаҳраанд, ба ғамхорию меҳру муҳаббати падарона фаро гирифтанд.

Корхонаи муштараки Тоҷикистону Туркия “Арча - мебел” дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд”
26 июн дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Корхонаи муштараки Тоҷикистону Туркия “Арча - мебел” - ро дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арча” дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ифтитоҳ карданд.

Корхонаи нав аз тарафи муассисон - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фортуна ва компания”- и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати “Учюлдиз” - и Туркия бунёд шуд.
Ҳаҷми умумии маблағгузорӣ 9 миллион сомониро ташкил медиҳад. Саҳмгузорон Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фортуна ва компания”- и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкати “Учюлдиз” - и Туркия ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мебошанд. Масоҳати умумии корхона беш аз 7 ҳазор метри мураббаъ, аз ҷумла масоҳати биноҳои истеҳсолӣ наздики 3 ҳазор метри мураббаъ аст.
Таҷҳизоти технологии замонавии корхона аз Туркия, Италия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шудаанд. Барои истеҳсоли маҳсулот 80 фоиз ашёи хоми ватанӣ истифода шуда, боқимонда аз кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла аз Федератсияи Русия, Беларус, Туркия, Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид мегардад. Истеҳсолот дар ду бахш ба роҳ монда мешавад, дар бахши аввал мебел бо истифодаи профилҳои гуногуни оҳанӣ, верзалит барои муассисаҳои томактабӣ, таълимгоҳҳо, шифохонаҳо ва дар бахши дуюм бо истифодаи тахтачӯбҳои гуногун фурнитура ва дигар мебелҳои умумӣ барои биноҳои маъмурӣ, маишӣ ва ғайра сохта мешаванд. Дар коргоҳи мазкур беш аз 50 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Иқтидори истеҳсолӣ дар 2 бахш пешбинӣ гардидааст. Номгӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда аз мебелҳо барои муассисаҳои томактабӣ, таълимӣ ва таълимии махсус, муассисаҳои маишӣ, хонаҳои шахсӣ, маъмурӣ, корхонаҳо ва дар оянда мебел барои муассисаҳои соҳаи тандурустӣ иборат аст.
Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз зимни як сафари қаблии корӣ ба вилояти Суғд ва боздид аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арча” Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватандӯст Дадохон Очилов дастур дода буданд, ки ба хотири рушди истеҳсоли маҳсулоти худии ба бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир, ашёи воридотивазкунанда, мизу курсиҳо барои таъмини талаботу эҳтиёҷи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ бо ворид кардани технологияи муосир як коргоҳи навро таъсис диҳад.
Инак, барои дар амал татбиқ кардани ҳидоятҳои созандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Арча” коргоҳи наву муосир бо ҷалби сармояи хориҷӣ таъсис ёфт.
Дар саҳни ҳавлии корхона аз тарафи ширкат намоиши маҳсулоти гуногуни истеҳсоли ватанӣ, аз ҷумла дару тирезаҳо, мизу курсиҳо, ҷевон, рахти хоб ва дигар ҷиҳози зарурии рӯзгор барпо карда шуд. Зимни шиносоӣ бо дастовардҳои корхона Пешвои миллат ба сифати маҳсулот ва тарҳи онҳо баҳои баланд доданд. Дастур дода шуд, ки барои таъмини талаботу эҳтиёҷоти мардум ба ҷиҳози хона коргоҳҳо, намоишгоҳҳо ва мағозаҳои фурӯши маҳсулоти корхона дар шаҳри Хуҷанд ва пойтахт таъсис дода шавад.
Аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ ба таври маҷмӯӣ коркарди якҷояи матоъ, чӯб, пластмасса ва оҳан ба роҳ монда шуда, аз онҳо мебелҳои хушсифат тайёр карда мешавад.
Баъди шиносоӣ бо шароити кор ва ҷараёни истеҳсолот Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони ватанӣ баҳри дастгирии сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дода, онҳоро ба идомаи иқдомҳои созанда ҳидоят карданд.
Бояд гуфт, ки ифтитоҳи чунин корхонаҳои саноатии истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ барои саноатикунонии мамлакат қадами устувору муҳим аст.

Боғчаи бачагонаи рақами 28 фаъол шуд
Имрӯз, ҳамчунин, Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи «Навбаҳор» - и шаҳри Хуҷанд боғчаи бачагонаи рақами  28 - ро, ки бо тарҳи хеле зебо бунёд гардидааст, ифтитоҳ намуданд.

Дар ин ҷо ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур моҳи декабри  соли 2017 оғоз гардида,  моҳи июни соли 2018 аз ҷониби пудратчӣ ҶДММ «ХЭОПС» бо ҷалби коргарони маҳаллӣ бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои милливу ҷаҳонӣ, сохта ба анҷом расонда шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба корҳои сохтмонӣ ва шароити фароҳамомада дар ин муассисаи томактабӣ баҳои баланд доданд. Ба истифода додани муассисаи томактабиро сокинони маҳаллаи «Навбаҳор» туҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон барои насли ояндасози миллат  арзёбӣ карданд. Бинои наву замонавии боғча ба маблағи 3 миллиону  800 ҳазор сомонӣ сохта шуда, имкон дорад ҳамарӯза 320 кӯдакро ба тарбия фаро гирад.
Боғча дорои ҳуҷраҳои барҳаво, хонаи қабули кӯдакон, хонаи таълимӣ, хонаи хоб, нуқтаи санитарӣ, толори мусиқӣ, нуқтаи тиббӣ, ошхона, анборҳои маводи хӯрока ва 12 айвончаи бозӣ, майдончаи варзишии тобистона, майдончаи қоидаҳои ҳаракати роҳ, ҳавзи шиноварӣ, шабакаи гармидиҳии мутамарказонидашуда  мебошад.
Дар ин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар ин муассисаи томактабӣ омӯзиш бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Пешвои муаззами миллат ба тарбиятдиҳандагон гуфтанд, , ки бо истифода аз чунин шароити хубу арзанда  кӯдаконро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ ба камол расонанд.

Рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Суғд
26 июн дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди соҳаи моҳипарварӣ ва афзоиши навъҳои беҳтарини моҳӣ дар шаҳри Хуҷанд дар дарёи Сир 20 ҳазор моҳиҳои навъи “сазан” ва “амури сафед” - ро сар доданд.

Бояд гуфт, ки дар хоҷагиҳои моҳипарварии вилояти Суғд навъҳои гуногуни моҳӣ парвариш карда шуда, даромад аз фурӯши он як роҳи ғанӣ гардондани буҷети хоҷагиҳо ва беҳтар кардани шароити иқтисодию иҷтимоии кормандони соҳа мебошад. Аз рӯи маълумоти мутахассисони бахш дар шаҳру ноҳияҳои вилоят асосан даҳҳо ҳазор моҳиҳои навъи “амури сафед”, “пешонағафси сафед” ва “карп” парвариш карда мешаванд. Моҳиҳои “амури сафед”, “пешонағафси сафед” ва “карп” ба ҳисоби миёна дар давоми 1 сол аз 600 грамм то 1 килову 200 грамм вазн мегиранд.
Мавриди зикр аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат дар баробари дигар нақшаву чорабиниҳо ва таҳияи лоиҳаву барномаҳои давлатӣ «Барномаи давлатии рушди соҳаи моҳипарварӣ» қабул ва дар амал татбиқ карда мешавад.
Баъди сар додани моҳиҳо дар дарёи Сир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба мутахассисони соҳа барои боз ҳам рушди ин бахши сердаромад дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Пешвои миллат дар Конибодом
Субҳи 27 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Конибодом ташриф оварданд. Пешвои муаззами миллатро сокинони шарафманди шаҳри Конибодом бо самимияти хосса ва шукргузории беандоза аз фазои сулҳу суботи саросарии Ватани маҳбуб истиқбол гирифтанд.

Дар деҳаи Ҷаҳонзеби Ҷамоати деҳоти Лоҳутии шаҳри Конибодом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 29 - ро дар фазои тантанавӣ расман мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ин муассисаи нави таълимӣ дар заминаи таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бунёд шудааст.
Сохтмони бинои нав дар деҳаи Ҷаҳонзеб дар асоси супориши бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мусоидат ба раванди бонизоми таълим, моҳи марти соли 2016 бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд оғоз гардида буд. Маблағи умумии бунёди иншоот 12,8 миллион сомониро ташкил дода, пудрачии корҳои сохтмонӣ ҶДММ КММ №44 - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад.
Бинои нави сеошёна аз 22 синфхона, толори варзиш, маҷлисгоҳ барои 200 нафар, устохонаҳои таълимӣ барои писарону духтарон, ошхона бо 90 ҷой, китобхона бо толори хониш ва бинои алоҳида барои маҳфили рӯзгордорӣ иборат буда, аз нуқтаи ягонаи гармидиҳӣ бо гармӣ таъмин карда мешавад.  Бино барои 1320 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи омӯзгорону шогирдон ва падару модаронро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ба ифтихори ифтитоҳи ин боргоҳи маърифат самимона таҳният гуфтанд ва ба мактаббачагон дар ҷодаи азхудкунии донишҳои замонавӣ комёбиҳо орзу намуданд.

Маҷмааи хизматрасонии «Баҳор» қомат афрохт
Дар деҳаи Маданияти Ҷамоати деҳоти ба номи Эргаш Шарифов бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷмааи хизматрасонии «Баҳор» мавриди истифода қарор гирифт.

Иншооти хизматрасонӣ аз тарафи соҳибкор Нозир Олимов навсозӣ гардида, масоҳати умумии он бештар аз 1 гектарро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ дар ин маҷмаа моҳи ноябри 2017 оғоз гардида, дар асоси лоиҳа бо назардошти сохти меъмории миллӣ ба анҷом расонда шуд.
Барои навсозии маҷмааи хизматрасонии «Баҳор» тақрибан 50 нафар коргару мутахассисони маҳаллӣ ҷалб гардид ва ба ин мақсад 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ харҷ гашт. Иншооти хизматрасонӣ дорои тарабхона барои 150 нафар, чойхона барои 200 нафар, мағозаи хӯрокворӣ ва ошхона мебошад. Меҳмонхона барои 20 нафар пешбинӣ шудааст. Дар маҷмӯъ дар доираи ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ дар маҷмааи хизматрасонии «Баҳор» 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуд. Дар ҳамин ҷо барои 150 ятим аз шаҳрҳои Конибодому Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ хони идона ороста шуд. Сарвари давлат аз дастгириҳои доимии Ҳукумати мамлакат ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки ятимон пайваста зери ғамхории хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд. Сипас, ба онҳо аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои идона, аз қабили маблағҳои пулӣ ва сарулибос тақдим шуданд.

Ба истифода супурдани қитъаҳои роҳи Гулистон - Исфара, Исфара - Ким ва Ким - Кучкак
Дар шаҳри Конибодом Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода супурдани қитъаҳои роҳи Гулистон - Исфара, Исфара - Ким ва Ким - Кучкак иштирок намуданд. Иншооти мазкур дар доираи таҷдиди қитъаҳои роҳи автомобилгарди Хуҷанд - Исфара мавриди истифода қарор гирифт.

Маблағгузории лоиҳа аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Бонки ҷаҳонӣ сурат гирифтааст. Шарикони рушд ҳавасмандии худро барои дар оянда саҳмгузорӣ кардан дар тарҳҳои коммуникатсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд. Дар маҷмӯъ дар доираи татбиқи ин лоиҳа дар 3 қитъа 45,1 километр роҳ ба истифода дода шуд.
Таҷдиди роҳи мазкур соли 2016 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида буд. Корҳои сохтмонӣ тибқи лоиҳа бо назардошти талабот, ҷавобгӯ ба меъёрҳои замони муосир ба анҷом расонда шудаанд.
Фармоишгари иншоот Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ ширкати «Чайна - Рейлвей Вучу Групп Корпорейшн» - и Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад.
Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ коргарону мутахассисони тоҷику чинӣ ҷалб шудаанд. Дар қисматҳои аҳолинишини роҳ бо назардошти талабот истгоҳҳои замонавӣ насб гардиданд.
Дарозии қитъаи роҳи Гулистон - Исфара 18,2 километр бо ду хати ҳаракат, қитъаи Исфара - Ким 13 километр аз 2 то 4 хати ҳаракат ва дарозии қитъаи Ким - Кучкак 13,9 километрро бо ду хати ҳаракат дар бар мегирад. Дар ин 3 қитъаи роҳ 90 адад лӯлаи обгузар ва 8 пул таҷдиду бунёд шудаанд.
Дар ду шафати роҳи Ким - Кучкак ба таври таҷрибавӣ дар як километр ниҳоли дарахтони сояафкан бо обёрии қатрагӣ шинонда шудааст. Аз ин миқдор, дар доираи лоиҳа наздики 12 километри маҳалҳои аҳолинишин чароғон ва дар 3 чорроҳа чароғакҳои роҳнамо насб гардидаанд. Ҳамзамон, дар маҳалҳои аҳолинишин барои пиёдагардон роҳравҳо бунёду сафолакпӯш карда шудаанд.
Дастгириҳои доимӣ, татбиқи нақшаҳо, талошҳои пайваста ва натиҷаҳои бадастомада рушди иқтисоди миллиро таъмин ва имкониятро барои расидан ба зиндагии боз ҳам беҳтар фароҳам мегардонад.
Ҳамин гуна тадбирандешиҳои доимии роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакат ва нишондодҳои баланди бадастомада аст, ки Тоҷикистон мувофиқи таҳлили Индекси рақобатнокии глобалии роҳҳои автомобилгард дар давоми солҳои 2017 - 2018 дар байни 137 давлати ҷаҳон бо 4,1 хол ҷойи 70 - умро ишғол намуд.

Ифтитоҳи бинои прокуратура дар шаҳри Конибодом
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Конибодом бинои мақомоти прокуратураи шаҳрро дар фазои тантанавӣ мавриди истифода қарор доданд.  Бинои прокуратура дар шаҳри Конибодом бо тарҳи нав ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бо тамоми инфрасохтори зарурӣ бунёд ёфта, барои кормандон шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда шуд.

Зимни ба истифода додани  бино, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандонро  ба 21 – умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрику таҳният гуфта, мавриди истифода қарор гирифтани бинои навро туҳфаи арзанда дар ин рӯзи барои мардуми тоҷик таърихӣ ва тақдирсоз муҳим арзёбӣ намуданд. 
Барои сохтмони бинои мақомоти прокуратураи шаҳри Конибодом зиёда аз 2 миллион сомонӣ сарф гардид. Бинои нави мақомот аз таҳхона ва аз ду ошёна иборат аст. Дар таҳхона бойгонӣ ва толори варзиш ҷойгир шудаанд.
Дар ошёнаи якум ҳуҷраи  котибот, ошхона, ҳуҷраҳои корӣ, санитарӣ, посбон, дар ошёнаи дуюм ҳуҷраҳои корӣ, толори маҷлисгоҳ бо ғунҷоиши 40 ҷойи нишаст, ҳуҷраи фароғатӣ, қабулгоҳ, ҳуҷраи санитарӣ ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгир мебошанд. Ҳама ҳуҷраҳои корӣ ва ёрирасон бо миз ва дигар таҷҳизоти зарурии корӣ ва технологияи компютерӣ таъмин мебошанд.  Тибқи нақша дар таҳхона барои ба варзиш машғул шудани кормандон ва обутоби бадан толори варзишии дорои таҷҳизоти замонавӣ сохта шудааст.
Фармоишгари бинои нави мақомоти прокуратура дар шаҳри Конибодом идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилояти Суғд буда, сохтмони иншоот моҳи апрели соли 2018 оғоз гардида, он имрӯз мавриди истифода қарор гирифт. Лоиҳаи иншоот аз ҷониби ҶДММ «Суғд лоиҳакаш» таҳия гардида, пудратчии асосӣ ҶДММ «СМС» мебошад. Аз мавриди истифода қарор гирифтани бинои нав кормандон изҳори хушҳолӣ намуда, миннатдории худро барои дастгириҳои ҳамешагии роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фароҳам сохтани шароити арзандаи корӣ баён доштанд. 

Муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Конибодом
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории хеш дар маркази шаҳри Конибодом боғи фарҳангӣ - фароғатиро, ки дар он муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ ва Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шудаанд, ифтитоҳ намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанвӣ парда аз болои муҷассамаи барқади аввалин асосгузори давлати тоҷикон - шоҳ Исмоили Сомонӣ бардоштанд. Муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ бо санъати баланди ҳайкалтарошӣ дар асоси сиёсати фарҳангдӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфтааст. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот моҳи марти соли 2018 аз ҷониби ҶДММ «СМС» - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз ёфта, бо сифати баланд ва намои назаррабо сохта шуд. Фармоишгари он идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мебошад.
Қомат афрохтани муҷассами шоҳ Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, дар навбати аввал, нишона аз таърихи пурғановати халқи тоҷик гувоҳӣ медиҳад ва дар замири ҳар фард эҳсоси баланди ватандориву худшиносиро бедор месозад. Гулгашти тозабунёд ва муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ - рамзи сарбаландии таърихи куҳани  халқи тоҷик  ва оини ватандории аҷдодони  бошарафи мо дар қалби ҳар сокини шаҳри Конибодом нақш мегузоранд.
Зимни боздид, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои корҳои босифат изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Лоиҳаи ишооти мазкурро Корхонаи фаръии воҳиди давлатии “Лоиҳакаш” - и  вилояти Суғд таҳия кардааст. Барои сохтмони он тақрибан 8 миллион сомонӣ  харҷ гардидааст. Бояд зикр намуд, ки масоҳати боғи фарҳангӣ – фароғатӣ 9 ҳазору 500 метри мураббаъ буда,  дар он муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ бо баландии 7,5 метр сохта шуд.
Қомат афрохтани муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ рамзи ватандӯстӣ ва  шинохти таърих дар Рӯзи Ваҳдати миллӣ барои сокинони шаҳри Конибодом мояи ифтихор ва сарфарозист.

Ифтитоҳи сутунпояи Парчами давлатӣ дар шаҳри Конибодом
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Конибодом дар фазои тантанавӣ сутунпояи Парчами давлатиро ифтитоҳ намуданд.

Сутунпояи  Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баландии 43 метр бунёд гардида, ин макон ба ҷойи назаррабо ва мавзеи сайру гашти дилписанди сокинон табдил ёфт. Парчами давлатӣ  7 метр паҳноӣ ва 14 метр дарозӣ дорад.  Дар гирду атрофи боғи фарҳангӣ - фароғатӣ, назди муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ дарахтони сояафкани ороишӣ ва гулҳои шукуфон шинонда шудаанд. Ҳамзамон, дар атрофи боғ ва сутунпояи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишастгоҳҳои замонавӣ ва фаввораҳои диққатҷалбкунанда  насб гардида, шабона чароғонанд.
Сокинон аз он ифтихор доранд, ки имрӯз дар партави сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом биноҳои наву замонавӣ ва мавзеъҳои истироҳатӣ сохта мешаванд.   Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идомаи сиёсати бунёдкоронаи худ  барои дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани насли наврас, бедор сохтани ҳисси ватанпарастӣ дар қалби ҷавонон, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва   комил гардондани истироҳату фароғати сокинони мамлакат, махсусан сокинони шаҳри Конибодом, тадбирҳои муҳиму саривақтиро роҳандозӣ менамояд. Изҳори эътимоду боварӣ шуд, ки аз ин пас дар ин макони зебо ва гулгашти назаррабо чун нишони садоқат ва меҳру муҳаббати бепоён ба рамзҳои давлатӣ  чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ баргузор карда мешаванд.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани шоҳроҳи Конибодом - Патар
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои тантанавӣ қитъаи шоҳроҳи Конибодом – Патар - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Тибқи лоиҳа барои амалӣ кардани марҳилаи аввал, ки бунёди 5, 7 километр роҳро ташкил медиҳад, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ 33 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардида буд. Дар рафти татбиқи лоиҳа 3 пул, 11 километр лӯлаҳои обгузар ва 2 адад чароғаки раҳнамо сохта шуданд.
Барои татбиқи пурраи лоиҳаи сохтмони 67,7 километр роҳ наздики 400 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст.
Фармоишгар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ ширкати “Чайна - Рейлвей Вучу Групп Корпорейшн” - и Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошанд. Корҳои сохтмонӣ тибқи лоиҳа ва ҷавобгӯ ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ба анҷом расонда шудаанд. Дар рафти корҳои сохтмонӣ то 400 нафар мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб гардид.
Мавриди зикр аст, ки татбиқи босамару босифати лоиҳаҳои коммуникатсионӣ, бунёди роҳҳои оҳану мошин, нақбҳо ва пулҳо баҳри расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ муҳиму саривақтӣ мебошад.

Барқарорсозӣ ва таҷдиди шабакаи таъминоти оби босифати нӯшокӣ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими татбиқи лоиҳаи барқарорсозӣ ва таҷдиди шабакаи таъминоти аҳолии шаҳри Конибодом бо оби босифати ошомиданӣ иштирок намуданд.

Барқарорсозии иншооти мазкур дар асоси созишномаи Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» - и Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва барқарорсозии шабакаи обтаъминкунии шаҳрҳои “Шимоли Тоҷикистон” бо сарфи беш аз 40 миллион сомонӣ маблағҳои қарзию грантӣ анҷом дода шуда, 25 ҳазор нафар аҳолии шаҳр бо оби босифати ошомиданӣ таъмин гардид.
Лоиҳаи шабакаи обтаъминкунии шаҳрҳои “Шимоли Тоҷикистон” аз моҳи марти соли 2014 оғоз шуда, 6 шаҳру ноҳияи вилояти Суғдро дар бар мегирад. То ба имрӯз дар асоси ин лоиҳа дар шаҳрҳои Бӯстону Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо харҷи беш аз 80 миллион сомонӣ корҳо анҷом пазируфта, сокинон бо оби босифати ошомиданӣ таъмин гаштанд.
Корҳои барқарорсозӣ дар доираи ин лоиҳа дар шабакаҳои обтаъминкунии шаҳрҳои Истиқлол, Конибодом ва Исфара низ амалӣ шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта дар шабакаҳои обтаъминкунии шаҳри Конибодом баҳои баланд дода, ба масъулон барои истифодаи мақсадноки маблағҳои ҷудогардида ва анҷоми босифати дигар корҳо дастуру ҳидоятҳо доданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи шабакаи обёрӣ ва таъмини аҳолии шаҳри Конибодомро бо оби босифати ошомиданӣ туҳфаи арзандаи давлату Ҳукумати мамлакат дар рӯзҳои таҷлили 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карданд.

Тантанаҳои идона дар варзишгоҳи “Ҷавонӣ”
Шоми 27 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом дар фазои тантанавӣ варзишгоҳи марказии “Ҷавонӣ” - ро ифтитоҳ карда, дар чорабинии идона ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ иштирок намуданд.

Маблағи харҷномавии умумии лоиҳа наздики 8 миллион сомонӣ буда, фармоишгари он идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мебошад.
Сохтмони иншоотро пудратчӣ - Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Шарора” - и шаҳри Конибодом ба уҳда дошт ва лоиҳа аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии  “Лоиҳакаш”- и вилояти Суғд таҳия шуд.
Варзишгоҳ аз ду даромадгоҳ, толори қабули меҳмонон ва дигар ҳуҷраҳои махсус барои варзишгарон иборат буда, барои 10 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст.
Бинобар муддати тӯлонӣ мавриди истифода қарор надоштани варзишгоҳи мазкур, нокифоя будани ҷойи нишаст дар варзишгоҳ, таъмирталаб будани инфрасохтори он, тайи солҳои охир дар он ягон намуди чорабинӣ доир нагардида буд. Дар заминаи омодагӣ ба таҷлили Ҷашни бузурги умумимиллӣ 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи пешбурди корҳои созандагиву бунёдкорӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби оммавии аҳолӣ, алалхусус ҷавонон ба варзиш, азнавсозӣ ва мавриди истифода қарор гирифтани иншооти варзишӣ ва таҷлили  Рӯзи Ваҳдати миллӣ иншооти мазкур бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат азнавсозӣ гардид.
Баъди ифтитоҳи варзишгоҳи “Ҷавонӣ” Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади бошукӯҳи идона ба ифтихори таҷлили сазовори 21 - умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ сухан ронданд.
Пешвои миллат ҳамаи ҳозирон, тамоми мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиро ба ифтихори Ҷашни Ваҳдати миллӣ - яке аз дастовардҳои бузурги мардуми шарифи Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ табрику таҳният гуфтанд.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат оид ба оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ, роҳи тайкардаи мардуми шарафманд ва сулҳхоҳи тоҷик баҳри ба ҳам омадану ба ваҳдати комил расидан андеша ронданд.
Таъкид гардид,  ки танҳо баъди барқарор гардидани сулҳу субот дар ҷомеа мо имкон пайдо кардем, ки тарҳрезиву татбиқи барномаву нақшаҳои муҳимтарини иқтисодиву иҷтимоиро бо мақсади таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ва ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат оғоз карда, чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангиро дар фазои озоду демократӣ баргузор намоем.
Таҷрибаи дар фосилаи кӯтоҳи таърихӣ хомӯш кардани алангаи фоҷиабори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ минбаъд аҳамияти байналмилалӣ касб карда, таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ эътироф гардид.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки “сулҳи тоҷикон таҷассуми олии майлу иродаи мардуми сулҳпарвари мо, яъне хизмати таърихии халқи қаҳрамони тоҷик мебошад”.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки моро зарур аст то ба наслҳои наврас ва ҷавонон ҳамчун сабақи ибратомӯз моҳият ва арзиши сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро фаҳмонем.
Оид ба дастовардҳои шаҳри Конибодом давоми солҳои соҳибистиқлолӣ сухан карда, Сарвари давлат таъкид намуданд, ки айни ҳол мувофиқи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Конибодом барои солҳои 2016 - 2020 дар қаламрави шаҳру деҳоти Конибодом татбиқи 50 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 780 миллион сомонӣ идома дорад.
Бо оби босифати ошомиданӣ таъмин намудани аҳолӣ, ки то имрӯз дар шаҳри Конибодом яке аз мушкилоти асосӣ ба шумор мерафт, бо дастгирии Ҳукумати мамлакат тавассути таҷдиду азнавсозии шабакаи обрасонӣ ба масофаи дувоздаҳу ним километр ва бунёди инфрасохтори зарурии захираву интиқоли оби босифати ошомиданӣ бо сарфи беш аз 40 миллион сомонӣ ҳаллу фасл шуд.
Дар охир Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла сокинони бонангу номус ва сарбаланди шаҳри Конибодом минбаъд низ ба хотири созандагии Ватан, барои таҳкими ваҳдату ҳамбастагӣ ва рушди босуботи кишвари азизамон саъю талош мекунанд ва дар ин ҷода низ намунаи ватандӯстиву ободгарӣ нишон медиҳанд.
Баъди суханронии Президенти мамлакат дар ҳузури шумораи зиёди сокинони шаҳр ва намояндагони аҳли зиёи мамлакат барномаи бошукӯҳи консертӣ баргузор гардид,  ки таҷассумгари дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати комилу сартосарии кишвар буд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.06.2018    №: 126-127    Мутолиа карданд: 397

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед