logo

Хабарҳо

Як ҳамоиши муҳим

Ба муносибати Ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ - омили муҳимтарини ҳастии миллат» ҳамоиш барпо шуд. Зимни ҳамоиш зикр гардид, ки пас аз ба даст овардани ваҳдати миллӣ дар кишвар баробари бахшҳои дигар фаъолияти судҳои иқтисодӣ низ  тақвият ёфта, барои бо роҳи қонунӣ ҳифз кардани моликияти давлат ва шаҳрвандон заминаи мусоид фароҳам гардид.

Ба гуфтаи Абдуҷаббор Қодирзода, муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодӣ, ваҳдати миллӣ бузургтарин даст-оварди мардуми тоҷик дар замони соҳибистиқлолии кишвар мебошад, ки  бо талошу  ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омада аст. Инак, 21 сол аст, ки сокинони мамлакат дар фазои сулҳу оромӣ ва ҳамдигарфаҳмиву ваҳдати миллӣ зиндагии хушу осудаҳолона доранд.
Ҳамчунин, зимни чорабинӣ кормандони судҳои иқтисодии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар изҳор дош-танд, ки дар зарфи 21 соли побарҷо будани ваҳдати миллӣ низоми қонунгузории ҷумҳурӣ низ мукаммал шуда, ҳуқуқу озодиҳои нисон ва шаҳрванд ҳамаҷониба ҳифз мешаванд. Парвандаҳои зиёди марбут ба масоили молиявӣ мавриди баррасии судҳои иқтисодӣ қарор гирифта, барои ҳалли қонунии онҳо қарорҳои мувофиқ бароварда шуданд. Ҳамин аст, ки имрӯзҳо таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон ҳамчун намунаи нодири мусолиҳа дар меҳвари таваҷҷуҳи  ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 202

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед