logo

Хабарҳо

Омили таҳкимбахши ваҳдат

Бахшида ба 21 - умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Душанбе конфронси илмию амалӣ таҳти унвони «Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун омили таҳкимбахши ваҳдати миллӣ» баргузор гардид.

Дар конфронс намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъулони вазорату идораҳои давлатӣ, олимону коршиносон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар шахсони расмӣ ширкат варзиданд.
Таъкид шуд, ки сулҳу осоиш ва суботи Тоҷикистон маҳз ба шарофат ва баракату  заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон таъмин гардид. Имрӯз  ба пешрафту шукуфоӣ, субот  ва сарҷамъии мардуми  мамлакатамон кишварҳои хориҷӣ бо чашми ҳавас менигаранд, ки ин боиси ифтихори кулли тоҷикистониён ва тоҷикони бурунмарзист.
Насиба Содиқова, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, роҷеъ ба «Таҳаввули  муҳтавои  Паём  ва таъсири он ба вазъи  умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ибрози назар намуд.  Ӯ афзуд, ки ин Паём дар рушди давлатдории миллии тоҷикон ҳатман таъсири мусбат мегузорад. Паёми Пешвои миллат фарогири масъалаҳои мубрами сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, масъалаҳои муҳими рушди давлатдории миллӣ ва омили тақвияти ваҳдати миллӣ дар ҷомеаи кишвар мебошад. Маҳз дар паёмҳои солҳои охири Президенти ҷумҳурӣ ба Маҷлиси Олӣ, эълон гардидани «Соли оила», «Соли ҷавонон»  ва «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» аз дурнамои рушди сиёсати Ҳукумати мамлакат дар самти таъмини суботи ҷомеа шаҳодат медиҳад.
Дар ҳамоиш, ҳамчунин, доир ба дигар паҳлуҳои масоили ваҳдати миллӣ дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла зарурати таърихии ироаи Паём дар Тоҷикистон, масъалаҳои усулии он, таҳкими суботу амнияти миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон,  нақши паёмҳо дар таъмини адолати судӣ ва масъалаҳои сулҳу субот, табодули афкор сурат гирифт.
Лашкар ШАРИФ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 296

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед