logo

Хабарҳо

Баррасии масоили пурзӯр намудани назорати гумрукӣ

Дар раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки кормандони мақомоти гумрук, соҳибкорону тоҷирони ватанӣ, ассотсиатсияҳои миллии соҳибкории хурду миёна ва брокерони гумрукии Тоҷикистон  ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ дар назди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Зимни  ҷаласа масъалаҳои марбут ба қарору қонунҳои вобаста ба фаъолияти гумрукӣ, пурзӯр намудани назорат ҳангоми барасмиятдарории молу воситаҳои нақлиёт, ҳамкорӣ бо ширкатҳои брокерӣ ҷиҳати пурзӯр намудани назорат ҳангоми барасмиятдарории гумрукии молу воситаҳои нақлиёт баррасӣ гардиданд.
Муовини сардори раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе Хуршед Рауфзода иброз дошт, ки Шӯрои ҷамъиятию машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ дар назди Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи банди 14-и моддаи 467-и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст. Ҳадафи Шӯрои ҷамъиятию машваратӣ, ин пеш аз ҳама, мусоидат дар таҳия ва татбиқи сиёсати гумрукии мамлакат бо мақсади таъмини ҳифзи манфиатҳои иқтисодии мамлакат ва ташкил намудани шароити мувофиқ барои фаъолияти соҳибкорӣ, такмили сохтори амалиёти содиротию воридотӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ мебошад.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 259

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед