logo

сиёсат

САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД. ИДОМАИ САФАРИ КОРӢ

Хати нави технологии ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» ба истифода дода шуд
Субҳи 28 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” боздид ба амал оварданд. Дар ин ҷо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз сехи истеҳсоли ришта, ки ба тозагӣ бо 70 ҷойи нави корӣ ташкил гардид, шинос шуданд.

Тамоми ашёи хоми барои истеҳсоли қолин зарурӣ ба корхонаи “Қолинҳои Қайроққум”  то ин замон аз хориҷи кишвар, аз ҷумла Туркия, Эрон ва Бангладеш ворид мегардид. Баробари фаъол шудани сехи мазкур истеҳсоли 60 фоизи ашёи хом дар худи ин корхона ба роҳ монда мешавад, ки ин яке аз дастовардҳои арзанда дар ин соҳа аст.
Дар сех асосан риштаҳои полипропилении пати қолин истеҳсол мешаванд. Таҷҳизоти сех аз Белгия, Олмон ва Фаронса харид шудаанд. Айни замон, иқтидори истеҳсолии сех дар як шабонарӯз 8,5 тонна, дар як моҳ 250 тонна ва дар як сол 2 миллиону 700 тонна риштаро ташкил медиҳад.
Коргоҳи истеҳсолӣ бо маблағи 35 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ҷалби сармояи хориҷӣ сохта шудааст. Бо фаъол гардидани сех 70 сокини шаҳри Гулистон бо маоши 1500 сомонӣ барои худ ҷойи кори доимӣ пайдо намуд.
Хати нави технологӣ дар корхонаи «Қолинҳои Қайроққум» аз қисматҳои истеҳсоли  ришта, бофандагӣ ва пардоздиҳӣ иборат мебошад. Бо таъсиси хати нави истеҳсолӣ корхона имкон дорад дар оянда корхонаҳои дигари истеҳсоли қолин дар ҷумҳуриро бо ашёи хом, аз ҷумла ришта таъмин намояд.
Маҳсулоти «Қолинҳои Қайроққум» давоми 60 сол мешавад, ки бо сифат, зебоӣ, услуб, рангубор ва нақшу нигоре, ки инъикосгари анъанаҳои халқҳои Шарқ мебошад, дар бозори дохилӣ ва ҷаҳонӣ талабгорони зиёд дорад. Бо назардошти роҳандозӣ намудани истеҳсоли ашёи хом ва таъмини кори мунтазами истеҳсолот, масъулон  пеш аз ҳама, коҳиш ёфтани арзиши аслии маҳсулотро пешбинӣ мекунанд ва бовар доранд, ки  ташкили сех ва истеҳсоли риштаҳои полипропилении пати қолин барои боз ҳам бозоргир шудани маҳсулоти корхонаи бузурги саноатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар мусоидати бештар хоҳад кард.
Дар корхонаи «Қолинҳои Қайроққум» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти истеҳсолии корхонаи мазкур, ки ба таври хеле зебо омода шуда буд, дидан карда, ба сифати маҳсулоти истеҳсолшуда баҳои баланд доданд. Ҳамчунин, Пешвои миллат аз масъулон даъват ба амал оварданд, ки иқтидори истеҳсолии корхонаро зиёд карда, ҷойҳои нави корӣ ташкил намоянд.
Лозим ба таъкид аст, ки шурӯъ аз соли 2013 дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” шаш адад дастгоҳи нави бофандагӣ дастрас шуда, ҳаҷми истеҳсолот мунтазам зиёд, сифати он беҳтар ва дар як вақт рақобатпазирии он дар бозори фурӯш таъмин гардид.

Гузоштани санги асоси осоишгоҳ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
28 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  бо гузоштани санги асос ба бунёди осоишгоҳ ва маркази хизматрасонӣ  барои 1000 нафар дар Ҷамоати деҳоти Исфисор оғози расмӣ бахшиданд. 

Ин осоишгоҳ бо тарҳи зебою замонавӣ дар минтақаи Шӯркӯл  дар мавзеи  хеле мувофиқу муносиб барои меҳмонону сайёҳон, яъне соҳили обанбори «Баҳри тоҷик»  дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз ҷониби  соҳибкори ватанӣ дар масоҳати 31 гектар замин сохта хоҳад шуд.
Зимни муаррифии лоиҳаи иншоот ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки паймонкори осоишгоҳ ва маркази хизматрасонии замонавӣ «Шаҳри зебои мо» буда, он дар давоми се сол аз ҷониби фармоишгар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кохи Малика» сохта мешавад ва дар рӯзҳои истиқбол аз 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Дар иншоот 300 нафар бо ҷойи кор ва маоиши хуб таъмин мешавад. Дар ҳудуди осоишгоҳ ду бинои бисёрошёнаи меҳмонхона барои 1000 нафар сохта мешавад.
Мувофиқи лоиҳа дар осоишгоҳ тамоми шароити зарурӣ барои меҳмонону сайёҳони дохилию хориҷӣ фароҳам оварда мешавад ва он дар асоси талаботи меъёрҳои байналмилалӣ қомат хоҳад афрохт. Дар сохтмони осоишгоҳ мутахассисону бинокорони ботаҷриба  ҷалб мегарданд.
Дар ҳудуди осоишгоҳ ва маркази хизматрасонӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади таъмини пурраи истироҳату фароғати меҳмонону мизоҷон ва сайёҳон  бунёди бинои табобатӣ, маркази ҷавонон, толор барои баргузории ҳамоишу чорабиниҳои гуногун, ошхона, чойхонаи миллӣ, се майдончаи варзишии хурд, як майдони варзишии калон бо меъёрҳои ҷаҳонӣ, ҳавзи шиноварӣ, амфитеатр, аквапарк ё худ парки обӣ, истгоҳи нақлиёт ва дигар иншооти табобативу маишӣ барои истироҳаткунандагону мизоҷон пешбинӣ шудаанд.
Дар фарҷоми мулоқот Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба сохтмончиёни осоишгоҳ ва маркази хизмат-расонии муосир барои иҷрои босифати корҳои бунёдӣ ва дар муҳлати пешбинигардида ба истифода додани иншооти зебою замонавӣ муваффақияту пешрафти ҳамаҷонибаи кор орзу намуданд.

Сардхонаи нав дар Боғи миллии “Ваҳдат”
28 июн, дар рӯзи панҷуми сафари корӣ дар вилояти Суғд, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди Боғи миллии “Ваҳдат”- и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, сардхонаи навро бо гунҷоиши 1000 тонна маҳсулот ифтитоҳ карданд.

Айни ҳол масоҳати боғ ба 700 гектар расонда шуда, дар он навъҳои гуногуни дарахтони мевадиҳанда ва сояафкан шинонда шудаанд. Ҳосили дарахтони мевадиҳанда ба бозори дохилӣ ва хориҷӣ интиқол меёбад.
Имсол аз ҳосили 700 тонна зардолуи ин боғ беш аз 20 тоннаи он дар шаҳру ноҳияҳои Федератсияи Русия ба фурӯш рафт.
Дар сардхонаи нав коргарони боғи миллӣ себ, зардолу ва олуи сиёҳро барои содирот ҷой кардаанд. Президенти мамлакат ба иқдоми боғдорон баҳри бунёди сардхона, пешгирии талафёбии маҳсулот ва таъмини меваҷот дар ҳама фаслҳои сол баҳои баланд доданд. Дастур шуд, ки бо истифода аз ин имконот дар ин ҷо, ҳамчунин, сабзавот нигоҳ дошта шавад.
Боғи мазкур 20 марти соли 2008 бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфта, бо пешниҳоди Сарвари давлат бо нияти пойдории ҷовидонии сулҳу субот ҳамчун омили муҳимтарини рушду пешрафти Ватани азизамон Боғи миллии “Ваҳдат” ном гирифт.
Соли 2008 ба нақша гирифта шуда буд, ки дар даромадгоҳи боғ бошишгоҳ ва толори намоишгоҳ, гармхона барои кишти сабзавоти барвақтӣ, ниҳолхона барои парвариш ва зиёд намудани дарахтони мевадиҳанда, сехҳо барои хушкондани мева ва коркарди меваю сабзавот, мағозаву нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва чойхонаи миллӣ, бинои маъмурӣ ва маҷлисгоҳ сохта шаванд.
Чойхонаи Боғи миллии “Ваҳдат” низ бо дастури Сарвари давлат бо риояи меъёрҳои меъмории миллӣ, чӯбкорӣ, гаҷкорӣ, ойинабандӣ ва дигар унсурҳои миллии хосси мардуми соҳибфарҳанги тоҷик сохта шуда, имрӯзҳо ба як макони бошукӯҳи баргузории чорабиниҳои идонаи фарҳангӣ мубаддал гардидааст.
Аксар вақт зимни сафарҳои корӣ ба вилояти Суғд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин боғ дидан карда, барои нигоҳубини дарахтон, рушди соҳаи боғдорӣ, парвариши зироатҳои гуногун дар байни қаторҳои боғ, истифодаи самараноки иншооти хизматрасонӣ маслиҳатҳои созанда медиҳанд.
Имрӯз низ дар давоми боздид аз Боғи миллии “Ваҳдат” Президенти мамлакат бо шароити хизматрасонӣ дар чойхонаи миллӣ шинос шуда, ба роҳбарияти вилоят барои дар сатҳи баланд гузарондани чорабиниҳои фарҳангӣ ва меҳмоннавозии хос дастуру ҳидоятҳо доданд. 
Ёдовар мешавем, ки 25 марти соли 2017 тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки Сарвари давлат, намояндагони зиёиёни кишвар ва фаъолону сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ҳудуди Боғи миллии “Ваҳдат” бо шукӯҳи хос ва хотирмон таҷлил гардид.
Сокинони 18 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд дар растаҳои боғ намоишгоҳ ташкил карда, дастовардҳои меҳнатии худро ба маъраз гузоштанд. Дар барномаи фарҳангӣ - оммавии наврӯзӣ анъанаву русуми аҷдодии бошандагони гӯшаву канори Тоҷикистони азиз ва суннатҳои марбут ба қавму миллатҳои ҷашнгирандаи ҳавзаи Наврӯз таҷассуми худро пайдо кард, ки басо дилписанд ва хотирмон буд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.06.2018    №: 128    Мутолиа карданд: 175

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед