logo

ҳуқуқ

ТЕРРОРИЗМ ВА ИФРОТГАРОӢ. ЗУҲУРОТИ НАНГИНЕ, КИ МУБОРИЗАИ МУШТАРАКРО ТАҚОЗО ДОРАД

Тафаккури ифротӣ, гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ ҳамчун як хатари бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, амният ва мавҷудияти аксар кишварҳои мусулмоннишинро зери таҳдиди ҷиддӣ қарор додаанд. Таҳдиди ин зуҳуроти харобиовар акнун аз сатҳи миллӣ ва минтақавӣ фаротар рафта, хусусияти глобалӣ, яъне умумиҷаҳонӣ гирифтааст.
Омилҳои қувватдиҳандаи ин зуҳуроти номатлуби замон ва манбаъҳои асосии сармоягузорӣ ба он, бешак, қудратҳои сиёсии ҷаҳон маҳсуб меёбанд. Абарқудратҳои дунё  барои ба даст овардани манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ  аз ҳар роҳу восита истифода кардан мехоҳанд. Барои ба иҷро расондани ҳадафу барномаҳои геосиёсӣ дар минтақаҳои манфиатбахш аз усули ихтилофу тафриқаандозӣ кор мегиранд.
Агар ба ҷангу бенизомиҳои солиёни охир дар аксари давлатҳои мусулмоннишини минтақаи Осиё, мисли Ироқ, Сурия, Яман, Либия, Афғонистон назар андозем, ихтилофу муқовимат асосан байни бошандагони худи ҳамин сарзаминҳост, ки бо дахолати неруҳои беруна  ба тарафҳои муқобил ҷудо карда шудаанд ва бидуни дарк намудани моҳияти талаботу андешаи ҳамдигар даст ба қатлу куштор ва харобкорӣ мезананд. Ташкилкунандагони ин саҳнаҳои хунин бисёр хуб медонанд, ки бо истифода аз эътиқоди динии мусулмонон созмон додани ҳар гуна гурӯҳҳои террористиву ифротгаро ва барангехтани оташи ҷангу мубориза миёни тамоми давлатҳои мусулмонӣ  корест саҳлу осон.
Аз ин рӯ, неруҳои қудратманди сайёра бо ба рӯи кор овардани даҳҳо гурӯҳу созмонҳои динии террористӣ, чун «Ҳизби исломии Туркистон», «Ҳизб-ут-таҳрир», ҷамоатҳои «Ансоруллоҳ», «Таблиғ», «Салафия», созмонҳои «Ҷиҳоди исломӣ», «Ҷундуллоҳ», «Толибон», «Ал-қоида»,  «Давлати исломӣ», «Ҳизби наҳзати ислом» ниҳоли ихтилофу мубориза ва ҷангу хунрезиро дар замини мусулмонон шинондаву чунон парвариш дода истодаанд, ки  афзоиши он босуръат идома дорад. Имрӯз он ниҳолак, ки дар гузаштаи наздик реша бар хоки Осиё давонда буд, дарахти азими заҳрогинеро мемонад, ки аз хуни одамӣ об мехӯрад, бо маҳв кардани зиндагии инсонҳо умри бардавом мебинад ва аз харобкориҳои нодиданӣ ғизо гирифтаву инкишоф меёбад. Ин дарахт терроризм ном дорад ва самари он ҷангу хунрезӣ, нафрату бадбинӣ миёни мусулмонон, қатли инсонҳо, ба вайронаву харобазор табдил гаштани  мулкҳои обод, гурезаву беватан шудани садҳо ҳазор пиру ҷавон, гуруснагии кӯдакон, ба зиндони ҷаҳолат ва гумроҳӣ гирифтор шудани ҷавонони неруманд ва амсоли ин мебошад.
Воқеан, маризии терроризм ва шакли дигари зуҳури он - ифротгароӣ вақте инсонҳоро ба худ гирифтор мекунад, онҳо аз таърих, фарҳанг, забон, дину оин, миллату давлат ва ҳатто модари худ рӯй мегардонанд. Террорист, дар ҳақиқат, дину оин, мазҳаб, забон ва миллат надорад.
Мутаассифона, тухми терроризм бо дасти кишварҳои ба ном «дӯст» - и мо – тоҷикон дар хоки поки Тоҷикистон ҳам охири садаи ХХ пошида шуд.  Терроризми динӣ дар Тоҷикистон бо кӯшишҳои давлати беруна дар шакли як ҳизби сиёсӣ – ҲНИ созмон ёфт, ки тамоми маблағгузорӣ ва барномарезии кори онро ҳам яке аз кишварҳо бар дӯш дошт. Вале, афсӯс, ки сафи ин созмонро фарзандони носипос ва ҷаҳолатзадаи тоҷик бо сарварии Муҳиддин Кабирӣ пур карданд ва бештар аз 15 сол барои амалӣ сохтани нақшаҳои палиди хоҷагонашон, гумроҳ сохтани халқ, тағйир додани сохти конститутсионии давлат, барангехтани кинаю адовати диниву нажодӣ, пайвастани ҷавонони содалавҳ ба сафи созмонҳои бузургтари террористӣ ва дигар амалҳои нафратовар машғул буданд. Ниҳояти кор, тирамоҳи соли 2015 дар натиҷаи омодагии чандинсола, тарбияи тарафдорони зиёд (ба воситаи пардохтани музди моҳонаи муайян тӯли чанд соли охир) ва маблағгузории хоҷагонашон аъзои ташкилоти террористӣ – экстремистии наҳзати ислом даст ба ошӯби мусаллаҳона заданд ва бо мақсади ғасби ҳокимият ҷони даҳҳо нафар ҳамватани худро қурбон сохтанд.
Баъд аз ин ошӯб дар Тоҷикистон фаъолият ва ҳастии чунин як ташкилоти террористӣ  пурра манъ гардида, аъзои фаъол ва ғуломони ҳалқабаргӯши хоҷагони аҷнабии ин ташкилот мувофиқ ба амалҳояшон маҳкум шуданд. Аммо, Кабириву чанд пайрави ӯ ҳамоно бо сарпарас-тии давлати беруна дар хориҷ аз Тоҷикистон ба сангандозӣ ба ҷониби Ватан – Модар идома дода истодаанд.
Шири поки модар, нону намаки халқ ва хоки муқаддаси Ватан тарафдорони ин ташкилоти террористиро, ки бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ манфиатҳои худу хоҷагонашонро аз осоиштагӣ, обрӯву эътибор, арзишҳои миллии халқу давлати худ боло гузошта, то ҳол аз фарҷоми ин ҳама дасисаҳои сиёсӣ огоҳ шудан намехоҳанд,  ба хоинӣ ва ватанфурӯшӣ ҳукм кард.
Алиҷон СОЛИЕВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02.07.2018    №: 129    Мутолиа карданд: 314

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед