logo

иҷтимоиёт

ИСТИҚЛОЛ. 1300 РӮЗИ ОБОДОНӢ БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ БУЗУРГИ МИЛЛӢ

Шаҳри саноатии Истиқлол хеле ободу сарсабз гардидааст. Роҳҳои мошингарди дохилишаҳрӣ мувофиқ ба талаботи рӯз мумфарш шудаанд. Гулҳои рангоранги шукуфону буттаҳои сарсабз, пайраҳаҳои тозаи кошинкоришуда ба ҳусни шаҳр ҳусн мефизоянд. Сокинони шаҳр маҳали зист, атрофи биноҳои истиқоматӣ ва корхонаю муассисаҳоро ба тартиб меоваранд. Кӯчаю хиёбонҳоро шиорҳои даъватии “Шаҳрамонро дӯст медорем”, “Ободкорӣ мароми мост”, “Ваҳдат – гарави тавоноӣ”, “1300 рӯзи ободкорӣ ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон” зеб мебахшанд.
Истиқлол тайи солҳои охир дар пайи иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ободу зеботар мешавад. Мавриди истифода қарор гирифтани бузургтарин корхонаи металлургӣ бо иқтидори истеҳсолии 50 ҳазор тонна сурб, таъсиси зиёда аз 500 ҷойи нави корӣ ва сохтмони шаш корхонаи дигари саноатӣ аз  фардои дурахшони шаҳр башорат медиҳанд. Корхонаҳои нави сохташаванда шароит фароҳам меоранд, ки ҳамзамон, дар минтақаи саноатии шаҳр (он дар масоҳати зиёда аз 70 гектар доман паҳн кардааст) даҳҳо нуқтаҳои нави хизматрасонии маишию савдо арзи ҳастӣ карда, ҷавонони шаҳри Истиқлол бо ҷойҳои нави корӣ таъмин шаванд. Бино ба иттилои раиси шаҳр Худойназар Амонзода, Истиқлол солҳои наздик ба яке аз шаҳрҳои рушдёфтаи саноатӣ ва ободу зебои кишвар табдил меёбад.
Айни замон мавзеи истироҳатӣ дар маҳаллаи якуми шаҳр ба маблағи 110 ҳазор сомонӣ, боғи ба номи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба маблағи 300 ҳазор сомонӣ, беморхонаи марказӣ ба маблағи 140 ҳазор сомонӣ ва Қасри фарҳанг ба маблағи 146 ҳазор сомонӣ таъмиру тармим мешаванд. Дар шаҳр ва гирду атрофи он беш аз 4700 бех ниҳоли дарахтони ороишию сояафкан ва беш аз 70000 бех гулҳои гуногун шинондаанд.
Ҷиҳати истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо ибтикори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва соҳибкорони ҳимматбаланд раванди корҳои ободонию созандагӣ, аз ҷумла бунёди корхонаҳои хурди ширу қаннодӣ, дӯзандагӣ, марказҳои хизматрасонӣ, боғчаи бачагонаи хусусӣ, боғчаи бачагона бо фарогирии 360 кӯдак, мактаби нав, майдончаҳои варзишӣ, таъмири биноҳои истиқоматӣ ва  мумфаршсозии роҳҳо вусъати тоза пайдо кардааст.
Ҷовиди АШТӢ,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 02,07,2018    №: 129    Мутолиа карданд: 229

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед