logo

иҷтимоиёт

Анҷумани кӯдакон оид ба масоили об

Тоҷикистон кишварест, ки бо кӯшишҳои зиёд тавонист таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонро ба ҳалли масъалаҳои умумибашарии вобаста ба об ҷалб намояд. Маҳз бо пешниҳоди бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид  «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» роҳандозӣ гардид, ки ин иқдом идомаи мантиқии Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, солҳои 2005 - 2015» мебошад. 
Ин нуктаро Лучиано Калестини, намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон зимни Анҷумани кӯдакон оид ба масоили об, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028» баргузор гардид, баён дошт. 
Ин ҳамоиш бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) гузаронда шуд.  Ҳадафи аслии он мусоидат ба таъмини дастрасии ҳар як кӯдак дар тамоми  ҷаҳон ба оби тоза ва беҳдошт мебошад.
Таъкид гардид, ки тағйирёбии иқлим хатари обшавии пиряхҳо, хушк ва ифлосшавии сарчашмаҳои обро ба вуҷуд овардааст. То соли 2040 наздик ба 600 миллион кӯдак дар минтақаҳои камоби ҷаҳон аз норасоии оби нӯшокӣ мушкилӣ хоҳад кашид. Тибқи маълумоти оморӣ, дар рӯйи олам ҳар рӯз ба ҳисоби миёна беш аз 700 кӯдак аз бемориҳое мефавтад, ки ба оби ифлосу вазъи ногувори тозагию беҳдоштӣ марбутанд. 844 миллион нафар дар тамоми ҷаҳон (ҳар 9 – умин сокини сайёра) ҳанӯз ҳам ба оби тозаю безарари нӯшокӣ дастрасӣ надорад.
Дар марҳилаи омодагӣ ба анҷуман беҳтарин тасвирҳои кашидаи кӯдакону наврасон доир ба об аз 68 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҷамъоварӣ карда шуд, ки аз онҳо Парчами обии кӯдакон таҳия гардида, ҳамчун рамзи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об  барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028», мавриди истифода қарор гирифт. 
Анҷуман барои шунидани садои кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон оид ба масъалаҳои таъмини об ва беҳдошт фазои мусоид фароҳам овард. Он аз се бахш: «Садои кӯдакон: мизи гирд бо иштироки писарону духтарон», «Беҳтарин сармоягузорӣ дар ҷаҳон: баррасии масоили рушди бармаҳали кӯдакон (РБК), об, тозагӣ ва беҳдошт (WASH)» ва «Наврасон дар ҷустуҷӯи роҳҳои инноватсионӣ» иборат буд.
Яке аз бахшҳои асосии анҷуман намоиши 14 лоиҳаи беҳтарини озмуни ҷумҳуриявии «Наврасон дар ҷустуҷӯи роҳҳои инноватсионӣ» буд, ки натиҷагирӣ шуд. Дастаи «Муъҷиза» - и литсейи №2 - и шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашти вилояти Суғд дар натиҷаи овоздиҳии пӯшидаи наврасон сазовори мақоми аввал дониста шуда, дастаҳои «Истиқлол» - и  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и ноҳияи Рӯдакӣ ва «Kind Thinkers» («Мутафаккирони хайрхоҳ» ) - и шаҳри  Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соҳиби ҷойҳои дуюму сеюм гардиданд.
Ғолибони озмуни ҷумҳуриявии иншо дар мавзӯи «Аҳамияти дастрасӣ ба об, тозагӣ ва беҳдошт барои таҳсилоти босифат» роҷеъ ба ин масоили мубрам табодули назар карданд. Аз ҷумла, Олимхон Аҳроров, хонандаи синфи 9, чунин иброз дошт: «Имрӯз муаммое ҳаст, ки дар атрофи он андеша бояд кард: ҳифзи об ва расидан ба қадри ин неъмати интиҳоёбанда. Ман ҷумаки кушодамондаи оби кӯча, ба ҷуйборҳо партов партофтани мардум, дар ҳавзҳои ифлос оббозӣ кардани кӯдаконро пеши назар меорам. Хулоса мебарорам, ки об метавонад сабабгори ҳам солимӣ ва ҳам беморӣ шавад».
Дар навбати худ Зебунисо Мирзокаримова, хонандаи синфи 11, гуфт: «Имрӯзҳо олимони дунё бонги изтироб мезананд, ки аз сабаби гармшавии иқлим пиряхҳои ҳазорсола босуръат об мешаванд. Агар ин аҳвол давом ёбад, мардуми сайёра бо хатари беобӣ рӯ ба рӯ мегарданд». 
Ш. ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 28.06.2018    №: 126-127    Мутолиа карданд: 158

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед