Хабарҳо
То соли 2020 дар Ҷопон мошинҳои паррон месозанд
Yomiuri. То анҷоми соли равон ҳукумати кишвар шӯрои мушовара оид ба масоили амният ва технология созмон медиҳад, то ки то соли 2020 заминаи истифодаи амалии автомобилҳои паррони бесарнишин фароҳам оварда шавад.
Чунин автомобил дар баландии 150 метр бо суръати 100-200 км/соат парвоз хоҳад кард. Зимни ин мошин тавассути барқ ба ҳаракат дароварда мешавад.
Ҳадафи асосии истифодаи мошинҳои паррон ҳалли мушкили тамбашавии нақлиёт, ҳамчунин, ҳангоми сар задани офатҳои табиӣ мебошад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 211