logo

туризм

САЙЁҲИИ КӮҲСОР. АГАРЧИ САМТИ НАВ АСТ...

Тоҷикистон бо қуллаҳои сарбаафлок барои рушду равнақи сайёҳии кӯҳсор иқтидори бузург дорад. Ва беҳуда нест, ки мутахассисони соҳа ва ҷаҳонгардон кишвари моро чун “Каъбаи кӯҳнавардони олам” ном мебаранд.
Бояд гуфт, ки сайёҳии кӯҳсор дар Тоҷикистон ҳанӯз аз замони шӯравӣ маъмул буд ва давраи инкишофаш ба солҳои 70 - уми асри гузашта рост меояд. Он ба навъҳои кӯҳнавардӣ (алпинизм), шӯхпаймоӣ (скалолаз), саргузаштӣ,  пиёдагардиву рафтинг ҷудо мешавад. Кӯҳнавардӣ ва шӯхпаймоӣ аз намудҳои экстремалии туризм буда, ба ақидаи мутахассисон Тоҷикистон метавонад ба яке аз марказҳои асосии кӯҳнавардии байналмилалӣ табдил ёбад.  Аз ин лиҳоз, чунонки коршиносон иброз медоранд,  дар ҳудуди парваришгоҳи Камароби ноҳияи Рашт ва қаторкӯҳҳои Олой метавон хатсайрҳои халқагиро ташкил намуд.
Дар баробари ин, яке аз намудҳои маъмули сайёҳии кӯҳсор экотуризм ба ҳисоб меравад. Маълум аст, ки аз масоҳати умумии кишвар 22 дарсади онро минтақаи сайёҳии экологӣ ташкил медиҳад.
Мудири кафедраи туризми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Шоҳимардон Содиқов ба ин масъала дахл намуда,  иброз менамояд, ки  дар ҳоли ҳозир сайёҳон ба экотуризми кӯҳӣ бештар мароқ зоҳир менамоянд. Минтақаҳои кӯҳии мамлакат бо рангорангии олами набототу ҳайвонот ва манзараҳои нотакрорашон барои ташкил намудани сайёҳии экологии кӯҳӣ имкониятҳои зиёд доранд.
Ба ин хотир, тавре коршиносон зикр месозанд, барои ривоҷу равнақи сайёҳии кӯҳсор андешидани тадбирҳои мушаххас зарур мебошад. Аз ҷумла, масъалаи нарасидани кадр беҳбудиро тақозо дорад, зеро норасоии мутахассисон аз мушкилоти умдаест, ки на танҳо садди рушди сайёҳии кӯҳсор, балки соҳаи туризм гаштааст. Роҳбаладони ин навъи сайёҳӣ аксаран миёнасолон мебошанду ҷавонон ба он камтар таваҷҷуҳ доранд. Барои ин ки шавқи онҳоро аз хурдӣ нисбати соҳа бедор созем, лозим аст фаъолияти маҳфилҳои сайёҳии марказҳои таҳсилоти иловагиро дуруст ба роҳ монда, дар минтақаҳо мактаби роҳбаладонро таъсис диҳем. Зеро таҷрибаи мамлакатҳои пешрафта нишон медиҳад, ки аз аъзои чунин маҳфилу мактабҳо кадрҳои хуби соҳа мебароянд.
Ғайр аз ин, ба фаъолияти базаҳои туристӣ низ бояд аҳамияти ҷиддӣ дод. Чунки онҳо муассисаҳое мебошанд, ки барои туристон хизматрасониҳои сайёҳӣ-экскурсионӣ, фарҳангӣ - маишӣ ва варзишӣ - тандурустиро мерасонанд. Мутаассифона, айни замон ба ғайр аз Маҷмааи кӯҳию лижаронии “Сафед - дара” хизматрасонии дигар базаҳои сайёҳӣ ба талабот пурра ҷавобгӯ нестанд. Таҷдиду навсозӣ ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардондани онҳо тақозои бозори сайёҳист. Тарафи дигари масъала ин аст, ки баъзе минтақаҳо  ҳатто пойгоҳ надоранд. Ба ин метавон минтақаи Кӯлобро мисол овард. Дар сурате ки ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Муъминобод ва Балҷувон мавзеъҳои беҳтарин барои ташкили саёҳати кӯҳнавардӣ дониста мешаванд.
Бо вуҷуди ин, бояд қайд кард, ки ҳоло сайёҳӣ дар Тоҷикистон соҳаи нисбатан нав асту дар ҳоли рушд қарор дорад ва бо итминон метавон гуфт, ки бо бунёди инфрасохтори зарурӣ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, Тоҷикистон дар ояндаи наздик ба яке аз кишварҳои аз ҷиҳати туристӣ тараққикардаи минтақа табдил хоҳад ёфт.
Меҳрангез ҚОДИРОВА, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.07.2018    №: 130    Мутолиа карданд: 209

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед