logo

иқтисод

ТАҶРИБА. КИШТИ ЗИРОАТ ДАР БАЛАНДИИ 3750 МЕТР

Дар деҳаи Булункӯли ноҳияи Мурғоб бори нахуст кишти зироатҳои кишоварзӣ дар шароити баландкӯҳ ба роҳ монда мешавад. Олимони Академияи илмҳои ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо сокинони водӣ ва кормандони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар ин минтақаи дурдасти кишвар картошка ва зироатҳои хӯроки чорво кишт намуданд.
Деҳаи Булункӯл дар баландии 3750 метр аз сатҳи баҳр дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Аличури ноҳияи Мурғоб ҷой гирифта, минтақаи аз ҳама хунуктарини на танҳо ҷумҳурӣ, балки Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷо сардии ҳаво зимистон то 63 дараҷа мерасад, вале дар фасли тобистон 15 дараҷаи гармӣ муътадил маҳсуб меёбад. Водии Булункӯл чун дигар минтақаҳои ноҳия даштҳои васеъ дорад, вале аз сабаби дурии роҳ, норасоии қувваи корӣ ва техникаи кишоварзӣ ин даштҳо бекор хобидаанд.
Айни ҳол дар Булункӯл 62 хоҷагӣ зиндагӣ мекунад. Аксари мардум ба чорводорӣ машғуланд. То ба ҳол дар ин минтақа кишти ягон намуди зироат таҷриба нашуда буд. Вале олимони соҳаи кишоварзӣ боварӣ доранд, ки дар ин ҷо аз кишти картошкаву баъзе намудҳои дигари зироат ҳосили муайян ба даст овардан имконпазир аст.
Алҳол, тавре Қурбоналӣ Партоев, ходими калони илмии Институти ботаника, физиология ва генетикаи рустаниҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, зикр кард, дар водии Булункӯл барои аз худ намудани бештар аз 500 гектар замини бекорхобида имконият фароҳам омадааст. Чанде пеш гурӯҳи калони олимони набототшинос ба водии Булункӯл омада, дар ҳамдастӣ бо сокинони маҳал ва коркунони мақомоти дахлдори вилояту ноҳия дар ним гектар картошка ва дар 15 гектар зироатҳои хӯроки чорво, ҷаву боқило ва юнучқа кишт намуданд.
Ин иқдом барои аз худ намудани садҳо гектар замини мавзеъҳои баландкӯҳи кишвар роҳи васеъ мекушояд ва дар шароити ҷумҳурӣ, бахусус Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, хеле муҳим мебошад.
Раҳмони ГУЛЗОР,
 “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.07.2018    №: 130    Мутолиа карданд: 451
05.12.2020


 СААД ВОХӮРИИ НАМОЯНДАГОНИ ИДМ, СҲШ, САҲА, НАТО ВА ИТТИҲОДИ АВРУПОРО ПЕШНИҲОД НАМУД

 ДАР ДУНЁ МОҲЕ 30 МИЛЛИОН ВОЯИ «СПУТНИК V» МЕБАРОРАНД

ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДИИ ЧИН ВА РОССИЯ БА ЗАРБАИ ПАНДЕМИЯ ТОБ ОВАРД

БАЛАНДТАРИН МАНОРАИ "АБУ-ДАБИ ПЛАЗА" - РО "ҚАЗОҚИСТОН" МЕНОМАНД

 ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

30.11.2020


ВАО: БАЙДЕН БОРИ НАХУСТ ДАР ТАЪРИХИ ИНТИХОБОТИ ИМА 80 МИЛЛИОН ОВОЗ ГИРИФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. МУТАХАССИСОН БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ ОМОДА МЕГАРДАНД

26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед