logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Дар нимаи асри рафта дар кишвар ҳазорон гектар замини нав аз худ шуд ва, хусусан, истеҳсоли пахта афзуд. Дар самти азхуднамоии заминҳои нав,  албатта, фаъолияти олимони Институти хокшиносӣ бояд ривоҷ дода мешуд. Барои намуна метавон саҳми олим, доктори илми кишоварзӣ Мирзо Султоновро зикр намуд.  Тадқиқотҳои ӯ, пеш аз ҳама, омӯхтани хокҳои навазхудшуда ва мелиоратсияшудаи водиҳои Лоҳур, Ёвону Обикиик, Вахш, Бешкент, Ҳисор, Данғара, ноҳияҳои Шаҳритузу Фархор ва минтақаҳои Дилварзин, Қизилӣ, Ашти Калон, Тошработро дар бар гирифтааст.

Ӯ солҳои зиёд зери роҳбарии Иля Маркович Липкинд, яке аз асосгузорони тадқиқотҳои агрокимиёии хокҳо дар Тоҷикистон, дар гузарондани як силсила таҷрибаҳои навшавӣ ва махсуси саҳроӣ оид ба истифодаи изотопҳои радиоактивии фосфор, калсий ва сулфур иштирок намудааст. Мақсади ин тадқиқотҳо аз муайян намудани мақоми элементҳои номбурда дар қабатҳои зершудгор ва поёнии хок барои ғизои наботот, хусусиятҳои таъмини ин элементҳо аз хок ва нурӣ иборат буд. Ин тадқиқотҳо яке аз дастовардҳои назарраси олимони кишвар дар роҳи истифодаи манбаъҳои нурафкании радиоактивӣ дар кишоварзӣ ва дар заминаи он баровардани хулосаҳои мақбул буда, оид ба мақоми муҳими моддаҳои ғизоии қабатҳои поёнии хок дар ғизогирии рустаниҳо гардид.
Фаъолияти илмии минбаъдаи олим ба омӯхтан ва пешниҳоди тавсияҳо оид ба мушкилоти баланд бардоштан ва афзун гардондани ҳосилхезии хокҳои иқтидори табииашон паст ба хокҳои ҳосилхезиашон хуб дар натиҷаи гузарондани чораҳои агрокимиёӣ ва мелиоративӣ нигаронда шуда буд.
Олими забардасти соҳа диққати худро бештар ба ҳалли мушкилоти ҳосилхез намудани заминҳои шӯрахок, дуборашӯрзаминҳо, хокҳои гаҷнок ва беҳ намудани ҳолати мелиоративии онҳо низ, ки майдони беш аз 120 ҳазор га заминҳои ҷумҳуриро фаро гирифтааст, равона кардааст.
Натиҷаи таҳқиқотҳои дар тӯли беш аз 35 сол бадастовардааш дар рисолаи доктории ӯ дар мавзӯи «Хосиятҳои агрокимиёӣ ва роҳҳои баланд бардоштани ҳосилхезии хокҳои мелиоратсия ва рекултиватсияшудаи навобёригаштаи Тоҷикистон» ҷамъбаст гаштаанд.
Муҳаққиқ бо тадқиқотҳояш исбот намуд, ки хоки заминҳои обии Тоҷикистон имконияти нигоҳ доштани ҳосилхезии самарабахши худро, ки дар гузашта хуб кимиёӣ шуда буданд, соҳибанд ва беш аз 70 дарсади майдонҳои обёришуда қобилияти муътадили аз зироатҳо гирифтани ҳосил ҳангоми ба андозаи минималӣ истифодаи нурӣ доро мебошанд.
М. Султонов муаллифи беш аз 160 асари илмӣ, аз ҷумла асарҳои илмии «Ҳосилхезии хокҳои мелиоратсиягардидаи навобёришудаи Тоҷикистон», «Рекултиватсияи хокҳои Тоҷикистон» ва 32 тавсия, дастурҳои методӣ, меъёрҳои технологӣ мебошад.
Хизматҳои ӯ бо унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон қадр карда  шудааст.
Сангинбой САНГИНОВ,
корманди Институти хокшиносӣ, доктори илми кишоварзӣ,                                     
Сайригул ШАРИПОВА,
узви вобастаи  Академияи илмҳои кишоварзӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.07.2018    №: 130    Мутолиа карданд: 98

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед