logo

порлумон

МН МО ҶТ. ФАЪОЛИЯТИ ИҶЛОСИЯИ ЧОРУМ ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

Дар марҳилаи сипаришудаи фаъолияти Маҷлиси намояндагон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ,  ки  22 декабри соли 2017 пешниҳод гардид, рӯйдоди муҳими таърихӣ буд. Президенти муҳтарами Тоҷикистон зимни ироаи Паёми хеш вазъи пешгӯинашавандаи ҷаҳони муосир, паёмадҳои буҳрони иқтисодию сиёсӣ, роҳҳои мушаххаси рушди устувори ҷомеаи кишвар, расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат, фарогирии наврасону ҷавонон ба таълиму тарбия, бунёду азнавсозии корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави кор, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва  масъалаҳои дигари муҳими ҷомеаи Тоҷикистон ва ҷаҳонро бо андешаҳои илман асоснок ва таҳлилҳои амиқ  равшан намуданд.
Ин нукта зимни гузориши Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ба вакилони мардумӣ ироа гардид. Раиси Маҷлиси намояндагон таъкид ба он дошт, ки Пешвои миллат соли   2018 - ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд, ки худ як тадбири саривақтӣ дар роҳи рушди устувори иқтисодии кишвар мебошад. Муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, таблиғи густурдаи минтақаҳои нотакрори кишвар ва рӯнамоии маконҳои таърихӣ шароитро барои ворид шудани сайёҳони хориҷӣ ба кишвар фароҳам намуда, заминаҳои ворид гаштани сармоягузории мустақимро ба вуҷуд меорад.
Шукурҷон Зуҳуров аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ёдовар шуда, гуфт, ки қонуни мазкур воқеан ҳам, ҷиҳати дастрасӣ ба зиндагии шоиста хизмат намуда, заминаҳои ҳуқуқии решакан намудани афкору анъанаҳои хурофотиро фароҳам овард.
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро яке аз дастовардҳои бузурги қонунгузории кишвар на танҳо дар марҳилаи сипаришуда, балки, умуман, дар замони фаъолияти Парламенти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ном бурдан мумкин аст. Он қонуни сирф миллӣ буда, аз дили мардум, аз рӯзгори мардум, аз мушкилоту муаммоҳои ҳамешагии сокинони кишвар сарчашма гирифтааст. Ин қонун амалан мардуми кишварро аз харҷҳои миёншикан ва исрофкориҳои беҳуда  озод намуд, - таъкид дошт Шукурҷон Зуҳуров.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 03.07.2018    №: 130    Мутолиа карданд: 4017

18.10.2019


Дар Арабистони Саудӣ садамаи автомобилӣ боиси ҳалокати 35 зоир гашт

Нигаронии муовини Дабири кулли СММ аз афзудани хавфи сарзании ҷанги ядроӣ

Артиши Сурия бори аввал дар панҷ сол вориди Раққа шуд

Таллин барои дучархасавор шудани сокинон 195 миллион евро харҷ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Қонунгузорӣ. Ҷазо барои шиканҷа пурзӯр мегардад

Суғд. 557 ҳодисаи фавқулода дар нуҳ моҳ

Хуҷанд мизбони Чемпионати Осиё оид ба самбо - 2022

15.10.2019


Иштироки низомиёни тоҷик дар машқҳои СААД дар вилояти Нижегород

Иттиҳоди Аврупо аз Туркия баровардани сипоҳашро аз Сурия талаб намуд

Ҷоизаи Нобел оид ба иқтисодро барои талоши мубориза бо қашшоқӣ супурданд

Назарбоев ва иштиёқи расмкашӣ

Ҷаҳон дар як сатр

14.10.2019


Роҳи Помир ба панҷгонаи зеботарин роҳҳои дунё шомил гардид

Дар Ҷопон аз тӯфони «Хагибис» 33 нафар ҳалок гашт

Трамп маблағеро ном бурд, ки Вашингтон дар ҷангҳои Шарқи Наздик масраф кардааст

Астронавти амрикоӣ рекорди ба кайҳон баромадани кайҳоннавардони русро пас мегузорад

Ҷаҳон дар як сатр

11.10.2019


Боздиди қариб 8 миллион нафар аз ғурфаи Тоҷикистон дар намоишгоҳи Чин

СААД дар Бишкек вокуниши муштарак ба ҳолатҳои фавқулодаро баррасӣ намуд

Ҷаҳон дар як сатр

10.10.2019


Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Вохӯрии вазирони корҳои дохилии Тоҷикистону Россия

Душанбе ва Димишқ бозгашти тоҷикистониёнро аз Сурия баррасӣ намуданд

Меркел ва Ҷонсон оид ба Brexit ба мувофиқа омада натавонистанд

Барнаул лидерҳои ҷавони кишварҳои Осиёро гирд овард

Ҷаҳон дар як сатр

08.10.2019


ТОҶИКОБОД. 40 НАФАР БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТ

Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо роҳбарони ҳайатҳои давлатҳои аъзои САҲА

Ҳамоиш ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ дар Тошканд

Бизнес - форуми сайёҳии Тоҷикистону Қирғизистон

СММ амнияти кӯдакони Афғонистонро боиси нигаронӣ хонд

Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои ислоҳотгар ворид намуд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед