logo

иҷтимоиёт

МЕТК. ДАСТИ САХОВАТ ДАРОЗ МЕШАВАД

Ба наздикӣ дар селроҳаи даромадгоҳи деҳаи дурдасттарини ноҳияи Деваштич – Метк пули нав мавриди истифода қарор мегирад. Дар паҳлуи он мактабу чанд  хонаҳои истиқоматӣ мавҷуданд ва ҳар вақт ҳангоми боришот  ба онҳо хатар таҳдид мекунад.
Ташаббускори  бунёди пули нав, ки 9 метр дарозию 6 метр бар дорад, сокини деҳаи Метк, бонуи 78 - сола Маҳтоб Фозилова мебошад. Ин бонуи хайрхоҳ ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бобати анҷом додани корҳои хайру савоб ва обод кардани диёр сармашқи кори хеш қарор дода, 50 ҳазор сомонӣ пасандози барои зиёрати хонаи Худо ҷамъкардаашро ба ин амали хайр ҳадия кард.
Алҳол,  80 дарсади корҳои сохтмонӣ анҷом ёфтаанд. Муассисаи назорати давлатии нигаҳдории роҳҳои автомобилии рақами 27 - и ноҳия ду платформаро ройгон дастрас кард. Ҳамчунин,  барои осон намудани мушкили пулсозон як техникаи боркаш ва як грейдер бо як маром кор мекунад. Ду сол қабл ҳамин гуна ташаббусро Нурбибӣ Дӯстмуродова нишон дода, ду пул бунёд карда буд.
Сокини  дигари  деҳаи мазкур Мирзо Шарифов   бо харҷи  40 ҳазор сомонӣ  гирду атрофи  оромгохи зодгоҳи худро ба масоҳати 700 метр бо девор иҳота карда, зиёрати Ҳаҷро дар ҳамин кори савоб дар-ёфт.
Сокини деҳаи Даҳкат Моҳбибӣ Иброҳимова ҳам пули бо ёрмандии  писараш барои зиёрати Ҳаҷ ҷамъ намудаашро барои корҳои хайру савоб сарф кард. Аз ҷумла, ба сохтмони манзили истиқоматии оилаи ниёзманд Инобат Бобоҷонова ёрӣ расонд, ба се кас аробачаи маъюбӣ харид, 15 каси муҳтоҷро бо маводи рӯзгор таъмин намуд.
Чи тавре ки Пешвои миллат таъкид намуданд, бунёди роҳ, пул, манзил ҳама савоби ҷория аст. Зеро мардум аз онҳо даҳсолаҳо истифода мебаранд ва савобу аҷраш ба эшон пайваста мерасад.
Эгамназар СОҲИБНАЗАРОВ,
ноҳияи Деваштич


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.07.2018    №: 131    Мутолиа карданд: 115

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед