logo

фарҳанг

МИСГАРӢ. РУШДИ ПЕШАИ АҶДОДӢ ТАВАҶҶУҲ МЕХОҲАД!

Дар гузашта миёни тоҷикон мисгарӣ маъруфияту шуҳрати беандоза дошт. Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, ниёгонамон аз замонҳои қадим аз  мис кулоҳу камарбанд, аслиҳаи ҷангӣ, кӯзаву лаълӣ, дег, сандуқ ва зарфҳои дигар омода менамуданд. Истеҳсоли маснуоти мисӣ, махсусан, дар давраи сулолаи Сомониён равнақу ривоҷ ёфта буд.

Боиси таассуф аст, ки имрӯз ин ҳунар ба ҷуз дар шаҳри Истаравшан дар минтақаҳои дигари кишвар дида намешавад. Дилшод Раҳимӣ, муовини директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, дар суҳбат перомуни ин мавзӯъ иброз дошт, ки мисгарӣ дар кишвар қариб аз байн рафтааст ва сабабаш дар набудани ашёи хом аст. Аз ин рӯ, имрӯзҳо ҷои маснуоти мисиро  зарфҳои биринҷӣ гирифтаанд. Мавсуф афзуд, ки айни замон ба ин касб танҳо сокини шаҳри Истаравшан Мирзо Мансуров шуғл меварзаду халос.
Дар суҳбати телефонӣ бо усто Мирзо Мансуров ба мо маълум гардид, ки мисгарӣ барои оилаи онҳо пешаи аҷдодист. Чуноне ӯ иброз медорад, ин пеша басе заҳматталаб аст ва барои омӯхтани он пайваста саъю кӯшиш мебояд. Аз ин лиҳоз, ҳоло кам кас ба он мароқ зоҳир менамояд. Вале сарфи назар аз ин, мавсуф тайи солҳои тӯлонӣ шогирдони зиёдеро тайёр намудааст ва мекӯшад ин ҳунари аҷдодиро зинда нигоҳ дорад. Ҳарчанд, мавҷуд набудани ашёи хом воқеан ҳам садди роҳи фаъолияти онҳо гардидааст. Барои раҳоӣ ёфтан аз ин мушкилӣ, ӯ ҳамроҳи шогирдонаш маснуоти фарсудашудаи мисиро ҷамъоварӣ намуда, пас аз коркард, аз онҳо танҳо карнай месозанду халос. Зеро дар ҳоли ҳозир ба ин асбоби мусиқӣ талабот зиёд аст.      
Воқеан, боиси тазаккур аст, ки дар яке аз сафарҳои хеш ба шаҳри Истаравшан, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо карнайҳои сохтаи Мирзо Мансуров шиносоӣ пайдо намуда, ба маҳорат ва истеъдоди ӯ баҳои баланд доданд. Ҳамин буд, ки бо супориши Пешвои миллат чанде аз  онҳоро дар Осорхонаи миллӣ маҳфуз медоранд.
Умед аст, ки бо эълон гаштани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ пешаи мисгарӣ аз нав эҳё гардида, солҳои минбаъда рушду такомул меёбад, зеро ин на танҳо василаи афзоиши ҷойҳои корӣ, балки  муаррифии фарҳанги куҳанбунёди миллатамон ба ҷаҳониён мебошад, ки ин дар баробари худ ба пешрафти соҳаи сайёҳӣ мусоидат хоҳад кард.   
Қурбон АҲМАДЗОД, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.07.2018    №: 131    Мутолиа карданд: 107

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед