logo

иқтисод

КОРКАРДИ МЕВАЮ САБЗАВОТ. ИМКОНИЯТ ЗИЁД, ФОИДА - КАМ

Дар мағозаи «Ашан» - и пойтахт ва дигар фурӯшгоҳҳо дидани маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, аз ҷумла шарбату нӯшобаҳо бо тамғаи «Made in Tajikistan», худ далели муваффақият дар самти гуногунистеҳсолӣ ва рақобатпазирии маҳсулот мебошад. Корхонаҳои саноати хӯрокворӣ соле ба ҳисоби миёна то 25 – 30 миллион қуттии шартӣ консерваи меваю сабзавот истеҳсол мекунанд, ҳарчанд имконияти коркарди беш аз 200 ҳазор тонна меваю сабзавотро доранд.      
Саноатчиёни мамлакат яке аз сабабҳои аз рӯйи имкон истеҳсол  нашудани консерваи меваю сабзавотро ба ҳаҷми зарурӣ равона нагардидани маҳсулоти кишоварзӣ ба корхонаҳои саноатӣ вобаста медонанд.   
 Махсум Саидов, муовини директори Корхонаи воҳиди давлатии «Хӯрокворӣ», иброз дошт, ки соли гузашта корхонаҳои саноатӣ 22,6 миллион қуттии шартӣ консерваи меваю сабзавот истеҳсол карданд. Албатта, ин нишондиҳанда нисбат ба имкониятҳо ва шароитҳои табиӣ ниҳоят кам аст. Дар ҷумҳурӣ ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ – меваю сабзавот, полизию ғалладона сол ба сол афзоиш ёфта истодааст. Дар мавсими имсола ҳосили мева, аз ҷумла олу бамаротиб зиёд гардид. Масалан, танҳо дар давоми панҷ моҳи соли равон аз ҷониби кишоварзони вилояти Хатлон беш аз 7 ҳазор тонна меваҷот ва наздики 190 ҳазор тонна сабзавот истеҳсол шудааст.  Таъмини корхонаҳои коркард бо ашёи хоми ватанӣ тавассути бастани шартномаи хариди маҳсулот бо хоҷагиҳои деҳқонӣ сурат мегирад. Аммо  дар бисёр маврид аз ҷониби корхонаҳо ба хоҷагиҳо пешниҳод шудани маҳсулот бо нархи нисбатан арзон боиси кам гардидани ҳавасмандии деҳқонон шудааст.  Хоҷагиҳои деҳқонӣ нахуст маҳсули дастранҷи худро ба бозор бароварда, боқимондаи онро ба корхонаҳо мефурӯшанд, ки дар ин ҳол баъзан сифати маҳсулот ба талаботи коркард ҷавобгӯ буда наметавонад. Ин ҷо фаъолияти корхонаҳои саноатиро аз як ҷиҳат, яъне бо назардошти зиёд гардидани хароҷоти истеҳсолии онҳо фаҳмидан мумкин аст. Дар сурати зиёд шудани харҷи истеҳсолии корхонаҳо рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ бо маҳсулоти воридотии нисбатан арзон мушкил мегардад. Дар ҷумҳурӣ, тибқи омори расмӣ, 50 корхонаи истеҳсоли консерваи меваю сабзавот, 24 корхонаи истеҳсоли меваи хушк ва 6 корхонаи истеҳсоли шароби ангурӣ мавҷуд аст. Корхонаҳо бо хатҳои технологии муосири истеҳсоли Русия, Туркия, Олмон ва Италия муҷаҳҳаз гардида, маҳсулоти хушсифату ба рақобат тобовар дар бастаҳои замонавии «Твист – офф» ва «Тетра – пак» истеҳсол мекунанд ва бозори дохилиро пурра бо консерваҳои меваю сабзавот таъмин карда метавонанд. «Насими кӯҳсор» - и ноҳияи Вахши вилояти Хатлон, аз қабили чунин коргоҳҳои хурдест, ки эҳтиёҷоти аҳолии ноҳияро бо маҳсулоти консервагӣ қонеъ карда истодааст. Корхона ҳанӯз бо хати технологӣ муҷаҳҳаз нест. Вале коргарони корхона меваҷотро дастӣ коркард намуда, маҳсулоти ниҳоӣ истеҳсол мекунанд. Ба гуфтаи Ҷӯрахон Сафаров, директори корхона, дар ноҳия барои зиёд кардани ҳаҷми коркард ва истеҳсоли маҳсулот шароити табиӣ фароҳам аст. Маҳсулоти консервагӣ аз помидору бодиринг ва пиёзи анзур харидори зиёд дорад, аммо таваҷҷуҳ ба консерва аз мева, хусусан мураббо ва ҷем, ки онро бештари кадбонуҳо дар хона низ тайёр мекунанд, камтар аст. Аз ин лиҳоз, кишоварзон маҳсулоташонро дар шакли ашёи хом ба дигарон бо арзиши кам фурӯхта, боз маҳсулоти коркардшударо бо нархи гарон мехаранд, ки ин ба самаранокии истеҳсолот бетаъсир нест. Харидори воқеӣ пайдо кардани корхонаҳои маҳаллии коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ алъон масъалаи асосӣ ба ҳисоб меравад. Вақте корхонаҳо баъд аз истеҳсоли маҳсулот моли худро сари вақт фурӯхта ва фоида гирифта наметавонанд, аллакай фаъолияти минбаъдаи онҳо душвор мегардад ва ҳавасмандӣ ба истеҳсолот кам мешавад.
Рушди истеҳсолоти маҳсулоти воридотивазкунанда ҳамоно яке аз самтҳои асосии сиёсати иқтисодии давлату Ҳукумат қарор гирифтааст. Бинобар ин, дар ин самт васеъ ба роҳ мондани фурӯши маҳсулот дар асоси маркетинг, ташкили коркарди самараноки ашёи хоми дохилӣ ва таъмини сифати баланди маҳсулоти ватанӣ масъалаҳои ҳалталабе мебошанд, ки аз масъулони вазоратҳои кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, андешидани тадбирҳои амалиро тақозо менамояд.
О. ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.07.2018    №: 131    Мутолиа карданд: 115

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед