logo

иқтисод

НОРАСОИИ НУРӢ. ОБИ ДАРИ ХОНА ЛОЙ АСТ?

Имсол кишоварзони мамлакат бо дастгирии давлату Ҳукумати кишвар ҷиҳати таъмини пурраи аҳолӣ бо картошкаи ватанӣ майдони кишти ин рустаниро қариб ба 30800 гектар расонданд, ки нисбат ба соли гузашта 10100 гектар зиёд аст. Афзоиши майдони картошказор ба арзиши нуриҳои минералӣ ва таъминоти кишоварзон бо он бетаъсир намонд. Имрӯзҳо дар бозорҳои ҷумҳурӣ нархи нуриҳо, аз ҷумла  селитр,  карбамид, аммофос нисбат ба соли гузашта гарон ба назар мерасад. Ҳамчунин, мавсими пошидани доруҳои минералӣ фаро расидаву он дар фурӯшгоҳҳо камчин аст.

Нурии минералӣ баробари обу замин ва тухмӣ барои ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ нақши муҳим мебозад. Барои картошкапарварон нурии минералӣ давоми мавсими парвариши рустанӣ аҳамияти бештар касб мекунад. Ин модда ҳангоми ба ҳосил даромадани пояи картошка хоки атрофи онро аз ғизо пур менамояд ва дар натиҷа ҳосилнокии баланди зироат таъмин мегардад. Соле, ки деҳқон ба киштзор нурии минералӣ напошад, ҳосили дилхоҳ ба даст овардан ғайриимкон аст.
Бахтиёр Халилов, муовини сардори раёсати кишоварзии ноҳияи Рӯдакӣ, гуфт, ки деҳқонони минтақа бештар нуриҳои азотии воридотиро истифода менамоянд. Аз сабаби гаронии нуриҳо онҳо дар майдони кишти зироатҳо ба ҷойи маводи фосфордор карбамид мепошанд, ки он самари кам медиҳад. Барои рафъи мушкили камчинии нуриҳо агар мо конҳои фосфории кишварро мавриди истифода қарор диҳем, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар мамлакат боз ҳам афзун хоҳад шуд. Пошидани маводи фосфордор ҳосилнокии зироатро баланд карда, суръати сабзиши онро метезонад.
Ҷамила Саидова, муовини вазири кишоварзии ҷумҳурӣ, изҳор намуд, ки ҳосилнокии бисёри заминҳои кишоварзӣ ба истифодаи нуриҳои минералӣ вобаста аст.
- Аксари заминҳои корами мамлакат дар натиҷаи солҳои зиёд истифода гардидан моддаҳои минералиро аз даст додаанд ва ба нуриҳои минералӣ эҳтиёҷ доранд. Деҳқон қариб нисфи ҳосилро аз ҳисоби пошидани онҳо ба даст меорад. Аммо, имрӯзҳо нуриҳое, ки кишоварзони кишвар истифода мебаранд, аз кишварҳои хориҷӣ ворид мегарданд. Бо сабаби пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда нархи он то расидан ба дасти кишоварзон хеле гарон мегардад. Ин ҳолат  мӯҷиби зиёд шудани хароҷоти парвариши зироатҳо, яъне баланд шудани арзиши аслии маҳсулоти кишоварзӣ мешавад ва ба гарон шудани нархи он дар бозор оварда мерасонад, - гуфт ӯ.
Мувофиқи дурнамо, давоми ду соли оянда дар кишвар ҳаҷми истеҳсоли картошка 300 ҳазор, сабзавот 500 ҳазор ва пахта 100 ҳазор тонна афзоиш  хоҳад ёфт, ки ин раванд боиси боз ҳам зиёд шудани  эҳтиёҷоти кишоварзон ба нуриҳои минералӣ мегардад. 
Вазъи баамаломадаро ба инобат гирифта, Ҳукумати кишвар барои таъмини ҳоҷагиҳои кишоварзӣ бо нуриҳои азотӣ дар қатори бунёди корхонаҳои нави соҳаи маъдан, саноати сабук ва истеҳсоли масолеҳи сохтмон, тавассути ҷалби сармояи мустақим вобаста ба бунёди коргоҳҳои истеҳсоли нуриҳо тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст. Бунёди  корхонаи  «Азот» - и шаҳри Левакант имрӯзҳо идома дошта, ҳангоми пурра ба кор даромадани он деҳқонони кишвар ба андозаи зарурӣ бо маҳсулоти ватанӣ таъмин мегарданд.
Вале дар ҷумҳурӣ барои тавлиди нуриҳои минералӣ имкониятҳои табиӣ фаровон буда,  соҳибкорони ватанӣ метавонанд, дар ин самт даҳҳо коргоҳи дигар бунёд намоянд.
Баҳодур Мирзоев, ходими калони илмии бахши илм ва инноватсияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе, изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон шароити табиии истеҳсоли нуриҳои минералӣ зиёд мебошад ва коркарди он баҳри ҳосил намудани маводи дорувории замин харҷи зиёд надорад.
- Дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Шаҳринав, чанд номгӯйи ашёи хоми фосфордор - хучигиёҳ, гули фотима, яхдон ва ғайра бисёр аст. Бо харҷи кам онҳоро коркард намуда, маводи зиёди дорувории заминро ҳосил намудан мумкин мебошад. Фақат ҳавасмандии соҳибкорони маҳаллиро ба ин кор бедор намудан зарур аст. Дар ин самт олимону мутахассисони тоҷик, аз ҷумла банда, чанд сол боз таҳқиқот бурда, 4 патенти илмӣ  низ ба даст овардем. Ҷиҳати  баҳрагирӣ аз хулосаҳои илмии хеш лоиҳаи махсус оид ба технологияи коркарди нуриҳои фосфордорро омода ва пешниҳоди вазорату идораҳои дахлдор намудем. Маводи фосфордор барои баланд бардоштани ҳосил дар ҷои аввал меистад ва ҳам аз лиҳози экологӣ безарар аст. Мутаассифона, то ҳол бо иллати маблағгузорӣ нагардидани лоиҳа натиҷаи кори илмии мо ва имкониятҳои васеи табиии ҷумҳурӣ барои тавлиди нуриҳои минералӣ истифода нашудаанд. Кишоварзон бошанд, вобастаи нуриҳои пастсифати воридотианд. Таркиби маводи нуридиҳандаи воридотӣ, ки кишоварзони мамлакат истифода менамоянд, ҳамагӣ 8 дарсад фосфор дорад. Аммо аз рӯи таҷрибаи илмӣ – амалӣ дар Тоҷикистон истеҳсоли маводи нуридиҳанда бо  20 - 28 дарсад фосфор мумкин аст. Ҳамчунин, бо роҳи коркарди  якҷояи поруи мурғ ва фосфор дар  ҳар як шаҳру ноҳия тавлиди нуриҳои минералии аълосифат имкон дорад, - гуфт ӯ.
Сифати нуриҳои минералӣ яке аз масъалаҳои муҳим ҳангоми истифодаи он дар майдони зироатҳои кишоварзӣ ба ҳисоб меравад. Аз сабаби надонистани таркиби нуриҳои минералии воридотӣ аксаран деҳқонони кишвар ба хатоиҳо роҳ медиҳанд ва маводи пастсифату камтаъсирро ба кор мебаранд.
Ба гуфтаи Баҳодур Мирзоев, пошидани маводи пастсифати минералӣ дар киштзорҳо сабаби вайрон гардидани таркиби хок мегардад. Ин кор зери назорати ҷиддӣ бояд қарор дода шавад. Дар акси ҳол на танҳо ҳосилнокии заминҳои кишт паст мешавад, балки ин майдонҳо барои парвариши зироатҳо зараровар мегарданд.
Ҳоло тавассути ғамхориҳои давлату Ҳукумати кишвар барои фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ имтиёзҳои зиёд муқаррар гардидаанд. Бо бардошт аз андешаҳои ҳамсуҳбатони мо хулоса кардан мумкин аст, ки танҳо дар ҳолати истифодаи фаровони нуриҳои баландсифат истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ  ба маротиб афзуда, аз ин ҳисоб ҳаҷми содироти он ба хориҷ зиёд мегардад. Пас чаро масъулон аз тадбирҳои муассиртар кор намегиранд?!
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.07.2018    №: 131    Мутолиа карданд: 456
07.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 443 БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ШИНОСОИИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО ҶАРАЁНИ КОР ДАР ИНШООТИ ҶАШНӢ

КМИР. НАҚШАИ ТАҚВИМИИ ЧОРАБИНИҲОИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОНРО ТАСДИҚ КАРД

ЛИГАИ БОНУВОН. «ХАТЛОН» ҒОЛИБИ МАРҲИЛАИ АВВАЛ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

06.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 399 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

СУҒД. МАҲСУЛОТИ АРЗОН ЗИНДАГИРО БАРАКАТ МЕБАХШАД

АГЕНТӢ. ШУМОРАИ ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ АЗ ҲИСОБИ ЗАНОН КОҲИШ ЁФТААСТ. ЧАРО?

СЕРИЯ ПРО. МУБОРИЗАИ "СОРО - КОМПАНИЯ" ВА "СИПАР" ШИДДАТ МЕГИРАД

05.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 356 ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

АЗ «АМОНАТБОНК» СИПОСГУЗОРЕМ

ЛИГАИ ОЛӢ. МАРҲИЛАИ ДУЮМ 8 АВГУСТ ОҒОЗ МЕЁБАД

04.08.2020


ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 317 БЕМОРИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ОМОДАГИҲО ҶИҲАТИ БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ВА ФОНДИ МАНЗИЛ ИДОМА ДОРАНД

АГЕНТИИ СОДИРОТ. СОДИРОТИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ АФЗУД

83 КОРХОНАИ НАВИ САНОАТӢ МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

ВКД. САТҲИ ҶИНОЯТ КОҲИШ ЁФТ

SARS – CoV – 2. ТАДҚИҚОТИ ОЛИМОН ХАТАРИ НАВИ ОНРО ОШКОР СОХТ

ФАЙЗРЕЗ Ё СЕСАД ХАРБУЗА АЗ ЯК КАФ ЗАМИН

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ҶУФТҲОИ ДАВРИ 1/4 - ФИНАЛӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

03.08.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС 83,7 ДАРСАДИ СИРОЯТЁФТАГОН СИҲАТ ШУДАНД

АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИРО БА ТАҲСИЛ ҶАЛБ КАРДАНИСТ

ҲИСОР. БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ИДОМА ДОРАД

ГУМРУК. СОДИРОТИ МОЛУ МАҲСУЛОТИ ВАТАНӢ 19,1 ДАРСАД АФЗУД

КУМИТАИ АНДОЗ. ПАНДЕМИЯ БА ИҶРОИ НАҚША БЕТАЪСИР НАМОНД

ТОҶИКИСТОН. 6 ҲАЗОРУ 103 БЕМОРИ COVID - 19 СИҲАТ ШУД

СУҒД. РӮНАМОИИ КИТОБНОМАИ ҲАШТҶИЛДАИ “ПЕШВОИ МИЛЛАТ - ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

САРҲАД. ДАР НОҲИЯИ МИР САЙИД АЛИИ ҲАМАДОНӢ 127 ҶИНОЯТ БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

ИҶРОИ НАҚШАИ АНДОЗИ ИҶТИМОӢ 101 ДАРСАД ТАЪМИН ГАШТ

БАЛҶУВОН. ҲАҶМИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ КОҲИШ ЁФТ

МАҲАЛ. ҶАЛБИ НИЁЗМАНДОН ВА ТИҶОРАТИ КИШОВАРЗӢ

ВМКБ. БОЗДИДИ РАМАЗОН РАҲИМЗОДА АЗ РАФТИ БУНЁДИ ИНШООТИ ҶАШНӢ

МОЛИЯ. МАБЛАҒГУЗОРИИ СОҲАҲОИ ИҶТИМОӢ АФЗУД

ФУТБОЛ. ТИМИ МИЛЛӢ МОҲИ СЕНТЯБР ДУ БОЗИИ САНҶИШӢ МЕГУЗАРОНАД

ЧИН ВАКСИНАИ АЛАЙҲИ КОРОНАВИРУСРО ДАР БРАЗИЛИЯ ВА АМА МЕОЗМОЯД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед