logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Зери роҳбарии Иброҳимҷон Обидов бештар аз 70 нафар  рисолаи номзадиву докторӣ дифоъ намудаанд. Воқеан, ӯ фардест, ки мактаби маорифшиносии мамлакатамонро илман собит намуда, онро таҳкиму густариш дод. Тайи ин солҳо ба қалами ӯ зиёда аз 550 мақолаҳои илмӣ, илмиву методии педагогӣ тааллуқ доранд, ки ба табъ расидаанд.  Аз ҷумла, 12 монографияаш чоп шудааст. Бештар аз 20 китобу мақолаҳои олим ба забонҳои хориҷӣ тарҷумаву нашр гардидаанд.
И. Обидов ба 17 рисолаи докторӣ ва 76 рисолаи номзадӣ муқарриз буда, ҳусну қубҳи онҳоро баён доштааст. Ҳамчунин, ба 28 автореферати докторӣ ва 110 автореферати номзадӣ аз ҷониби ӯ тақриз дода шудааст.
Аз октябри соли 1979 то октябри соли 1990 муовини раиси Шӯрои махсус оид ба ҳимояи рисолаи номзади илмҳои педагогӣ, аз октябри соли 1990 то октябри соли 1995 раиси шӯрои номбурда, аз октябри соли 1995 то ҳол раиси Шӯрои диссертатсионӣ барои гирифтани унвони илмии докторӣ  дар назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ мебошад. Дар давоми фаъолияти ин шӯрои илмӣ 86 нафар олимони ҷавон унвони илмии номзадӣ ва 9 нафар унвони илмии докториро гирифтанд, ки дар тайёр кардани онҳо хизмати академик И. Обидов хеле калон аст.
Барои ин ҳама меҳнату заҳмати пайвастаи илмиву амалӣ ӯро бо орденҳову нишонҳо ва ифтихорномаҳо, инчунин, бо унвони Ходими шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардондаанд.
Тадқиқотҳои илмии аҳамияти муҳим ва пешравидоштаро ӯ дастгирӣ ва роҳнамоӣ мекунад. Бо маслиҳатҳои судбахшаш дар иҷрои масъалаҳои мубраму мураккаб саҳми чашмрас мегирад. Саъю кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад, то шогирдон, хосса насли наврас бо дарки мушкилот ва муаммоҳои давр дар ҳалли саривақтии онҳо ҳиссагузор бошанд. Ҳамчунин, барои пешрафти илми муосир ва тадқиқоту таҳқиқоти арзишманд тамоми тадбирҳои дурусту заруриро биандешанд.
Қурбон ВОСЕЪ, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.07.2018    №: 131    Мутолиа карданд: 117

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед