logo

иқтисод

ОБ. БУЗУРГТАРИН НЕЪМАТРО ТОЗА НИГОҲ ДОРЕМ

Об яке аз неъматҳои муҳимтарини ҳаётӣ барои ҳар як фард буда, ҷаҳону зиндагиро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Ҳарчанд Тоҷикистон кишвари дарёҳои тезҷараёну шӯхоб ва сарзамини чашмаю кӯлҳост, аммо қариб нисфи сокинони сайёра аз норасоии оби тоза мушкилоти зиёде доранд. Ин аст, ки бо ташаббуси башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018 - 2028» аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид.
Ҳар як организми зинда дар ҳаёт аз лаҳзаи ба вуҷуд омаданаш то лаҳзаи охири ҳаёт ба об эҳтиёҷ дорад. Инсоне, ки зебогиву нафосати табиат ва обу ҳавои онро истифода мебарад, вазифадор аст, то табиатро эҳтиёт намояд, зеро тозагии ҳар як гӯшаву канор, ба инсоният вобастагӣ дорад. Тозагии табиат мояи тансиҳатии ҷомеа аст. Аз ин лиҳоз, мо бояд барои тоза нигоҳ доштан ва сарфакорона истифода бурдани об бетараф набошем.
Яке аз масъалаҳое, ки имрӯз бисёр кишварҳои ҷаҳонро ба ташвиш овардааст ин таъминоти аҳолӣ бо оби тозаю ошомиданӣ мебошад. Бисёр мамлакатҳо аз оби ошомиданӣ азият мекашанд ва обро бо нархи гарон мехаранд. Хушбахтона, захираи об дар ҷумҳурии мо беохир аст. Захираи оби Тоҷикистонро пиряхҳо, кӯлҳо, дарёҳо ва обҳои зеризаминӣ ташкил медиҳанд. Дар кишварамон 8492 пирях ба қайд гирифта шудааст, ки масоҳати онҳо дар маҷмӯъ баробари 6 дарсади ҳудуди ҷумҳурӣ мебошад. Пиряхҳо захираи бузурги об буда, барои нигоҳдории ҳаҷми оби дарёҳо ва обанборҳо аҳамияти ниҳоят калон доранд. Тоҷикистон, бинобар хусусиятҳои ҷуғрофӣ ва иқлимии худ, дар Осиёи Миёна маркази азими яхбандӣ ба шумор меравад.
Дар Тоҷикистон даҳҳо ҳазор чашмаҳои шифобахшу дорои обҳои маъданӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки таркиби химиявӣ, ҳарорати гуногун ва аҳамияти хоссаи табобатӣ доранд. Бинобар ин, истифодаи оқилона, тоза нигоҳ доштани оби ҷӯю дарёҳо ва ҳифзи манбаъҳои он яке аз вазифаҳои муҳими ҳар як сокини мамлакат ба ҳисоб меравад. Моро зарур аст, ки ҳар қатраи обу хоки ватанамонро поку беолоиш нигоҳ бидорем ва нагузорем, ки обҳои тозаи кишварамон аз партовҳою ифлосиҳо нопок гарданд.
Арафа САЛИМОВА,
сармутахассиси шуъбаи
табиати Осорхонаи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.07.2018    №: 131    Мутолиа карданд: 397
30.11.2020


ВАО: БАЙДЕН БОРИ НАХУСТ ДАР ТАЪРИХИ ИНТИХОБОТИ ИМА 80 МИЛЛИОН ОВОЗ ГИРИФТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН. МУТАХАССИСОН БО НАЗАРДОШТИ ТАЛАБОТИ БОЗОРИ МЕҲНАТ ОМОДА МЕГАРДАНД

26.11.2020


ВОХӮРИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО СЕРГЕЙ СОБЯНИН

НОҲИЯИ ТЕМУРМАЛИК. ТАРБИЯИ ИҶТИМОӢ ТАРБИЯИ МИЛЛАТ АСТ

СУҒД. ИТТИФОҚИ КОРГОҲҲОИ САНОАТИ САБУК ТАЪСИС ЁФТ

ДИЕГО МАРАДОНА . НОБИҒАИ ФУТБОЛ БА ДУНЁИ УЛВӢ ПАЙВАСТ

ДАР АФҒОНИСТОН АЗ ДУ ТАРКИШИ САХТ 17 НАФАР ҲАЛОК ГАШТ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.11.2020


«ШАХСИЯТИ БУЗУРГИ ТАЪРИХСОЗ»

СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ. ҲАМОИШИ ИДОНА БА ИФТИХОРИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ РАМЗИ БАХТУ САОДАТ

КФО. "ИСТИҚЛОЛ" 13 ЗИНА БОЛО РАФТ

ДАР ТОҶИКИСТОН ТЕЪДОДИ ШИФОЁБӢ АЗ COVID НАЗАР БА ГИРИФТОРӢ БЕШТАР ШУД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.11.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯРО ТАҲКИМ МЕБАХШАНД

ПУТИН АЗ МАНСУБИЯТИ КӮҲИСТОНИ ҚАРИЯБОҒ СУХАН КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ЭРЛИНГ ҲОЛАНД "GOLDEN BOY" ШУД

ПАХТА. ИҶРОИ 97 ДАРСАДИ ДУРНАМО

НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА БАРЗИЁД ИҶРО ШУД

БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ – 2021. 27 МИЛЛИАРДУ 645,8 МИЛЛИОН СОМОНӢ ПЕШБИНӢ ГАРДИД

КӮЛОБ. ХӮРОК БАРОИ ДАРМОН АСТ, НА ЗИЁН

СУҒД. ДОРУҲОИ ПАСТСИФАТРО НОБУД КАРДАНД

АФШУРАИ АНОР АНГЕЗАИ COVID - РО ТО 80 ДАРСАД МАҲВ МЕКУНАД

«ТОҶИКИСТОН – 2020». ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САЙЁҲӢ

19.11.2020


ВАҲДАТ. ШАҲР ШУКУФТАН ДОРАД

16 – НОЯБР. ИН РӮЗРО ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БОТАНТАНА ҶАШН ГИРИФТАНД

НУРОБОД. 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТРО САЗОВОР ИСТИҚБОЛ МЕГИРЕМ

18.11.2020


НОҲИЯИ СПИТАМЕН. НАҚШАИ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА 100,1 ДАРСАД ИҶРО ГАРДИД

ҶАЙҲУН. САРВАЗИР БА ДАСТРАНҶИ КИШОВАРЗОН БАҲОИ БАЛАНД ДОД

КӮЛОБ. БУНЁДИ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШ

ТАШРИФИ САРМОЯГУЗОРОНИ КОРЕЯ БА МОИ «КӮЛОБ»

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ҶОИЗАИ НАВБАТИИ СИНАМОГАРОНИ ТОҶИК


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед