logo

сиёсат

ВАҲДАТ ВА ПОЙДОРИИ МИЛЛАТ

Ваҳдати миллӣ барои тоҷикон падидаи нодиру пурарзиши таърихӣ ва самараи ҷаҳду талошҳои фарзандони баору номуси миллат маҳсуб ёфта, он ҳамасола дар фазои орому осуда ва иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ дар саросари кишвар бо тантана ҷашн гирифта мешавад.

Аҳамияти бузурги ваҳдати миллии тоҷикон маҳз дар он ифода меёбад, ки аввалин бор бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ модели нави ҳалли моҷароҳо пешниҳод гардид. Имрӯз созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, бавижа Созмони Милали Муттаҳид таҷрибаи сулҳи тоҷиконро мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода, онро барои мамолики нобасомон ҳамчун дастурамал тавсия медиҳад.
Соли равон сокинони мамлакат 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро дар фазои софу беғубор, ободию сарсабзии Ватан таҷлил намуданд. Саҳеҳ аст, ки мегӯянд ваҳдат ин сарчашмаи тамоми дастовардҳо ва пешравиҳост ва асоси худшиносии миллӣ, ҳувият ва асолати миллиро тавассути ин неъмати бебаҳо метавон муваффақ гашт.
Ба шарофати сулҳу субот ва иродаи матини мардуми шарифи Тоҷикистон, сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон рушди муназзами иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии кишвар таъмин гардид. Тавре Сарвари давлат зикр намуданд: «Дар он рӯзҳои сахту сангин яқин буд, ки идомаи ҷанги шаҳрвандӣ метавонад боиси пароканда шудани миллати тоҷик ва барҳам хӯрдани давлати ҷавони тоҷикон гардад».
Шоёни зикр аст, ки пирӯзиҳои назарраси Тоҷикистон бо номи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботи қавӣ дорад. Таърих бори дигар исбот кард, ки наҷоти ҳар як давлату миллат дар лаҳзаҳои ҳассос аз зуҳури шахсияти бузург вобастагӣ дорад. Зеро маҳз шахсиятҳои барҷаста қодиранд, ки инсонҳоро дар ҳалли масоили мураккаб раҳнамун гарданд, ба дилу дидаи мардум роҳ ёбанд. Ҳамин гуна шахсияти бузурги миллӣ, боҷасорату сарсупурда барои миллати тоҷик дар симои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зуҳур кард, ки падид омадани чунин шахсияти таърихӣ бахти миллати тоҷик аст.
Умеди комил аст, ки ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бегазанду ҷовидон боқӣ мемонад. Ҳақ ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки гуфта: «Ваҳдат дар сурате бегазанду абадӣ мемонад, ки ҳар як шаҳрванди кишвар манфиати милливу давлатиро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузорад, барои иттиҳоду ягонагии ҷомеа талош намояд, ба қадри сарзамини аҷдодии хеш расад ва онро чун модари худ азизу муқаддас шуморад».
Ҳамин  тариқ,  ба  имзо  расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дорои аҳамияти байналмилалӣ буда, барои таъмини соҳибистиқлолии кишвар, ваҳдату ягонагӣ таъсири мусбӣ расонд. Сабақи асосии сулҳи тоҷикон дар он аст, ки хатари барҳам хӯрдани Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз байн рафт ва баъди ба имзо расидани ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз раванди бунёдкорию созандагӣ дар тамоми Тоҷикистон оғоз гардид.
Сайраҳмон ДАВЛАТЗОДА,
раиси суди ноҳияи Кӯшониён


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.07.2018    №: 131    Мутолиа карданд: 108

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед