logo

иқтисод

ИШКОШИМ. АВЛАВИЯТ БА БУНЁДКОРӢ

Марказ ва деҳоти ноҳияи Ишкошим ба шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва тантанаи ваҳдати миллӣ торафт намуди зебо мегиранд. Нишонаи бунёдкориҳо қариб дар ҳар маҳал ва бештар аз ҳама дар маркази ноҳия ба чашм мерасад.  
Раиси ноҳия Зикрихудо Самадзода авҷи сохтмонҳо ва ободонӣ дар ноҳияро самараи таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ дониста, бо хушнудӣ иброз дошт, ки айни ҳол дар  ноҳия ба истиқболи Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ сохтмони 28 иншоот идома дорад ва мавриди истифода қарор гирифтани онҳо дар ояндаи наздик ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии ноҳия таъсири мусбати бештар хоҳад бахшид. Дар маркази ноҳия бинои маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сохта шуд. Мумфаршсозӣ ва чароғонкунии  роҳу кӯчаҳо идома дорад. То ҳол ду километр роҳҳои маркази ноҳия хушсифат мумфарш шуда, то ҷашни миллӣ боз таъмиру навсозии 4,5 километр роҳ дар  назар   аст. Ин  иқдом  бо дастури бевоситаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  роҳандозӣ  мегардад.
Сокинон, ки айни ҳол ҷойи баргузории чорабиниҳои оммавии варзишӣ ва фарҳангӣ надоранд, соҳиби варзишгоҳи замонавӣ мегарданд. Дар маркази ноҳия сохтмони варзишгоҳ барои 4 ҳазор нафар босуръат идома дорад. Дар шафати варзишгоҳ барои хизматчиёни давлатӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва омӯзгорону табибон 24 манзили истиқоматӣ қомат меафрозад.
Ҳамчунин, дар маркази ноҳия санги асоси бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21 гузошта шудааст. Бо бунёди мактаби нав барои 1200 хонанда шароити замонавии таҳсил дар ду баст муҳайё мегардад. Муассисаи таълимӣ нахустин бинои сеошёна дар маркази ноҳия буда, дар оянда вусъати сохтмони биноҳои баландошёна дар маркази ноҳия ва деҳот  ба  нақша  гирифта  шудааст.
Сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ дар деҳот беҳтар мешавад. Тибқи омори расмӣ, танҳо тайи  солҳои 2001 - 2017 дар ноҳия 114 иншооти таъйиноти гуногун ба маблағи беш аз  64 миллион сомонӣ сохта ва ё таъмиру навсозӣ шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Барои иншооти сохташаванда дар соли 2018 бошад, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ масрафи беш аз 123 миллион сомонӣ дар назар аст.
Кишоварзӣ бахши муҳими иқтисоди ноҳия буда, рушди соҳа дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад. Айни замон, дар 2 ҳазору 787 гектар зироат  кишт шудааст. Дастранҷи деҳқонон талаботи сокинони ноҳияро бо картошка пурра ва ғалладона  60 фоиз таъмин мекунад. Ба мақсади беҳтар намудани вазъи  таъмини сокинон бо меваи тару тозаи истеҳсоли худӣ  ҳамасола боғҳои нав бунёд меёбанд. Соли равон дар доираи иҷрои қарори раиси ВМКБ «Дар бораи эълон намудани маъракаи 120 рӯзи ободонӣ ва кабудизоркунӣ» 13 гектар боғи нав бунёд гардид. Ҳамчунин, 17 гектар ҷангалзор барқарор ва дар он 8 ҳазор бех ниҳол  шинонда шуд.
Дар мавзеи Лангари ноҳия сохтмони  дидбонгоҳи марзӣ анҷом ёфт. Дидбонгоҳи марзӣ ва инфрасохтори он дар ҳудуди се гектар доман паҳн карда, дар он барои назорати вуруди шаҳрвандон ва молу коло аз марзи давлатӣ ва мубодилаи тиҷоратӣ шароитҳои замонавӣ фароҳаманд. Бо ба эътидол омадани вазъи иҷтимоӣ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон ин гузаргоҳи марзӣ метавонад ба калонтарин нуқтаи тиҷоратии наздимарзӣ табдил ёбад. Зеро на фақат тоҷирони афғон, балки Покистон, ки долони танги Вахони Афғонистон онҳоро аз ин бозори марзӣ ҷудо мекунад, имконияти мустақиман дар ин бозор тиҷорат карданро доранд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллиро арзишмандтарин дастоварди тоҷикон ва муҳофизати онҳоро вазифаи ҷонии ҳар шаҳрванди кишвар унвон кард. Раиси ноҳия дар мулоқот бо марзбонон ва сокинон бо такя ба ин нукта изҳор дошт, ки фазои беғубори сулҳу ваҳдат ва созандагиро ҳеҷ неруе наметавонад  тира созад.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.07.2018    №: 131    Мутолиа карданд: 163

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед