logo

сиёсат

ДУШАНБЕ. ФОРУМИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД

Дирӯз пас аз баргузории ҷаласаи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Форуми рушди Тоҷикистон баргузор гардид. Дар форум, ки таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода  доир шуд, намояндагони воломақоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ ва корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон иштирок доштанд.

Форум бо мақсади баррасии дастовардҳои рушди иҷтимоию иқтисодии тайи солҳои (2017-2018) бадастомада, мушкилоти мавҷуда ва дурнамои рушд барои солҳои минбаъда дар доираи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2030, Барномаи миёнамуҳлат  ва Ҳадафҳои Рушди Устувор доир гардид.
Дар ин замина, вазорату идораҳо якҷоя бо шарикони рушд дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба тадбирҳои таъминкунандаи рушд ҷиҳати таъмини ислоҳот дар самти рушди соҳибкорию сармоягузорӣ ва саҳми бахши хусусӣ, самаранокии саноати кишвар – асоси гузариш аз модели аграрӣ - индустриалӣ ба модели индустриалӣ-аграрӣ, тақвияти неруи инсонӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғизо, истифодаи самараноки захираҳои молиявӣ, идораи хатарҳои офатҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим  пазируфта, хулоса ва пешниҳодҳои мушаххасро барои ҳамкории оянда манзур  намуданд.
Таъкид гардид, ки барои самаранок амалӣ намудани Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 се давраи миёнамуҳлат пешбинӣ шудааст, ки давраи аввали он гузариш аз модели аграрӣ - индустриалӣ ба модели индустриалӣ - аграрии иқтисодиёти кишвар мебошад. Аз ин лиҳоз, гузариш ба модели нави рушди иқтисодӣ, ки ба сармоягузориҳои рушди истеҳсолоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда асос ёфтааст, чун заминаи марҳилаи мазкур баромад мекунад. Модели мазкур ба механизмҳои самараноки институтсионалӣ, ки ба тақвияти ислоҳот дар тайёр кардани мутахассисони муосири ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат, ҷалби сармоягузориҳо ба бахши воқеии иқтисодиёт ва инфрасохтор имкон медиҳад, такя менамояд. Ҳамчунин, ин модел бояд такондиҳандаи афзоиши босуръати соҳаи саноат, кишоварзӣ ва молиявӣ гардида, ба таъсиси ҷойҳои нави кории дорои дараҷаи баланди истеҳсолӣ, баромадан ба бозори нави содиротӣ ва кам кардани вобастагии кишвар аз интиқоли маблағҳои пулӣ мусоидат мекунад.
Ба гуфтаи иштирокчиёни форум, амалӣ намудани модели мазкур бояд ба мувозинати бахшҳои асосии рушди устувор – бахшҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ такя намуда, ба вусъати имкониятҳои иқтисодию иҷтимоии мардону занон мусоидат намояд.
АМИТ «Ховар»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.07.2018    №: 131    Мутолиа карданд: 167

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед