logo

сиёсат

АЗ ИҚДОМҲОИ НЕК ТО ТАДБИРҲОИ ЗАРУРӢ

Чанде пеш Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз гӯшаҳои зебоманзари шаҳри Душанбе барои бунёди Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам хишти асосро гузошта, ба масъулини соҳа дастур доданд, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат сохтмони ин муассисаи таълимӣ дар асоси дастовардҳои миллии меъморӣ ба анҷом расонда шавад. Ин иқдоми Сарвари давлат саҳифаи тозаеро дар рушди сиёсати маорифпарваронаи мамлакат боз намуд ва боиси фараҳмандии устодону кормандони ин муассисаи таълимии таҳсилоти олии кишвар гардид.
Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам зиёда аз 10 сол аст, ки дар низоми илмию таълимӣ ва иҷтимоии мамлакат ҳамчун муассисаи давлатии таълимӣ дар низоми кунунии Вазорати маориф ва илм фаъолият дорад. Дар ин муддат раёсати донишкада барои омода кардани мутахассисон, устодони варзида ва муҳаққиқони дараҷа ва унвонҳои илмидор ҷаҳду талошҳои зиёде кардааст. Дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмию таълимии мамлакат дар самти тайёр кардани мутахассисони дараҷаи илмидор то имрӯз корҳои зиёде ба анҷом расонда шуд. Аз ҷумла, дар асоси ин ҳамкориҳо қариб 10 нафар  рисолаҳои илмӣ ҳимоя карда, чанде аз аспирантону унвонҷӯёни дигар барои иҷрои корҳои илмӣ фаъолият карда истодаанд.   
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрӯз аксарияти имом-хатибони масҷидҳои расман амалкунандаи мамлакат хатмкардаҳои ҳамин муассисаи таълимианд. Ҳамчунин, устодони донишкада чун коршиносони масоили динӣ баромад намуда, ба китобҳои фарогири масоили динӣ тақризҳо менависанд ва дар ҳалли баҳсҳои динӣ иштирок мекунанд.
Фаъолият дар асоси мазҳаби ҳанафӣ ба роҳ монда шудааст. Яъне, донишҷӯёнро дар равиши таҳаммулгароию таҳаммулпазирӣ таълим дода, мавҷудияти ҳамагуна ҳизбу ҳаракати зиддиинсониро маҳкум менамояд. Ҳамчунин, мавҷудият ва фаъолияти ҳама гуна ҳизбу ҳаракати сиёсӣ дар донишкада мамнӯъ эълон гардидааст.
Ҳамин тавр, бунёди бинои нави таълимӣ бо хобгоҳ ва фарогирии тамоми шароитҳои муосир раёсати донишкадаро вазифадор менамояд, ки дар самти рушду инкишофи низоми таълим, кушодани ихтисосҳои нави барои ҳаёти маънавию иҷтимоии кишвар муҳим ва зинаҳои магистратураю докторантура чораҳои бештаре андешад.
Раёсат, ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯён ин иқдоми накуи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз ҳадафҳо ва ғамхорию меҳрубониҳои бепоён нисбат ба афкору ақида, дину имон ва мазҳаби поку беолоиши ҳанафии мардуми тоҷик арзёбӣ намуда, бунёд ёфтани бинои нави таълимиро туҳфаи сазоворе ба Ҷашни сисолагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шумурданд.
Л. САФАРОВ,
муовини аввали ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам,
М. САЛОМОВ,
мушовири ректор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.07.2018    №: 131    Мутолиа карданд: 96

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед