logo

сиёсат

МЕЪМОРИ ВАҲДАТ

Таҷлили бошукӯҳи 21 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд баргузор гардид, бори дигар шукӯҳу ҷалоли ин ҷашни саодатофарро бозтоб намуд. Дар дидагони ҳама ашки шодӣ  ҳувайдо гашт, зеро  то ба сулҳ расидан мардуми шарафманди тоҷик хисороти зиёди моливу ҷонӣ дода буд.
Сари андеша меравам, зеро ёру бародарони қарин анқариб бо ҳам бегона гардида буданд. Кошонаҳои авлодӣ, марғзору боғот, работҳои марказиамон зери тасмаи оҳанини танку тӯпҳо қарор гирифтанд. Бори нахуст 16 январи соли 1994 Сарвари давлат ба ҳамватанони фирориамон, ки аз талвосаҳои бедодгарӣ, куштору ғорат, тангии рӯзгордорӣ, гуруснагию бадбахтиҳо тарки мулки аҷдодӣ карда буданд, муроҷиати ватанхоҳона, бародарона ва хоҳишмандона карданд, ки боз ба Тоҷикистон, ба маконҳои зисти авлодӣ баргарданд. Ба хотири сарҷамъии миллат ҷон ба гарав гузошта, тадбир меандешиданд, нақшаи ба Ватан баргардондани модарони зору низор, хоҳарони дилреш, бародарони аз худ бегонаро тарҳрезӣ менамуданд.
Таърихро мо - инсонҳо, барои худ меофарем. Аз ин рӯ,  падарона, бародарона, писарона ба ҳамватанон муроҷиат намуданд: ”Модарону хоҳарони азиз, падарони меҳрубон, биёед, дасти ҳам гирем. Мулкро обод намоем. Мо ҳама муштоқи дидори ҳамдигарем”.
Таърих дақиқ кардааст. Яку ду не, балки ба ҳам омадани тоҷикон солҳои зиёд ҷараён гирифт. Ахиран рукни арзишмандтарини даъвати баҳамойиро, бешубҳа, муроҷиатҳои бардавоми Сарвари давлат, ин фарзанди фарзона ба амал баровард. Гуфтанд, ки ин ҳама сангарнишиниҳо, ҷангу камонкашиҳо, дуди ғализи талхи тӯпҳо ба ғайр аз бедодӣ ва маҳву нобудӣ чизи дигаре ба бор нахоҳанд овард.
Тадбири дигар, ин авфи гуноҳ аст. Ҳамаро бахшиданд. Бо нияти нек, қалби беолоиш, назари тоза андешаи фардову фардоҳои дигарро роҳандозӣ намуданд. Аз пайи мулоқотҳои тӯлонӣ бо мухолифон насими сулҳ  вазид. Мо, бародарони ҳамхун дасти ҳам фишурдем. Ин таҷриба не, балки таҳаввулоти ҷиддӣ ва инқилобе буд, ки  моро бо ҳам оштӣ доронд.  
Чу аз оштӣ шодӣ ояд ба чанг,
Хирадманд ҳаргиз накӯшад ба ҷанг.
Мо бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳаёти хушу хуррам, ба паймони бародарӣ расидем. Бо дастони муъҷизаовари халқамон, бо рӯйи сурху сари боло ин мулки аҷдодиро обод, дилҳоро шод намудем. Пас, биёед, мо шукри ин неъмати бебаҳо, суботи осудагию ободиҳо намоем. Бо меҳнати садоқатмандона зери шиори баробарию бародарӣ ҳомии мулки ин сулҳи бебозгашт бошем.
Қатра - қатра оқибат дарё шудем,
Зарра-зарра кӯҳи побарҷо шудем.
Идигул ҚОСИМЗОДА,
раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 04.07.2018    №: 131    Мутолиа карданд: 136

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед