сиёсат
ДУШАНБЕ. ИФТИТОҲИ БОҒИ КӮДАКОН ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ
3 июл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар вазъияти тантанавӣ боғи кӯдаконро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бунёди боғ ва таъмири асосии бинои Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакону наврасон” - и шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 ноябри соли 2017 ва мутобиқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои ободонӣ ва кабудизоркунии боғу гулгаштҳо, инчунин, сохтмони майдончаҳои варзиш дар ҳудуди шаҳри Душанбе аз тарафи Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шуд. Дар рафти корҳои сохтмонӣ зиёда аз 600 нафар ба кор ҷалб гардид.
Боғи кӯдакон дар масоҳати наздики 3 гектар доман паҳн карда, дар он барои сайру саёҳат, истироҳат ва иштирок дар чорабиниҳои варзишию фарҳангии кӯдакон амфитеатр бо 500 ҷойи нишаст, фаввораҳо, гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ, корти теннис, ҷойи махсус барои бозии шоҳмот, қаҳвахона ва дигар иншоот сохта шудаанд.
Амфитеатри тобистона дар тарҳ шакли нимдавраро дошта, масоҳаташ 680 метри мураббаъ мебошад. Бинои қаҳвахонаи тобистона якошёна буда, дар масоҳати 350 метри мураббаъ барои 100 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст.
Дар даромадгоҳи асосии боғ дарвоза бо баландии 10 метр насб гардида, дар гирду атрофи он ҳайкалчаҳои афсонавӣ ҷойгир карда шудаанд. Ду тарафи даромадгоҳро фаввораҳои чароғон зеб медиҳанд.
Мизи шоҳмот, ки дар як гӯшаи боғ ҷой гирифтааст, дар тарҳ росткунҷашакл буда, андозааш 15,6 бар 13,2 метр мебошад.
Дар даромадгоҳи бино ду пергола ҷойгир шудааст, ки шакли арк дошта, бо равшаннамоии ҳархела хизмат мерасонад.
Дар қисми шимолу шарқии боғ таваққуфгоҳ барои 60 адад мошин пешбинӣ гаштааст. Ҳамзамон, барои назорат намудани ҳудуди боғ 30 адад камераҳои муосири мушоҳидавӣ насб шудааст.
Барои гашту гузор дар дохили боғ роҳравҳо ба масофаи 5200 метри мураббаъ аз тахтасангҳои гуногунранг тӯл кашидаанд. Дар ҳудуди боғ зиёда аз 120 адад курсии гуногуншакл насб гардида.
Равшаннамоии боғ аз зеристгоҳи барқии мавҷудбуда бо насб намудани чароғакҳои равшандиҳандаи баландиашон ҳархела бо 30 адад прожектор бо равшандиҳии рангоранг ва чароғакҳои ороишӣ барои равшаннамоии дарахтон ва биноҳо ба анҷом расонда шудааст.
Масоҳати кабудизор 15 ҳазор метри мураббаъ мебошад ва дар ҳудуди боғ 950 адад дарахти гуногуни сояафкану ороишӣ аз хориҷи кишвар оварда, шинонда шуд, аз ҷумла тӯс, сарв, шоҳбулут, заранг, зерфун, магнолия, можевелник, сирени ҳиндӣ, олуи “Вуди”, сарв, туя, сарви сливестрӣ, канзан, каталпа ва коҷ.
Дар ҳудуди боғ барои дилхушии кӯдакон тибқи лоиҳа 40 адад бозичаҳои афсонавии гуногун, ба монанди сангпушт, оҳу, бузаки ҷингилапо бо гург, санҷоб, кабк, товус, хирс, гург ва заргӯш аз филмҳои тасвирӣ ҷой гирифтаанд.
115 чархофалаки гуногуни туркиву италиявӣ насб гардид. Аз ҷумла, бозичаҳои пружинадори ҳаракаткунанда, ҳаллоҷӣ, атраксионҳо, бозичаҳои худҳаракаткунанда, хоначаи чӯбин, роҳи оҳан, пули занҷирӣ, дучархаҳо ва асбобҳои махсус барои машқ.
Боғи мазкур дар назди Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакону наврасон” - и шаҳри Душанбе воқеъ мебошад ва акнун, кӯдакони ин даргоҳ метавонанд аз ҳамаи шароитҳои муҳайёшуда баҳра бардошта, дунёи худро дар фазои орому осудаи Ватан рангин созанд.
Дар вақти азнавсозии боғ бо супориши Пешвои миллат 28 синфхона, китобхона, толори маҷлис, толори рақси Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе низ таъмири асосӣ диданд.
Боғи кӯдакон ба як олами воқеан рангини афсонавӣ мубаддал гардид, зеро қариб дар ҳама ҷойҳои ин маркази фарҳангӣ ҳайкалчаҳои қаҳрамонони афсонаҳо, ҳайвоноти гуногун гузошта шудаанд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ ба корҳои анҷомёфта ва ободонии ҳудуди боғ баҳои баланд дода, дастур доданд, ки барои солҳои зиёд ба мардум хизмат расондани боғ талош варзанд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 04.07.2018 №: 131 Мутолиа карданд: 163