Хабарҳо
Қирғизистон дар остонаи камчинии сӯзишворӣ истодааст
«24kg». Соли равон ба кишвар аз Русия 845 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ таҳвил дода мешавад, ки назар ба соли пеш 12 дарсад зиёд аст. Аммо, ин миқдор метавонад то охири сол кифоят накунад.
Ҳаҷми сӯзишвории дизелӣ метавонад дар 8 моҳ, бензину сӯзишвории авиатсионӣ дар 10 моҳ тамом шавад. Бо ашёи хом аз Русия таъминсозии корхонаҳои маҳаллии коркарди нафт то ҳол ба роҳ монда нашудааст.
Дар маҷмӯъ Қирғизистон имсол аз Русия 410 ҳазор тонна бензин, 335 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ, 100 ҳазор тонна сӯзишвории авиатсионӣ ва 450 ҳазор тонна нафти хом ворид карданист.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 199