logo

Хабарҳо

Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ва пиронсолон, таҳти унвони «Ин ҷаҳонро нигар бо чашми хирад» барномаи фарҳангӣ баргузор гардид.   
Абдусалом Мирализода, директори Китобхонаи миллӣ, иброз дошт, ки ҳифзи иҷтимоии маъюбон, аз ҷумла шахсони дорои имконияти маҳдуд, яке аз самтҳои муҳим ва асосии сиёсати  иҷтимоии роҳбарияти олии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
- Аз замони ба даст омадани истиқлолият то имрӯз, тамоми талошҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат баҳри таъмини кафолатҳои иҷтимоии мардум, хусусан маъюбон, равона гардида, дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон таҳия ва мавриди амал қарор гирифтааст.
Бо мақсади алоқаи доимӣ пайдо кардан бо нафарони имконияташон маҳдуд, аз соли 2012 дар назди Китобхонаи миллии Тоҷикистон шуъбаи хизматрасонии махсус барои маъюбон фаъолият менамояд.
Ҳоло зиёда аз 900 шахси маъ-юб тариқи ин шуъба ба китобхона аъзо шуда, аксари онҳо ҳамарӯза аз хизматрасонии кормандони шуъба баҳравар мегарданд, - илова намуд Абдусалом Мирализода.
Асадулло Зикрихудоев, роҳбари Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон, гуфт, ки иттиҳодия соли 1989 таъсис ёфта, ҳадафи аслии он ҳимояии ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони имконияташон маҳдуд мебошад. Ва боиси шукргузорист, ки  ашхоси маъюб ва пиронсол аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ пайваста дастгирӣ меёбанд.
Ҷамшед САФАРХУҶАЕВ, донишҷӯи курси 1-и Коллеҷи фарҳанги ба номи П. Бӯйдоқов


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 148

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед