logo

иҷтимоиёт

ТАРБИЯИ ФАРЗАНД: БОЯДҲОВУ НАБОЯДҲО

Дар таҷрибаи омӯзгории худ бо падару модарони гуногун рӯ ба рӯ шудаам. Падару модароне ҳастанд, ки бо вуҷуди теъдоди зиёди фарзанде, ки доранд, ҳанӯз ба нозукиҳои тарбияи саҳеҳи онҳо пай набурдаанд. Бо бояду набоядҳои зиндагии ҷамъӣ хуб ошно нестанд.
Ҳамчунин, падару модарони беш аз ҳад фаъоле вуҷуд доранд, ки бо дахолати пайваста дар раванди омӯзиш бовари фарзанд ба худ, истиқлолияти ӯро барои тасмимгирӣ ва андешидан мерабоянд. Чунин кӯдакон аксаран доно ва боадаб, вале дар айни ҳол тарсӯ ва дурӯғгӯ ба воя мерасанд. Чаро? Чунки ин ҳузури ҳамешагӣ, назорати беш аз ҳад ва танбеҳ гирифтан дар иштибоҳ боис мешавад, ки мисли робот фақат вазифаҳои худро бишносанд. Дар ин маврид эҳсосоти  онҳо ба сурати табиӣ рушд намекунад, чунки онҳо ҳатто дар баёни кӯчактарин ниёзи табиии худ саъй менамоянд, ки онро бо ҳолату дархостҳои падару модарашон мувофиқ гардонанд.
Баъзе падару модарон беш аз ҳад фориғболанд. Ба раванди рушди ахлоқӣ ва донишандӯзии фарзанд беэътиноанд ва барои мулоқот намудан бо омӯзгор чандон рағбат надоранд.
Таъкиди ин навишта бар шиносоии аҳамияти набоядҳо ва танбеҳ дар раванди тарбияи солими шахс аст. Рушди солими ҳар шахс, дар воқеъ, дар чорчӯби ошноии ӯ бо ҳар ду паҳлуи зиндагӣ: «ҳам боядҳо ва ҳам набоядҳо» муяссар аст. Мутаассифона, муҳаббати беш аз ҳад баъзан моро то он ҳад кӯр мекунад, ки ғарқи навозиши фарзанд, фақат ба айшу нӯши ӯ меандешем. Айшу нӯш дар фазои хона шояд боке надошта бошад, вале фаромӯш набояд кард, ки дар тарбияи фарзанд на танҳо дар баробари худи ӯ, балки дар баробари ҷомеа низ посухгӯ ҳастем. Падару модар дар раванди тарбияи фарзанд муваззафанд, ки оид ба омодагии ӯ барои вориди робитаҳои солим дар ҷомеа шудан низ биандешанд ва ӯро аз шеваҳои шоистаи муошират бо дигарон, арзишу суннатҳои зиндагии ҷамъӣ ва аҳамияти онҳо огоҳ созанд.
Дар ҳар сурат бояд падару модар битавонанд, ки ба тарбияи фарзанд фаротар аз айнаки муҳаббати бечунучарояшон нисбат ба ӯ нигоҳ кунанд ва раванди тарбияро ҳамчун як мавзӯи хусусӣ ва салиқаӣ арзёбӣ нанамоянд. Фарзанд на танҳо ба хонавода, балки ба ҷомеа низ тааллуқ дорад ва дар оянда чун унсури ҷомеа дар фарозу нишеби он саҳмгузор хоҳад буд. Аз он ҷо, ки ҷомеа макони бархӯрди манфиатҳост, афрод ба хотири мумкин гардидани фаъолияти солиму дуруст бояд ёд бигиранд, ки барои манфиати шахсии худ ҳадду марз қоил шаванд. Шиносоии ҳадду марз дар пайгирии майлу рағбатҳои шахсӣ аз тариқи ошноӣ бо набоядҳо ва баъзан аз тариқи танбеҳ сурат мепазирад. Муқаррарсозии ҳадду марз барои манфиатҳо ва хостаҳои шахсӣ айниятёбии манфиати дигаронро мумкин мегардонад. Фаромӯш набояд кард, ки ҷомеаи солиму устувор самараи сохтори одилонаи муносибатҳои ҷамъиятист, ки ин сохтори одилона дар навбати худ самараи ҳамкорӣ ва ҳамбастагӣ миёни боядҳо ва набоядҳост. Аз ин рӯ, мо бо ба дунё овардани фарзанд ва тарбияи ӯ масъулияти азимеро дар баробари ҷомеа бар дӯш дорем ва бояд ба мавзӯи тарбия бо ҷиддияти тамом ва бо назардошти паҳлуи нохушоянди он, ки он ҳам танбеҳи фарзанд аст, нигоҳ кунем.
Меҳриниссо ПИРОВА,
омӯзгори МТМУ - и № 36 – и шаҳри Душанбе


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.07.2018    №: 132    Мутолиа карданд: 119

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед