logo

туризм

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. ИМКОНОТИ ФАРОХИ РУШДИ САЙЁҲӢ

Тоҷикистони биҳиштосои мо дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва арзишҳои бемонанди табиӣ буда, барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ иқтидори воқеӣ дорад. Дар ин радиф табиати зебою нотакрор, мавзеъҳои хушбоду ҳаво, гиёҳу чашмаҳои шифобахши шаҳри Турсунзода барои инкишофи соҳаи туризм метавонанд мусоидат кунанд. Бахусус, туризми экологӣ, пиёдагардии кӯҳӣ, шикор ва туризми фарҳангӣ дар ин ҷо бахшҳои ояндадор маҳсуб меёбанд. 
Дар шаҳр шумораи зиёди арзишҳои бебаҳои табиӣ, ёдгориҳои таърихӣ, базаҳои туристӣ, осорхонаҳо ва мавзеъҳои дилкаш мавҷуданд. Аз ҷумла осоишгоҳҳои  Қӯран, Ширкент, Қаратоғ, осоишгоҳи табобатии Эдем (биҳишт), боғи таърихию табиии Ширкент, хона - музейи Қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода, осорхонаи КВД «Ширкати алюминийи тоҷик», осорхонаи марказии шаҳри Турсунзода, ёдгориҳои таърихии Хоҷа Нақшрон ва Офоқхоҷа, дараи Қаратоғ, ёдгориҳои экологии Тешуктош ва пайи динозаврҳоро метавон базаҳои  туристии шаҳр номид. Ёдгории таърихии Хоҷа Нақшрон (асрҳои 9 - 12), ки мақбараи  пур аз нақшу нигори қадима дорад, мавзеи  тамошои меҳмонон мебошад. Дар қатори дигар меҳмонхонаву истироҳатгоҳҳо дар маркази шаҳр меҳмонхонаи 3 - ситорадори «Ширкент» фаъолият менамояд.
Дараи Ширкент яке аз минтақаҳои овозадори сайёҳии шаҳр маҳсуб меёбад ва ҳамаи сайёҳоне, ки ба шаҳр ташриф меоранд, ҳатман аз ин дараи хушманзара дидан мекунанд. Манзараҳои дилрабо, таърихи куҳан, бозёфтҳои геологӣ, намунаи  изи динозаврҳо, гиёҳу обҳои шифобахш, набототу ҳайвоноти нодир, дарёи Ширкент ва мардуми меҳмоннавози дара диққати сайёҳонро ҷалб менамоянд. Дараи Ширкент дар қисмати шимолу шарқии шаҳри Турсунзода  ҷойгир буда, нуқтаи баландтарини он дар шимол 4500 метр ва дар ҷануб  800 - 1000 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Тибқи иттилои муаррихон, 10 - 15 ҳазор сол пеш дар давраи неолит ва незеолит дар соҳили дарёчаи Харкуш (ҳоло деҳаи Пашмикӯҳнаи дараи Ширкент)  одамони ҷамъияти ибтидоӣ зиндагӣ мекарданд. Дар ин дара изи динозаврҳо мавҷуд аст, ки диққати ҳар як сайёҳро ба худ ҷалб мекунад. Динозаврҳо – ҳайвоноти мунқариз дар ин минтақа 110 - 150 миллион сол пеш умр ба сар бурдаанд. Ҳамчунин, дар дара боқимондаи дажғол - хокистари оҳан ёфт шудааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки одамони он давр ба касби оҳангарӣ машғул будаанд.
Дарёи Ширкент ҷои дӯстдоштаи сокинони шаҳр ва меҳмонони хориҷӣ маҳсуб меёбад. Он аз шохобҳои дарёи Сандал ва  Ҳазорхона  сарчашма гирифта, 52 км дарозӣ дорад. Дар дарё моҳиҳои гуногун - гулмоҳӣ, ширмоҳӣ, зағорамоҳӣ, лаққамоҳӣ, мормоҳӣ мавҷуданд. Ҳамчунин, чашмаҳои мусаффо, обҳои шифобахши маъданӣ, шаршараву рӯдҳои кӯҳӣ ва обҳои шифобахши зеризаминӣ ба зебоии дара ҳусни дигар мебахшанд. Обҳои шифобахши “Оби гарав” ва “Кабудчашма” садсолаҳост, ки зиёратгоҳи мардуми шаҳру ноҳияҳои гирду атроф гардидаанд. Таркиби оби чашмаи “Оби гарав” ба оби “Гармчашма” - и Бадахшон шабоҳат дошта,  давобахши бемориҳои зиёд, хусусан пӯст, мебошад.
Дар ин ҷо беш аз 1000 намуди дарахту бутта ва гиёҳҳои гуногуни кӯҳӣ, аз қабили арча, фарк, заранг, бодом, писта, дӯлона, олучаи ёбоӣ, пиёзи анзур, ситораи хунукак, чукурӣ, сиёҳалаф, шибит мерӯянд.  Дар кӯҳсор хирси маллаи тиёншонӣ, гурги малла, бузи кӯҳии осиёимиёнагӣ, бузи бухорӣ,  паланги барфӣ, хуки ёбоӣ, суғури сурх, рӯбоҳ, мори афъии осиёимиёнагӣ, сангпуштҳо ва зиёда аз 55 навъи паранда зиндагӣ мекунанд.
Боғи таърихӣ - табиии «Ширкент» яке аз мавзеъҳои дилкаши таърихӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Барои ёрӣ расондан ҳангоми боғро тамошо намудани сайёҳон аз ҷониби хоҷагии ҷангали шаҳри Турсунзода гурӯҳи роҳбаладон таъсис дода шудааст. 
Бино ба иттилои Фирӯз Холиқов, котиби матбуотии раиси шаҳр, бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ ва дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, тибқи нақшаи чорабиниҳо, давоми соли ҷорӣ чорабиниҳои зиёди таблиғотиву ташвиқотӣ, аксияву озмунҳо ва мусобиқаҳои варзишӣ доир гардиданд. Инчунин, бо ташаббуси роҳбарияти шаҳр то имрӯз зиёда аз 15 сафари дастаҷамъонаи сайёҳӣ ба мавзеъҳои зебоманзари минтақа баргузор гардидааст. Албатта, ташкили чунин чорабиниҳо дар тарғиби  тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз зуҳури номатлуби гаравиш ба ҳизбу созмонҳои террористию  ситезаҷӯй, муаррифии қобилияту истеъдодҳои нав, фароҳам овардани шароити мусоид барои мубодилаи малака ва дониш  байни онҳо мусоидат менамояд.
Бунёди инфрасохтори муосири сайёҳӣ ва дар сатҳи байналмилалӣ ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба сайёҳон низ дар мадди назари масъулон қарор дорад. Бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ лоиҳаҳои сохтмони роҳҳо, меҳмонхонаҳо ва иншооти хурди хизматрасонӣ амалӣ мешаванд. Дар гузаргоҳи сарҳадии шаҳр аз ҷониби ҶДММ «Дӯстӣ» меҳмонхона ва тарабхона барои 50 нафар, ки бо тамоми шароити замонавӣ муҷаҳҳазанд, ба истифода дода шуданд. Инчунин, дар  шоҳроҳи Турсунзода - Душанбе  мағозаҳо,  нуқтаҳои таъмири мошин, фурӯши сӯзишворӣ ва дигар ифрасохтори хурди сайёҳӣ сохта шуда, бунёди чунин иншоот идома дорад.  Харитаи сайёҳии шаҳр таҳия гардида, дар он хатсайрҳо,  ҷойҳои таърихӣ, сайёҳиву фарҳангӣ, манзараҳои дилрабои шаҳр нишон дода шудаанд. Дар хатсайрҳо бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ аломатҳои ишоравӣ - номи мавзеъҳои аҳолинишин ва нуқтаи пешомади бозист насб гардидаанд. Таҳияи хатсайрҳои нави дараҳои Қаратоғу Ширкент  бо забонҳои хориҷӣ идома дорад.
Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоя, рушди соҳибкорӣ дар бахши сайёҳӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар бахши туризм дар назди мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр Шӯрои байниидоравӣ оид ба ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи туризм амал мекунад. Аммо  ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ, беҳтар намудани инфрасохтори туристӣ, таъсиси ширкатҳои сайёҳӣ ва зиёд намудани ҳиссаи сайёҳӣ дар даромади миллӣ вазифаи ҳар роҳбар, масъул ва сокини шаҳр шинохта шудааст. 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.07.2018    №: 132    Мутолиа карданд: 220

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед