logo

фарҳанг

ШЕЪРИ ЗИНДАГӢ

Одамоне ҳастанд, ки дар зиндагӣ бо худ рӯшноӣ мебаранд, баъд аз гузаштани умрашон низ ёдашон ба дилҳо фараҳ мебахшад. Танҳо  ба забон овардани номашон кофист, ки дар дили мо дурахше аз хотираҳои некашон ҳувайдо шавад, худ аз худ лабханд занем ва табассум дар чеҳра бишкуфад. Воқеан, фархунда шахсест, ки пас аз тарки дунё карданаш ҳам  ёдаш  дар дилҳо мунаввар аст, табъҳоро хуш, чеҳраҳоро рӯшан медорад. Устод Ашӯр Сафар, ки ба эҳтиром Мавлоно номашон мебурдем, аз ҳамон зумраанд. Ашӯр Сафар шахсияте буданд, ки бо ҳузури худ метавонистанд як ҷамъомад, як толори бузург ва ҳатто як шаҳру як вилоятро пур кунанд. Яъне, рӯшании замири ӯ, ҳузури шахсияти ӯ, каломи ҷаззобаш аз ӯ интишор меёфт ва муҳитро фаро мегирифт.
Ба шарофати он, ки солҳое корманди Бюрои тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будам, бо тақозои вазифа ва масъулиятҳо борҳову борҳо бо гурӯҳҳои адибон ба ҳама минтақа, шаҳру вилоятҳои Тоҷикистон, аз ҷумла ба Хатлонзамин ва хусусан, шаҳру навоҳии Кӯлоби бостонӣ ва шеърдӯст сафарҳо доштаам. Дар тамоми ин сафарҳо дар минтақаи Кӯлоб устод Ашӯр Сафар, ки намояндагии Бюрои тарғибро дар вилоят бар уҳда доштанд, иштирок ва раҳнамоӣ менамуданд. Ягон мулоқоти мо бо ҳаводорони шеър бе зарофат, хушгӯиву хушҳолӣ ва лутфу меҳрубониҳои устод намегузашт, зеро аксар барандаву раҳнамои ин маҳфилҳо буданд. Ҳар сафари мо дар Кӯлоб, ҳар вохӯрӣ бо мардуми хушзавқи он ба як иди адабиёт ва шеъру сухан табдил меёфт.
Ашӯр Сафар шахсе босаховат, дасткушод, дастархондор ва меҳмондӯст буданд. Қариб адибе нест, ки ба Кӯлоб омадаву аз дастархонашон нон нахӯрда бошад. Ин нишастҳо бо ҳузури худи Мавлоно ва адибони варзидаи кишвар беҳтарин маҳфилҳо ва базмҳои фазилату маърифат буданд.
Бо ташаббуси ин устод ва дигар дӯстони кӯлобӣ базмҳои шеър бе ширкати сарояндагони мумтоз намегузашт ва аксар ба базмҳои  ширу шакар табдил меёфтанд.
Бародарони арҷманди кӯлобии мо бо сарварии Ашӯр Сафар як анъанаи аҷибу хотирмоне ҷорӣ карда буданд. Пас аз анҷоми сафари адибон онҳоро дар як мавзеъ, дар баландие зебову дилпазир гусел мекарданд. Он мавзеъ “Баландии хотираҳо” ном гирифт. Гусели адибон дар ин ҷо ба базми шеъру сухан табдил меёфт. Ин баландӣ баландии сухан,  баландии шеър, самимият  ва муҳаббат буд, ки касро ба ваҷд меовард. Ана ҳамин баландӣ, ки воқеан, ба мо ифтихори ватандӯстӣ ва ваҳдату ягонагӣ бахшидааст, баландии ниҳоди дӯстони кӯлобии мо ва пеш аз ҳама, баландии ниҳоди устод Ашӯр Сафар буд. Ҳар гоҳе аз ин баландӣ ёд мекунам, шоирони зиндаёди минтақа Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Ғоиб Сафарзода, Ҳабибулло Файзулло, Саидҷон Ҳакимзода, Сафармуҳаммад Айюбӣ пеши рӯ меоянд, ки ҳар яке дар баландии хотираҳои мо баландии худро доранд.
Азбаски Мавлоно Ашӯр Сафар дар назди мардум, дар назди дӯстон як шахси шӯхтабиату зарофатгӯву равшангари табъу дилҳо буданд, ҳеҷ вақт гумон надоштем, ки метавонад шикас-тадил бошанд, сахт ғам хӯранд, рӯҳафтода гарданд. Аммо вақте ки балои нобаҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ ба  сари мардуми мо рехт, пеш аз ҳама дили пур аз муҳаббаташон зангӯлаи ҳушдор заданд. Ана дар ҳамин маврид тавонистанд сухани шоиронаи худро гӯянд, чунон шоирона, самимӣ, дилсӯзона гӯянд, ки ҳазорон ҳазор сокини кишвар дар тамоми Тоҷикистон бо ӯ ҳамсадо шаванд. Шоирони асил дар чунин мавридҳо мисли гулханҳо фурӯзон мегарданд ва рисолаташонро ба иҷро мерасонанд. Яъне, дар торикиҳо бо сухани умедбахш рӯшноӣ ба мардум меоранд. Шеъри бамавриду ба дард гуфташудаи адиб хизмати худро барои ҷомеа кард ва имрӯз ҳам, ки мо шукри амну  осоиштагӣ мекунем, ин шеър бештар аз он рӯзгор рисолати худро пайгирӣ менамояд ва ҳушдор медиҳад, ки ин фоҷиаро аз ёд набарем. Он мисраъҳое, ки вирди забонҳо шуда буданд, инҳоянд:
Як бори дигар ханда ба лаб мешуда бошад?
Дар кишвари ғам базму тараб мешуда бошад?
Дар кашмакаши рӯзи фурӯзону шаби тор,
Помоли фано зулмати шаб мешуда бошад?
Фарзанд, ки бар ҷони падар теғ кашида,
Бишкастагари теғи ғазаб мешуда бошад?
Дар ларза бадан аз асари таб шуда бисёр,
Нобуд чунин ларзаву таб мешуда бошад?
Кӣ кард ҷафо бешу кӣ овард бало пеш?
Бо ченаки таърих ваҷаб мешуда бошад?
Бар ҷои ҳамин мамлакати сулҳҷудоям,
Як мамлакати сулҳталаб мешуда бошад?
Инсонҳое чун Ашӯр Сафар бо сифатҳои баланди миллатдӯстӣ ва инсонпарастии худашон, бо дили кушод ва хайрхоҳ, шахсияти нотакрорашон муҷассамаи зиндаи некӣ, сулҳу дӯстиву ваҳдати кишваранд.
Ашӯр Сафар шоир буданд, шоирона зистанд ва бо садоқат ба шеър шоирона ҷаҳонро падруд гуфтанд.
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.07.2018    №: 132    Мутолиа карданд: 300

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед