logo

иҷтимоиёт

БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ. ОМОДАГИҲО ЧӢ ГУНААНД?

Соли  2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бори сеюм маъракаи барӯйхатгирии умумии аҳолӣ баргузор  мешавад. Бо ин мақсад, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 сентябри соли 2017 низомнома ва ҳайати Комиссияи давлатии мусоидат ба барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст. Тибқи қарор,  вазифаҳои асосӣ ҷиҳати тайёрӣ ва гузарондани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2020 ба зиммаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудаанд. Шодмон Шокирзода,  муовини якуми директори агентӣ, раванди омодагиҳоро барои  баргузории  барӯйхатгирии аҳолӣ ба хабарнигори рӯзнома чунин шарҳ дод: 
- Барӯйхатгирии умумии аҳолӣ ва фонди манзили Тоҷикистон дар доираи Барномаи умумиҷаҳонии барӯйхатгириҳои аҳолӣ ва фонди манзил, ки аз ҷониби Шӯрои иқтисодӣ ва иҷтимоии  СММ амалӣ карда мешавад, дар даҳ сол як маротиба доир мегардад.
То имрӯз Агентии омор «Нақшаи тақвимии корҳо  оид ба тайёрӣ, гузарондан ва коркарди маводи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2020» - ро таҳия намуда, ҷиҳати татбиқи он як қатор корҳои муайянро ба анҷом расонд.
Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯйихатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2018», тирамоҳи соли ҷорӣ барои санҷидани Барномаи коркарди маводи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2020 корҳои ташкилӣ ва коркарди технологии он  дар маҳаллаҳои 64 ва 91 – и  шаҳри Душанбе ва шаҳри Нораки вилояти Хатлон барӯйхатгирии санҷишии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад.
Барои дар сатҳи баланд баргузор намудани  ин маъракаи муҳими давлатӣ баробари Агентии омор, инчунин, фаъолияти самараноки вазоратҳои молия, корҳои дохилӣ, Кумитаи идораи замин ва геодезии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ зарур мебошад. Мувофиқи қарорҳои зикргардида, барои кумаки ҳамаҷониба  расондан ба мақомоти оморӣ ҷиҳати сари вақт ва босифат гузарондани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил вазифаҳои вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мушаххас гардидаанд.
Дастрас намудани маълумот дар бораи аҳолии ҷумҳурӣ барои таҳияи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, ҳисоботи ҷорӣ, пешгӯии шумора ва ҳайати аҳолӣ, омӯзиш, истифодаи захираҳои меҳнатӣ ва гузарондани тадқиқоти илмӣ аз ҳадафҳои асосии чорабинии мазкур маҳсуб меёбанд. Дар ҷараёни гузарондани чорабинӣ ба ҷуз аз шумораи аҳолии кишвар, инчунин,  роҷеъ ба суръати афзоиши аҳолӣ, таносуби гурӯҳҳои аҳолӣ аз рӯи ҷинсият,  синну сол,  нишондиҳандаҳои таваллуд ва фавт, шуғл, сатҳи маълумот  ва ғайра ахбори  муфид ба даст меояд. Инчунин, номгӯйи кӯчаҳо, рақами хонаҳо, гузоштани лавҳаю рақамҳо, нақшаҳои ҷойгиршавии маҳаллаҳои шаҳрӣ, деҳоти калон ва  харитаи шаҳру ноҳияҳо ба тартиб дароварда мешаванд. Фоидаи гузарондани ин чорабинӣ  аз  хароҷоти он ба маротиб зиёд хоҳад буд.
Ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба ин чорабинии муҳими кишвар Агентии омор тадбирҳои зарурӣ андешида, мушкилоти дар ин самт ҷойдоштаро пайваста мавриди омӯзишу таҳлил қарор медиҳад. Аз ҷониби агентӣ бо мақсади омӯзиш аллакай барои баҳисобгирии аҳолӣ лоиҳаи саволномаҳои намунавӣ ба 25 сохтори давлатию ғайридавлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо  пешниҳод гардид, ки ин қадами нахустин барои амалӣ намудани чорабинӣ аст.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.07.2018    №: 132    Мутолиа карданд: 203

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед