logo

фарҳанг

"ҶУМҲУРИЯТ". РЕШАПАЙВАНД БО ХАЛҚУ ВАТАН

Дар Қасри Арбоб, ки барои халқи тоҷик ҳамчун маҳали зуҳури Пешвои муаззами миллат ва Кохи сулҳу ваҳдат гаронмоя аст, гузарондани ҷамъбасти озмуни Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 21 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Бобоҷон Ғафуров дар журналистикаи муосири тоҷик падидаи бесобиқа аст.

Дар толоре, ки пас аз суханҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ман ба шумо сулҳ меорам» кафкӯбии бардавоми умедворон ба сақф печида буд, баргузор шудани ҷамъбасти озмуни «Ҷумҳурият» дорои ҳикмати ба худ хос аст. Зеро он бо каломи созанда дар роҳи таблиғи сиёсати меҳанпарваронаи Сарвари давлат, таҳкими сулҳу субот, гиромидошти арзишҳои миллӣ ва ободии диёр собитқадам аст. Ва озмуни мазкур, ки бо шаҳомати хосса, басо дилнишину хотирмон сурат гирифт, идомаи мантиқии ҳамин рисолати рӯзнома аст, ки бо шак-лу муҳтавои нав манзур шуд. Аз ин рӯ, тасодуфӣ набуданд нидоҳои «олӣ», «беназир», «Аҳсант, «Ҷумҳурият!», ки пас аз анҷоми ҷаласаи бошукӯҳ миёни иштирокдорону меҳмонони он садо медоданд.
Алҳол на дар таърихи журналистикаи шӯравӣ ва на муосири тоҷик боре ҳам нашуда, ки ҷамъбасти озмуни рӯзномае дар чунин сатҳ ва дар чунин кохи боҳашамат гузаронда шуда бошад. Агар афзоем, ки дар ин ҷамъомад аҳли қалам, сиёсат, илму фарҳанг, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд иштироку суханронӣ карданд, дараҷаи шаҳомати он ва сатҳи эътибору нуфузи «Ҷумҳурият» ҳувайдо мегардад.
Аслан ташкили озмунҳо барои рӯзномаҳо як амали муқаррарии дохилиидорист, ки мавзӯеро интихоб, инъикос ва ғолибонро муайяну онҳоро дар идораи худ сарфароз месозанд. Яъне, маъракае, ки ҳар рӯзнома ба ин васила муддате диққати муаллифону хонандаҳоро сӯи худ мекашад. Аммо «Ҷумҳурият» бо ин роҳи маъмулӣ нарафт, роҳи навро интихоб кард: озмун бояд на ба манфиати маҳдуди нашрияҳо, балки чун маъракаи густурдаи сиёсию маънавӣ ба манфиати қишрҳои гуногуни ҷомеа хизмат кунад. Ду сол қабл бо эълони нахустин озмуни худ нишон дод, ки рӯзнома ғайр аз ҷалби муаллифони беҳтарин, инъикоси паҳлуҳои гуногуни мавзӯъҳои интихобкарда, ки имрӯз барои ҷомеа, барои таҳкими истиқлолият ва ваҳдати миллӣ муҳиму созгоранд, ғайр аз минбари хоссу ом будан бояд рисолати ташкилотчигиро низ бар дӯш дошта бошад.
То кунун дар ҷумҳурӣ ягон рӯзнома ба ин масъалаи умда таваҷҷуҳ накарда буд. Ин роҳи наве буд, ки маҳз «Ҷумҳурият» кошифона бо он рафт. Яъне, оғози озмун дар нашрия ва анҷоми он дар ноҳия ё шаҳр. Ҳамчунон, ба хонандагони сершумори худ боз ҳам наздиктар шудан, бо онҳо иртиботи бевосита кардан ва наздашон рафтан. Дар доираи озмунҳои худ «Ҷумҳурият» беҳтарин муаллифон ва онҳоеро бо худ мебурд, ки ҳам дар сиёсат, ҳам дар фарҳанг ва ҳам рӯзноманигорӣ дасти тавоно доранд. Ин худ барои хонандагоне, ки солҳо рӯзномаро хонда, муаллифони маҳбубу писандидаи худро ягон бор аз наздик надидаанд, дидори нишотбахш ва мондагор буд.
Дигар навгоние, ки маҳз «Ҷумҳурият» имрӯзҳо пиёда мекунад, ҳамкории бевосита бо мақомоти иҷроияи маҳаллии шаҳру навоҳии кишвар аст. Ташкили озмунҳои муштараки рӯзнома ва мақомоти иҷроияи маҳаллӣ як воситаи басо муассири ҳамкории журналистон ва хизматчиёни давлатӣ дар роҳи тарғиби фаъолтари сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Чун ҳама як ҳадаф – шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлолро дорем, бояд чун пайравони содиқу кордони Пешвои муаззам дар фикри ободии диёр, рӯзгори гуворотари халқамон бошем. Бо қалам, бо каломи созанда низ. Ва ҳар озмуни «Ҷумҳурият», ки дар шаҳру ноҳияҳо бо иштироки садҳо нафар баргузор гашт, гувоҳи қобилияти хуби ташкилотчигии кормандони рӯзномаро нишон дод. Яъне, онҳо танҳо бо чопи мақолаҳои озмунӣ иктифо накарданд. Чун давоми мантиқӣ аз пайи ташкили ҷамъомадҳои хотирмону вохӯриҳои судманд бо шоирону нависандагон, олимону сиёсатмадорон шуданд, то ки бардошти маънавии мардуми шаҳру навоҳӣ аз ин мулоқоту суҳбатҳои ошкорою самимӣ дар роҳи таҳкими сулҳу субот, ваҳдат, ватандӯстӣ боровартар бошад.
Дар раванди ташкили озмунҳо, пеш аз ҳама, ба чеҳраҳои тобноки миллат рӯ овардани «Ҷумҳурият» амри тасодуф нест. Зеро рӯзгори Қаҳрамонони миллат беҳтарин намунаи хизмати содиқона ба халқу Ватан аст. Тавассути мақолоти озмунҳо дар баробари бозтоби хизматҳои мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хонандагон, ҳамчунин, дар бораи рӯзгори ибратбахшу мероси гаронбаҳои дигар фарзонафарзандони миллат - Нусратулло Махсум, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров он қадар маълумоти ҷолибу муфид ва аксар вақт нав гирифтанд, ки баробари бозёфтанд. Ба ин васила, мо на танҳо хотираи абармардони миллатро зинда медорем, ин, ҳамчунин, аз муассиртарин василаи тарбияи ватандӯстии насли наврасу ҷавон аст, ки аз рисолатҳои умдаи рӯзнома мебошад. Ва чун «Аҳсант, «Ҷумҳурият!» гуфтанҳоро мешунидам, мутмаинам, ки таҳсинҳо, аз ҷумла ҳамин бори маъниро мекашиданд.
Озмунҳои навоваронаю густурдаи «Ҷумҳурият» гардиши куллии сифатӣ ва маънавӣ дар журналистикаи ватаниянд. Ин сароғози боз як лоиҳаи вижаи рӯзнома аст баҳри бо сухани воло ва созанда бо халқу Ватани худ беш аз пеш решапайванд гирифтан.
Хуршеди ҶОВИД,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 05.07.2018    №: 132    Мутолиа карданд: 137

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед