logo

Хабарҳо

МУСОДИРАИ 31 КГ МАВОДИ МУХАДДИР

30 июни соли ҷорӣ, тақрибан соати 00:40, дар асоси маълумоти оперативӣ хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузарондани корҳои фаврӣ - ҷустуҷӯӣ дар яке аз минтақаҳои муҳофизатии Отряди сарҳадии «Дарвоз» - и ВМКБ убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ ва кӯшиши интиқоли маводи мухаддир аз ҷониби қочоқчиёни афғон ба Тоҷикистон пешгирӣ гардид.
Тавре Муҳаммад Улуғхоҷаев, сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии  КДАМ,  иттилоъ дод, қочоқчиёни афғон, ки тахминан аз 2 - 3 нафар иборат буданд, ҳангоми  убури ғайриқонунии марзи давлатӣ бо сарҳадбонони тоҷик  рӯ ба рӯ шуданд ва дар натиҷа задухӯрди шадид ба амал омад. Онҳо  ба муқовимати сахти хизматчиёни ҳарбӣ тоб наоварда, аз торикии шаб истифода бурда, ҷониби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор намуданд.
Зимни азназаргузаронии ҷои ҳодиса як адад қаиқи резинӣ ва 31 кг маводи мухаддири навъи афюн дарёфт ва мусодира шуд.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Маҳмуд ҶӮРАЕВ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 116

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед