Хабарҳо
Боз беш аз 120 марзбон ба дифои Ватан омода шуд
Дар Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супурдани дипломҳо ба зиёда аз 120 нафар хатмкунанда баргузор гардид, ки дар он Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадӣ, Сайфулло Сафаров, раиси Шӯрои собиқадорони Қӯшунҳои сарҳадӣ, намояндагони гурӯҳи сарҳадии Хадамоти федералии бехатарии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон, устодону омӯзгорони донишкада ва падару модарони афсарони ҷавон иштирок карданд.
Саймумин Ятимов, зимни суханронӣ ба фаъолияти марзбонон баҳои баланд дода, афзуд, ки сарбозони қаторӣ ва афсарон бояд дорои донишу малакаи кофӣ, сатҳи баланди салоҳияти касбӣ ва зиракии сиёсӣ бошанд, то ки хидмати содиқона яке аз муқаддасоти Тоҷикистони соҳибистиқлол – амнияти давлату халқро таъмин кунанд.
Ҳамчунин, ба хатмкардагон аввалин рутбаи ҳарбии афсарӣ – лейтенант дода шуд. Афсарони хатмкарда баҳри дифои сарҳади давлатӣ ба минтақаҳои кишвар фиристода мешаванд.
Афсарони ҷавон иброз доштанд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодаанд, баҳри ҳимояи марзу буми Ватан сина сипар намоянд.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 202