logo

фарҳанг

Шоми шанбе

ИНТЕЛЛЕКТ

Рубрикаи «Интеллект» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчии аз ҳама фаъол бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ сарфароз гардонда мешавад
Шаҳрбарак
Аз чап ба рост
1. Давлат дар Африқои Марказӣ. 2. Шаҳр дар  Ӯзбекистон. 3. Шаҳр дар Қазоқистон. 4. Давлат дар шимоли Аврупо. 5. Шаҳр дар ИМА. 6. Ноҳия дар Тоҷикистон. 7. Шаҳр дар Тоҷикистон. 8. Шаҳр дар ҷануби Русия. 9. Давлат дар Африқо. 10. Давлат дар ҷанубу шарқии Аврупо. 11. Шаҳр дар Британияи Кабир. 12. Шаҳр дар Тоҷикистон. 13. Ноҳия дар Тоҷикистон. 15. Шаҳр дар Русия. 16. Шаҳр дар Тоҷикистон. 17. Шаҳр дар Ӯзбекистон. 18. Шаҳр дар иёлати Огайои ИМА. 20. Давлат дар Аврупо.

Аз боло ба поён
1. Шаҳр дар Қазоқистон. 2. Давлат дар АвруОсиё. 3. Давлат дар Африқо. 4. Шаҳр дар иёлати Небраскаи ИМА. 6. Ноҳия дар Тоҷикистон. 7. Шаҳр дар вилояти Сумски Украина. 8. Давлат дар Аврупо. 9. Ноҳия дар  Тоҷикистон. 10. Ноҳия дар Тоҷикистон. 11. Шаҳр дар Тоҷикистон. 12. Шаҳр дар Ӯзбекистон. 13. Давлат дар Амрикои Шимолӣ. 14. Давлати шоҳигарӣ дар Аврупо. 15. Шаҳр дар Туркия. 16. Давлат дар Африқо. 17. Шаҳр дар Итолиё. 18. Шаҳр дар Булғористон. 19. Шаҳр дар Ҷумҳурии Мордоваи Федератсияи Русия.
Масъули рубрика
Зулола БОБОРАҶАБОВА


РЭЙ ЧАРЛЗ. Аз нобиноӣ то устураи мусиқӣ
Рэй Чарлз оҳангсозест, ки дар таърихи мусиқӣ на танҳо ҳамчун дорандаи 12 ҷоизаи «Грэмми» ёд мешавад, балки ҳамчун шахсияти наҷиб ва қавиирода низ шинохта шудааст.
Ӯ ҳамагӣ 7 сол дошт, ки тамоман нобино шуд. Дар 15 – солагӣ модараш аз дунё гузашт. Барои Рэйи наврас ин зарбаи шадиди равонӣ буд. Чандин рӯз на чизе хӯрда метавонисту на чизе гуфта, хоб аз чашмонаш ба якборагӣ парид. Қариб буд, ки девона шавад. Дар сараш танҳо ҳамин суол чарх мезад, ки «Чаро маҳз ӯ мавриди санҷиши тақдир қарор гирифтааст?». Акнун ду роҳ дошт: аз мушкилоти рӯҳӣ ҷон ба ҷонофарин месупурд ё неруяшро ҷамъ карда, ба зиндагӣ идома медод.
Мусиқӣ ӯро аз марг наҷот дод. Чарлз ғусса, дард ва ормонҳояшро бо мусиқӣ ифшо менамуд. Пас аз ин,  эътимод пайдо кард, ки дигар ҳеҷ мушкилоте ӯро аз по афтонда наметавонад.
Дар 17 – солагиаш нахустин офаридаҳояшро сабт кард. Онҳо   синглҳои бо услуби соул, ҷаз ва ритм энд блюз эҷодшуда буданд. Пасон, ин асарҳо ва офаридаҳои дигараш  ба китобхонаи Конгресси ИМА ворид карда шуданд.
Соли 2004, пас аз маргаш, Чарлзро маҷаллаи «Rolling Stone»  дар қатори 10 оҳангсози маъруфи замон ворид намуд.
Таҳияи М. ТАБАРӢ


МУРАББО
Чанд маслиҳати муфид
Таърихнигорон бар ин ақидаанд, ки мураббо дар Аврупо пайдо шудааст. Ин дар ҳолест, ки мардуми Шарқ ҳазорсолаҳо боз онро мавриди истифода қарор додаанд.
Тобистон мавсими маъмулии омода намудани он мебошад. Аслан дар ин ё он маҳал аз меваҷоте, ки мерӯяд, мураббо тайёр менамоянд. Аммо, мураббоҳое низ ҳастанд, ки дар назари аввал ғайриоддӣ намоянд ҳам, хеле хуштамъ ва фоиданок мебошанд. Масалан, дар Арманистон аз гули савсан, дар Бразилия аз банан, дар Булғористон аз каду, дар Миср аз гули ханҷарӣ (кактус), дар Сурия ва Ливан аз бодом, дар Испаниё аз ангур бо қулфинай, дар Туркиё аз ёсуман, дар Руминия аз гули нилуфар мураббо тайёр мекунанд.
Таҳияи Гулистони ҚАДАМСАИД


ХОТИРАҲОИ ФАВҚУЛОДА ҚАВӢ
Доминик О’Брайени бритонӣ чемпиони ҳашткаратаи ҷаҳон оид ба хотираи қавӣ мебошад. Ӯ соли 1994 дар давоми 15 дақиқа 152 калимаи хитоиро, ки барояш бегона буданд, ба хотир гирифта, пас аз лаҳзае такрор кард.
Сарлашкарон Искандари Мақдунӣ, Наполеон Бонапарт ва Александр Суворов низ дорои хотираи фавқулода қавӣ буданд. Онҳо ҳамаи сӣ ҳазор сарбозонашонро ном ба ном медонистанд.
Файласуфи бузурги Юнони Қадим Суқрот бист ҳазор сокини шаҳри Афинаро аз рӯйи қиёфаи чеҳраашон мешинохт.
Шоҳмотбози маъруфи амрикоӣ Пол Морфи дар як вақт метавонист бе дидани тахтаи шоҳмот дар ҳашт тахта бозӣ кунад. Фаротар аз ин, шоҳмотбози шинохтаи рус Александр Алёхин якбора бо 30 - 40 нафар бозӣ мекард, он ҳам бе нигоҳ кардан ба тахтаҳо.
Волфганг Мотсарт ва Дмитрий Шостакович-композиторони шинохтаи олам бо як бор шунидани асари мусиқӣ онро иҷро намуда, ба нота медароварданд.
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА


ФУТБОЛ. ШИРКАТИ НОБИНОҲО ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН
Нимҷазираи Пиренский ватани футболи нобиноҳо ба ҳисоб меравад. Аз рӯи ин намуди варзиш соли 1986 дар Испания аввалин бор чемпионати дохилӣ баргузор гардидааст. Баъди 12 сол аввалин маротиба Ҷоми ҷаҳон доир шуд. Соли 2004 футболи нобиноҳоро ба барномаи бозиҳои Паролимпии Афина ворид карданд.
Андозаи майдони футбол 40 х 20 метр буда, атрофаш бо девори баландиаш 1 метру 30 см иҳота шудааст. Дарозии дарвоза 3 метр ва баландиаш 2 метрро ташкил медиҳад. Сабқатҳо аз ду қисмати 25 дақиқаӣ иборат аст. Барои танаффус 10 дақиқа муқаррар гардидааст. Дар ҳайати ҳар даста панҷнафарӣ бозӣ мекунад. Ғайр аз ин, дар пушти ҳар як дарвоза  ёварон фаъолият мекунанд, ки дар куҷо будани дарвозаро ба бозингарон бигӯянд. Вазни тӯб аз тӯбҳои муқаррарӣ вазнин асту  ҳангоми ҳаракат овоз мебарорад. Тааҷҷубовараш ин аст, ки мухлисон дар сабқатҳо хомӯширо бояд нигоҳ бидоранд, то ки ба бозингарон халал нарасонанд.
Дар ин мусобиқа тими мунтахаби Бразилия чор бор чемпиони ҷаҳон гардидааст.
Таҳияи Маҳмуд ҶӮРАЕВ


ЯХМОС СӢ ҲАЗОР СОЛ ПЕШ МАЪЛУМ БУД
Яхмосро дар сиҳазорсолаи то замони мо дар дастархон мегузоштанд. Дастурамал оид ба  омода сохтану нигаҳдории он сирри хонаводагӣ  маҳсуб мешуд. Тарзи омода намудани яхмос танҳо  дар асри XI машҳур шуд. Гипократ барои қавӣ гардидани вазъи саломатӣ  истеъмоли яхмосро тавсия додааст. Онро ҳамчун як  хӯриши сабуки болаззат ва ҷиҳати раҳоӣ аз хастагиву асабоният ба Искандари Мақдунӣ пешкаш карданд. Чиниҳо ҳанӯз 4000 сол пеш яхмос истеҳсол менамуданд. Туфайли сайёҳи машҳур Марка Поло яхмос ба Аврупо роҳ ёфт.  Фаронсавиҳову олмониҳо дар асри XVI бо яхмос ошно шуданд. Дар Париж бори аввал замони салтанати Наполеон ба мардум яхмос бо номи «Пломбир» дар стаканҳои коғазин ва баъдан дар нонӣ пешниҳод шуд. Ҳоло дар ҷаҳон беш аз 700 намуди яхмос вуҷуд дорад.
Таҳияи Зулола БОБОРАҶАБОВА


МЕТРО БАРДОШТИ ТАЪРИХӢ
Метро ё метрополитен - роҳи оҳани зеризаминӣ буда, барои ҳар як сокини шаҳрҳои азим шинос аст.
Метро аз калимаи фаронсавии «mйtropolitain», вожаи ихтисоршуда аз ибораи «chemin de fer mйtropolitain» гирифта шуда, роҳи оҳан дар пойтахт тарҷума мешавад.
Метрои аввалин 10 - уми январи соли 1863 аз ҷониби ширкати «Metropolitain Railway» дар маркази шаҳри Лондон ба истифода дода шуд. Дарозии он 3600 метр буда,  аз ҷониби муҳандиси шинохта Чарлз Пирсон тарҳрезӣ гардида буд. Баъдан дар Ню - Йорк (соли 1868) ва Москва (1933) метро мавриди истифода қарор гирифт.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР


ЧАРО МИЛИСАҲОРО «МЕНТ» ҲАМ МЕНОМАНД?
«Мент» калимаи венгерист, маъниаш «плаш - накидка» аст. Он тавассути Полша ба Русия «роҳ» ёфтааст. Плаш-або (либоси васеи беостини рӯ), накидка – китфпӯшак (либоси беостин)-ро мефаҳмонад.
Гап дар ин, ки пулисҳои империяи Австро-Венгрия чунин китфпӯшакҳои беостин ба бар мекарданд, аз ин рӯ, онҳоро «мент» меномиданд.
Дар Полша на ҳамаи пулисҳо, балки танҳо назоратчиёни маҳбасхонаҳоро «мент» мегуфтанд. Либоси расмии онҳо аз китфпӯшакҳо (як навъ байни пиҷаку палто) бо якчанд қатор тугма иборат буд.
Дар Русияи то оғози асри гузашта китфпӯшакҳо пӯшоки расмии жандармерия (қӯшуни махсуси пулис) ва пулисҳо маҳсуб меёфт.
Баъди Ҷанги дувуми ҷаҳон кулли кормандони мақомоти дохилиро «мент» мегуфтагӣ шуданд.
Таҳияи Умари ШЕРХОН


1000 ФАКТИ ҲАЙРАТАНГЕЗ
ДУ МОҲ ТАНИ ТАНҲО ДАР УҚЁНУС
Тӯфон дар уқёнуси Ҳинд киштии варзишии Эшок Бэлҷерси англисро, ки ба саёҳати даври олам баромада буд, пора-пора кард. Завҷааш ғарқ шуд. Худаш наҷот ёфт. Инро муъҷиза ҳам гуфтан мумкин, зеро ду моҳ дар рӯи заврақчаи резинӣ, ки мавҷи пуриқтидор бо суръати тез меронд ва чун пӯчоқи чормағз ин тарафу он тараф ҳаво медод, зинда монд. Вай дар ин муддат аз уқёнус моҳӣ дошта мехӯрд ва ташнагиашро бо оби борон мешикаст. То даме, ки ба сарвақташ тасодуфан киштии боркаши русӣ нарасид.
Қурбон Мадалиев, тарҷума аз русӣ


ДИНОЗАВРҲО ДАР ХИЗМАТИ ШУМО
Дар яке аз меҳмонхонаҳои Ҷопон мизоҷонро ба ҷои дарбон динозаврҳои механикие, ки дар қисмати дарунии онҳо камера насб шудааст, истиқбол мегиранд.
Ин робот - динозаврҳо симои ҳар нафарро фарқ карда метавонанд. Илова бар ин, бо забонҳои ҷопонию англисӣ гап мезананд.
- Робот - динозаврҳо ҳуҷраҳои меҳмонхонаро низ тоза мекунанд. Аммо ин тамоман он чизе нест, ки мо дар назар дорем.
Мо дар бораи дигаргуниҳо гап мезанем, зеро меҳмонхонаамон нишон медиҳад, ки мо чӣ хел зуд тағйир меёбем, - мегӯяд мудири он Юкио Нагаи.
Таҳияи Сафаргул АЛИМОВА


8РОҲИ ОҲАНИ ХАТАРНОК
Трен–а–лас–Нубес
Сохтмони роҳи оҳани Трен - а - лас - Нубес соли 1921 оғоз гашта, соли 1948 мавриди истифода қарор гирифт. Роҳи оҳан вилоятҳои Салта ва Ла-Полвориллаи Аргентинаро ба ҳам пайваст карда, дарозиаш 217 километрро ташкил медиҳад.
Он низ яке аз роҳҳои оҳани хавфноктарини олам ба шумор меравад. Соли 2005 қатора дар баландии 3,5 километр аз сатҳи баҳр дармонд, ки мусофиронро тариқи чархбол ба ҷои бехавф кӯчонданд. Соли 2014 бошад, қатора дар баландии 4 километр аз сатҳи баҳр ба садама дучор шуд. Ҳангоми саёҳат туристон тариқи қатора 13 виадук (пули болои ҷарӣ ё пуле, ки аз тагаш роҳи дигар мегузарад), 29 пули хатарноки оҳанӣ, 21 нақб ва дараҳои танги кӯҳиро убур хоҳанд кард.
Таҳияи Комрон САФАР


10ШАҲРИ СЕРАҲОЛИТАРИН
6. ПЕКИН
Аҳолияш 21 миллиону 240 ҳазор
Маънои айнии Пекин пойтахти шимолист. «Шаҳри мамнӯъ» - қасри азими сулолаҳои Минг ва Син дар қалби Пекин ҷой гирифтааст.
Маъбади осмон, объекти мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО, дар қисмати ҷанубу шарқи пойтахт мебошад. Дигар ганҷҳои шаҳр маъбади Замин, маъбади Офтоб, маъбади Моҳ, маъбади Абри Сафед ва маъбади Конфутсий ном доранд. Масҷиди Niujie, ки қариб ҳазор сол инҷониб побарҷост, куҳантарин масҷиди Пекин ба шумор меравад. Ба пойтахти Чин, ки рафтед, ҳатман аз мақбараҳои шоҳони сулолаҳои Минг ва Син низ дидан кунед.
Дар Пекин ҳамоно рақобати байни автомобил ва велосипед идома дорад. Солҳои охир ба ин ҷо барои зисту кор шаҳрвандони Кореяи Ҷанубӣ зиёд меоянд. Ҳамин ҳоло дар Чин калонтарин ҷомеаи хориҷиёнро шаҳрвандони Кореяи Ҷанубӣ ташкил медиҳанд.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД


10КУҲАНТАРИН ШАҲРИ ОЛАМ
4. ҲАЛАБ
Яке аз куҳантарин ва сераҳолитарин бузургшаҳрҳои олам мебошад, ки тақрибан 4300 сол пеш аз мелод бунёд ёфтааст. Асосгузорони он хетҳо буданд. Онҳо шаҳрро то 800 сол пеш аз мелод зери итоати хеш қарор доданд. Минбаъд Ҳалаб бо навбат ба салтанати ошӯриҳо, юнониён, форсиён, румиён ва муғулону усмониён дохил гардид.
То замоне, ки шаҳри Ҳалаб дар зери итоати империяи Рум буд, яке аз марказҳои насронӣ шинохта мешуд. Баъди даромадан ба Хилофати араб мусулмоннишин гардид.
Ёдгории қадимаи ин шаҳр масҷиди Ҷомеъ – ул - Кабир мебошад, ки дар асри XIII сохта шудааст. Дар асри XIV қалъаи машҳури Малукҳо қомат афрохт. Дигар иншооти қадимае, ки  то ҳол побарҷост ин сохтмони хати оби 11 километра аст. Айни замон, Ҳалаб зиёда аз 2 миллион аҳолӣ дорад.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО


10 НАМУДИ МАЪРУФТАРИН ВАРЗИШИ ДУНЁ
6. БАСКЕТБОЛ
Бозии баскетбол соли 1891 дар маркази таълимии Ассотсиатсияи ҷавонони масеҳӣ дар Спрингфилд, иёлати Массачусетс ихтироъ ва қоидаҳои асосии он соли 1894 мураттаб гардидааст.
Барои бозии баскетбол ду дастаи дувоздаҳнафара лозим аст ва ба майдон барои бозӣ 5 нафарӣ мебароянд. Бозӣ аз чор қисми 10 дақиқаӣ иборат аст.
Баскетбол аз соли 1936 ба барномаи бозиҳои олимпӣ ворид гардидааст. Чемпионати ҷаҳон оид ба баскетбол миёни мардон аз соли 1950 ва бонувон 1953 мунтазам баргузор мегардад. Чемпионати Аврупо бошад, аз соли 1935 доир мешавад.
Баскетбол маҳсули фикри Ҷеймс  Нейсмит – муаллим, мураббии навовари канадавӣ - амрикоист.
Аввалин бозии расмии баскетбол декабри соли 1891 сурат гирифт.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


МУШҲОИ ПУЛХӮР
Дар Ҳиндустон 1, 23 миллион рупия пули дар яке аз банкоматҳо бударо мушҳо қисман хӯрдаанд, - хабар додааст нашрияи «Ria.ru».
Мувофиқи хабари ба ходимони бонк расида банкомат аз 20 май кор накардааст. Баъди аз миён гузаштани чанд рӯз ходимони бонк  қарор қабул намуданд, ки банкоматро кушода, таҷҳизотро санҷида бароянд. Санҷиш нишон дод, ки мушҳо пулҳоро қисман хоида, ба коғазпораҳои хурд ҷудо намудаанд.
Дар банкомат 2 миллиону 948 ҳазор рупия пул буд. Он асосан бо пулҳои коғазии 500 ва 2000 рупиягӣ пур карда шуда буд. Ҳоло аз рӯи ин ҳолат полис корҳои тафтишотӣ бурда истодааст.
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.07.2018    №: 133    Мутолиа карданд: 198

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед