logo

иқтисод

РУШДИ КООПЕРАТСИЯ – РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

6 июл дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии кооператсия таҷлил мегардад. Тоҷикистон ҳамчун давлати рӯ ба таррақӣ аз таҷлили ин санаи муҳим барои пешрафти соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат дар канор нест.  

Кооператсия ё худ кооператор гуфта, узви ташкилот ё иттиҳодияи ғайритиҷоратие дар назар дошта шудааст, ки барои ноил гардидан ба мақсадҳои мушаххас, ниёзҳои аъзои ташкилот, ки барои таъсиси он саҳм гузоштаанд ва онро дар асоси принсипҳои адолат, масъулиятшиносӣ ва ёрии ҳамаҷониба идора мекунанд, равона шудааст. Айни замон, чунин ташкилотҳо бештар соҳаҳои саноат, савдо ва хизматрасонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, сохтмон ва кишоварзиро фаро гирифтаанд. Бештар ба кооперативҳои истеҳсолӣ ва истеъмолкунандагон афзалият дода шудааст. Барои мисол, соҳаи савдо ва хизматрасонӣ аз соҳаҳои муҳими кооперативи истеъмолкунандагон ба ҳисоб рафта, дар бозори истеъмолӣ бо таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ ва хидмати босифат ҳуқуқи истеъмолкунандаро ҳифз мекунанд.      
Мустафо Шоталбов, сардори раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дар ин бора иброз дошт, ки солҳои охир вусъат ёфтани фаъ-олияти кооперативҳои истеҳсолию истеъмолӣ, пеш аз ҳама, дар беҳтар гардидани сатҳи некуаҳволии мардум аз ҷиҳати таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ нақши пешбаранда гузошта истодаанд. Албатта, фаъолияти имрӯзаи соҳаи савдо ва хизматрасонӣ бо назардошти фурӯши маҳсулоти пастсифати муҳлати истеъмолаш гузашта ва камбудиҳои дигар ҳанӯз беҳбудӣ мехоҳанд. Ба ин хотир, аз ҷониби раёсат ба роҳбарони бозорҳои коммуналию хусусӣ, марказҳои савдо, тарабхонаҳо ва нуқтаҳои хӯроки умумӣ бо ҷалби сохторҳои дахлдор дастурҳои методӣ ва тавсияҳо ҷиҳати аз байн бурдани камбудиҳо, аз ҷумла бегонапарастӣ ва тарзи дуруст истифода бурдани либоси ягонаи корӣ, маданият ва сатҳи баланди муошират бо харидорон дар объектҳои хизматрасонии савдо, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда шуд. То имрӯз роҳбарияти бозорҳо ва марказҳои  савдои ҳудуди шаҳри Душанбе фурӯшандаҳои худро бо либосҳои ягонаи корӣ ва нишони сарисинагӣ (бейжик) таъмин намудаанд. Вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амал тадбиқ намудан ва андешидани тадбирҳо оид ба риояи қатъии меъёрҳои амалкунанда ва бо истифодаи технологияи муосири нигоҳдории маҳсулоти гӯштӣ ва дигар маҳсулоти зудвайроншаванда дар нимсолаи аввали соли 2018 корҳои таъхирнопазир ба анҷом расонда шуданд. Айни замон, аз тарафи соҳибкорони ватанӣ аксари анборҳои нигоҳдории маҳсулоти гӯштӣ, ки дар қаламрави шаҳри Душанбе - ноҳияи Фирдавсӣ, маҳаллаи «Шодиёна», ноҳияи Сино, кӯчаи Абдуллобекова 6/1, кӯчаи Чимтеппа 3/4, кӯчаи Ҷаббор Расулов 10, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Умед 272 ҷойгир мебошанд, нигоҳдории маҳсулоти гӯштӣ бо истифода аз технологияҳои муосир ба роҳ монда, ба талаботи стандартӣ мутобиқ гардонда шудаанд. Барои хубтар ба роҳ мондани соҳаи савдо ва хизматрасонӣ, хусусан таъмини аҳолӣ бо молу маҳсулоти хушсифат раёсат махзани ягонаи иттилоотиву таҳлилиро оид ба фаъолияти объектҳои савдо омода намуда истодааст. Махзан дар доираи татбиқи “Дурнамои рушди савдо ва хизматрасонии маишӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2017 – 2025” амалӣ гардонда мешавад.
Ҳамин тавр, бо бартарафсозии баъзе камбудиҳои ҷойдошта  кооперативҳои истеҳсолию истеъмолӣ марҳила ба марҳила зинаи нави сифатиро касб намуда, ба рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар мусоидат менамоянд. Баргузории чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи байналмилалии кооператсия, аз қабили гузарондани омӯзиш - тренингҳо сатҳи касбии мутахассисони соҳаро боз ҳам беҳтар мегардонад, ки дар замони пешрафти илму техника, айни муддаост.   
О. ВАФОБЕК, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.07.2018    №: 133    Мутолиа карданд: 210

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед