logo

сиёсат

ЧАРОҒИ ҲИДОЯТ

Агар замоне Ҷумҳурии Тоҷикистон дар "ойинаҳои нилгун" - и хориҷи мамлакат як кишвари ҷангзадаву ноамн тасвир мешуд, имрӯз ба туфайли ваҳдати миллӣ ва раҳнамоии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мамлакати рӯ ба тараққӣ ва амнтарини минтақа табдил шуда, дар сиёсати байналмилалӣ ҷойгоҳи баланду шоистаро касб кардааст.

Мусаллам аст, ки вусъати корҳои ободониву созандагӣ ва рушди бонизоми иқтисоди миллӣ аз рӯзи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ 21 сол муқаддам оғоз ёфта, баъд аз хатми ҷанги шаҳрвандӣ кишвари соҳибистиқлоли мо ба марҳилаи нави таърихӣ ворид гардид, ки бунёдгузори чунин гардиши наку Президенти маҳбубу мардумсолори кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Аз таърихи инсоният медонем, ки дар марҳалаҳои гуногуни зиндагӣ бо сабабу омилҳои айнӣ ва зеҳнӣ унсурҳои таъминкунандаи ваҳдат халалдор шуда, боиси парокандагӣ ва ҳатто нобудшавии қавмҳо, миллатҳо ва давлатҳо шудаанд. Дар ибтидои Истиқлолияти давлатӣ чунин хатар ба сарнавишти тоҷикон таҳдиди мустақим мекард. Хушбахтона, дар чунин давраи сангини таърих ба иқболи мардуми тоҷик ва бо фазли Илоҳӣ шахсияте дар саҳнаи сиёсӣ зуҳур кард, ки халқи вомондаро аз доми балоҳо раҳо карда, хатари нобудии давлату миллатро аз байн бурд. Кунун аз файзи хиради воло ва сиёсати бунёдгарои ин шахсияти тобноки таърих Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони азиз сол ба сол уфуқҳои тозаи рушду тараққиётро фатҳ намуда, ободу зеботар мегардад.
Албатта, ваҳдати миллӣ ва ҳифзи арзишҳои бунёдии ин неъмати бебаҳо буд, ки дар партави сиёсати ояндасози Пешвои муаззами миллат ҳамчун чароғи ҳидояти мардум ба сӯи шоҳкориҳои азим гардид. Чунин шоҳкориҳоро мо аз як ҷашн то ба ҷашни дигари ваҳдати миллӣ пурра эҳсос мекунем ва мебинем, ки шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар пайи сохтмони иншооту муассисаҳои нав рӯз ба рӯз симои хубу зеботар касб мекунанд. Бо бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ мизони таъмини шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ беҳтар шуда, сатҳи иҷтимоии мардум низ баланд мегардад, ки натиҷаи сулҳу субот дар ҷомеа мебошад.
Аз нишондодҳои оморӣ бармеояд, ки ҳар сол ташрифи шумораи сайёҳони хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон афзоиш меёбад. Ин раванд, агар аз як тараф ба табиати зебову нотакрори кишвари азизи мо рабт дошта бошад, аз ҷониби дигар ҳамин сулҳу субот, муҳайё гардидани инфрасохтори замонавии туристӣ ва кафолати амниятӣ боиси ҷалби таваҷҷуҳи бештари ҷаҳонгардон аст. Чунон ки маълум аст, ҳоло Сарвари давлат ба рушди соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ интизориҳо дар мавриди боз ҳам бештар гардидани сайёҳони хориҷӣ ва тавсеаи фаъолият дар ин бахши муҳиму судоварро бештар кардааст.
Барои расидан ба ин ва дигар ҳадафҳои олӣ, пеш аз ҳама, ҳифзи арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ аз шумори вазифа ва масъулиятҳои аввалини ҳар яки мост. Зеро ҳаводиси замони муосир бо зуҳури хатарҳои оядасӯзи хеш, дар мисоли терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир метавонанд ба фазои сулҳу субот дар дилхоҳ ҷомеа халал ворид созанд. Гузашта аз ин, бархӯрдҳои сиёсиву муборизаҳои гурӯҳӣ далолат бар он доранд, ки мо бояд сулҳу суботи пойдори кишварамонро ба қимати ҷони худ ҳифз намоем ва аз хатарҳои афзоянда дар канор бошем.
Мавзуна ГУЛМАҲМАДОВА,
котиби марҳилаи якуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 06.07.2018    №: 133    Мутолиа карданд: 134

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед