иҷтимоиёт
МАЪЮБОН ҲАМЕША ДАР МАРКАЗИ ТАВАҶҶУҲ
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии табақаҳои эҳтиёҷманд, аз ҷумла маъюбон, ҳамеша зери таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор дорад ва дар ин самт пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Ҳалли масъалаҳои вобаста ба ҳифзи иҷтимоии маъюбону ниёзмандон, бахусус таълиму тарбия ва тавонбахшии онҳо барои зиндагии фаъолона, аз ҷумлаи самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат қарор гирифтаанд.
Ҷиҳати мустаҳкам намудани заминаҳои дастгирии иҷтимоии маъюбон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016 “Барномаи миллии тавонбахшии маъбон барои солҳои 2017 - 2020” қабул гардид, ки дар асоси он сатҳи зиндагии ин гурӯҳи осебпазири ҷомеа рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст.
Маҳз ғамхории роҳбарияти олии мамлакат нисбат ба ин табақаи ниёзманд аст, ки онҳо имрӯзҳо қариб ба тамоми шароити зиндагии арзанда, пеш аз ҳама, омӯзиши касбу ҳунар ва ҷойи кори муносиб, дастрасӣ доранд. Дар шаҳру навоҳии кишвар омӯзишгоҳу марказҳои махсуси таълимии маъюбон фаъолияти самарабахш менамоянд. Ин тадбирҳо баҳри дар оянда бо шуғли муносиб фаро гирифтани одамони имконияташон маҳдуд, заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Дар муассисаи давлатии «Литсей - интернати касбии махсуси маъюбон» - и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ аз тамоми гӯшаю канори мамлакат маъюбон ба омӯзиши касбу ҳунари замон ҷалб шудаанд . Дар ин ҷо аз соли 2010 инҷониб бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри маъюбон тамоми шароити зарурии таҳсил фароҳам оварда шудааст. Бинои муассиса пурра таъмиру азнавсозӣ шуд.
Мавлуда Саидзода, директори муассисаи номбурда, изҳор дошт, ки дар ин таълимгоҳ аз рӯйи 6 ихтисос ба маъюбон дарс дода мешавад.
Бино ба гуфтаи номбурда ба хотири боз ҳам бештар ба касбомӯзӣ ҷалб намудани гурӯҳи маъюбон дар шаҳру навоҳии мамлакат ташкили намояндагиҳои литсейи мазкур пешбинӣ гардидааст.
Воқеан, солҳои охир бо ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афроди башардӯсту саховатманд, роҳбарони корхонаву муассисаҳо, ташкилотҳо ва одамони рӯзгордида бо меҳру вафодорӣ ба маъюбон дасти мадад дароз менамоянд, ки аз баракати сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар шаҳодат медиҳад.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 06.07.2018 №: 133 Мутолиа карданд: 536