logo

фарҳанг

АСПИ ХАТЛӢ

Бо бардошти илҳом аз талошҳои оқилонаву ҷавонмардонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи дубора зинда сохтани фарҳанги бостонии тоҷикон, аз ҷумла парвариши асп, мехоҳем пиромуни аспҳои машҳури замони гузашта бо номи «аспи хатлӣ», ногуфтаҳоеро пеши дидори хонандагони гиромӣ оварем.
Бо воковии навиштаҳои гузаштагони бостон, аз ҷумла «Гота» - ҳои «Авасто» ба дурустӣ метавонем дарёбем, ки ниёкони мо нахустин одамони комёб дар ром кадани асбҳо буданд. Агар нигоҳе бар номҳои тоҷиктаборони бостон барафканем, дармеёбем, ки онҳо саросар ба асб бастагӣ доранд ва шуғлу дороиву муносиботи бисёре аз инсонҳои ориёиро аз номҳояшон метавон дарёфт. Мисли Зарасб (номи писари Манучеҳр) - дорандаи асби заррин, Гаршосби Сомон – фарбеҳкунандаи асби низор (лоғар), Беварасб - дорандаи ҳазор асб, Луҳросб, Гуштосб – парварандаи асб, Сиёвуш – дорандаи асби сиёҳ, Ҷомосб – дорандаи асби асил, Бонугушасб – духтари Рустам, зани Гев ва модари Бежан, Пурушасб (номи падари Зартушт) – дорандаи асби хокистарӣ, Патирагтарасб – номи бобои Зартушт, Пайитирасб ва Уругузасб – номи ниёкони Зартушт.... ва ғайра. Мардуми зодгоҳи Зартушт, яъне Балх на танҳо номҳои одамонро дар бастагӣ бо асб унвон мекарданд, балки номи ҷойгоҳи намозгузориашонро бо асб таркиб медоданд. Ба монанди оташкадаи Озаргушасб, ки дар «Шоҳнома» - и Ҳаким Фирдавсӣ чунин ёд шудааст:
Манучеҳрро буд ду пури гузин,
Далеру хирадманду бо фарру дин.
Яке ном Нузар, дигар чун Зарасб,
Ба майдон ба монанди Озаргушасб.

Маънии номи оташкадаи Озаргушасб, асби нари чун оташ мебошад.
Воқеан, дар бовариҳои динии фаротаърихии тоҷикон асб аз ҷойгоҳи вижае бархӯрдор буд. Чунончи дар «Авасто» омадааст, ки эзади Баҳром савори асби сафед аст. Дар бандҳои 11 то 13 Обоняшт эзадони баландпояи меҳрпарастӣ, Меҳр (Митро) ва Суруш, савори аробаҳои чорасба бозтоб шудаанд, ки он ишора ба чаҳор унсури сиришти дунё мебошад; Об, Бод, Хок, Раъд (Оташ). Ба чунин тавсифе низ дучор меоем, ки аз барои Меҳр, Аҳурамаздо аробае бо чаҳор асб, ба нишонаҳои боду борону абру раъд сохт.
Шоҳону диловарсарони кишвари Фирдавсӣ, яъне Хуросони бузург, ки зодбуми тоҷикон буд, асбҳои худро бад - он сон гиромӣ медоштанд, ки онҳоро бо номҳои хосси инсонҳо унвон мекарданд. Чунончи асби Настур – писари Зарир Беҳзод ном дошт. Ба ҳангоми даргузашти шаҳсаворон маросимҳои сӯгворие анҷом медоданд, ки хеле таъсирбахшу ҳузнангез буданд.
Набояд аз дида дур дошт, ки дар забони тоҷикӣ рангҳо ончунон ба вижагии асбҳо пайвастагӣ доштанд, ки гоҳе маънии луғавии худро бохта, сифати асб шудаанд. Ба монанди «хинг», «шабдез», «шабранг». Аслан дар забони тоҷикии миёна, ранги сафеди равшанро «хинг», мегуфтанд ва ҳоло низ дар гӯиши мардуми Вахиё, Ванҷ, Дарвоз ва қисмати зиёди манотиқи ҷануби Тоҷикистон ва шимоли Афғонистон, ранги сафеди равшан ва ё камрангиро «хинг» мегӯянд. Аммо ин вожа, чуноне дар боло ёд шуд, маънии луғавиашро тағйир карда, ба маънии асб кор бурда мешуд. Ба соне ки дар қасидаи машҳури Рӯдакӣ омадааст:
Оби Ому бо ҳама паҳноварӣ
Хинги моро то миён ояд ҳаме.

Мебояд ёдовар шуд, ки рӯди Хинговро, ки сарчашма дар Вахиё дорад, маънӣ оби сафед аст.
Бояд ҳамеша дар ёд дошт, ки тоҷикон бар асари ошуфтагиҳои ҳазорсола, чирамандии тозиёну биёбонгардон, аз даст додани муқаддастарин арзишҳои инсонӣ – давлатдории миллии худ, хотираи таърихии хешро ба фаромӯшӣ супориданд. Ҳамин буд, ки мо дар баробари аз ёд рабудани як силсила арзишҳои миллии таърихии худ, номи асбҳо ва зотҳои парваришдодаи бобоёнамонро низ ба фаромӯшӣ супурдаем.
Яке аз зотҳои овозаманди аспҳои тоҷикӣ «асби хатлӣ» мебошад.
Дар аксари таълифоти гузаштагон, агар гуфтор пиромуни Хуталон (Хатлон), ё васфи вижагии асбҳои шоҳону диловарсарони   тоҷиктабор бошад (аз ҷумла дар «Шоҳнома» - и Ҳаким Фирдавсӣ, «Хамса» - и Низомӣ), ҳатман аз хушзотии «асбҳои хатлӣ», ба таъкид ёд мешавад. Зоти аспи хатлӣ бисёр қадимӣ аст ва пеш аз замони давлатдории Ҳахоманишиён ин зот ба вуҷуд омада, бо чобукӣ ва таҳаммулпазириашон дар душвориҳои минтақаҳои кӯҳистонӣ ва нимакӯҳистонӣ, мояи ҳайрати мардумони худӣ ва бегона гаштаанд. Чуноне аз тавсифҳои «Шоҳнома» - и Ҳаким Фирдавсӣ бармеояд аспи хатлӣ андоми кашида, думи борик, сару гардани баланду зебо, лабҳои борику мутаносиб, гӯшҳои хурд ва роҳравии хиромон доштааст.
Дар бораи  мансубияти аспи хатлӣ ба музофоти (вилояти) Хатлон (Хуталон), дар аксари фарҳангномаҳо (луғатҳо) шарҳу бозгӯиҳои равшан ҷой дорад.
Шоирони номии адабиёти форс – тоҷик дар баробари бозтоби зебоиву тавонмандии аспи хатлӣ, бештар ба хиромиданҳову тезрафтории он аҳамият додаанд.
Дар поён мехоҳам ёдовар шавам, ки бо дидани талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат, ба дудилагие роҳ намедиҳем, ки асбони хатлии овозаашонро аздастдода дубора дар майдонҳои варзишиву намоишӣ ҷилва хоҳанд кард.
Зафар МИРЗОЁН,
мушовири ректори Донишгоҳи
давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.07.2018    №: 134    Мутолиа карданд: 262

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед