logo

сиёсат

ҲНИ. КАЖДУМИ ЗЕРИ БӮРЁ

Дар ҷомеаи имрӯза ҳодисаҳои зиёде рух медиҳанд, ки бархе аз онҳо хосияти иртиҷоӣ дошта, дар байни мардум мушкилӣ ва муқовиматҳои мухталиф ба бор меоранд. Агарчи онҳо моҳияту хусусиятҳои асосии инкишофи оламро таҷассум карда натавонанд ҳам, дар инкишофи таърихии халқҳо, кишварҳо ва минтақаҳои гуногун таъсир мегузоранд.

Баъди фанои лагери сотсиализм, рушди муосири олам, ташаккули низоми нави ҷаҳонӣ ҷараёнҳои сиёсӣ дар маънӣ ва тобиши нав аз худ дарак медиҳанд. Низоми нави ҷаҳонӣ ва муносибатҳои нави байни халқҳо ва кишварҳо парда аз рӯи ҳодисаҳо ва ҷараёнҳои сиёсӣ барканданд. Ҷараёнҳо ва неруҳои сиёсии равияи канора беш аз пеш сифатҳои иртиҷоию ифротии хешро ошкор месозанд. Дар ин миён экстремизми сиёсӣ пешсаф аст, ки аз идея, андешаҳо, амалу фаъолияти канорае таркиб ёфтааст ва фаъолияти худро бадбахтона дар зери ниқоби ислом амалӣ мегардонанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои нав-бунёд ба ҳисоб меравад. Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ бар муқобили ин кишвар гурӯҳҳо ва созмонҳои гуногуни террористӣ баҳри мураккаб сохтану ба даст овардани фазои сиёсию иттилоотии он тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода истодаанд. Гурӯҳҳои мазкур мехоҳанд сулҳу суботро аз байн баранд ва пояи давлатдорию истиқлолиятро заиф намоянд.
Дар раванди ба даст овардани истиқлолият ва амалигардонии арзишҳои демократию дунявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири гуногунандешӣ ва беҳтару хубтар инкишофёбии давлат фаъолияти ҳамагуна ҳизбҳои сиёсӣ дар асоси Конститутсия (моддаҳои 8, 28) иҷозат дода шуд. Дар ҳамин асос ҲНИ (ташкилоти террористӣ - экстремистӣ) 4 декабри соли 1991 дар хориҷи мамлакат таъсис ёфт ва дар ҷумҳурӣ фаъолияташро оғоз кард. Дар ибтидо фаъолияти роҳбарони ин ҳизб пардапушона буда, дере нагузашта бо сарпарастии неруҳои хориҷӣ мақсади ғасби ҳокимият ва тағйири сохти конститутсиониро карда, даст ба таъсиси гирдиҳамоиҳо ва ошубҳо заданд, ки оқибат ба сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ оварда расонд. Агар мо ба мазмуни категорияи ҳизб нигарем, ҳизб ин иттиҳоди ихтиёриест, ки дар доираи як ғоя, таълимот муттаҳид шуда, ба таври осоишта мубориза бурда, мақсади роҳ ёфтан ба ҳокимият ва ба даст овардани он мебошад. Аммо принсипи мазкури муборизаро роҳбарон ва пайравони ҲНИ вайрон намуданд. Дар ҳамон солҳои вазнин фаъолияти ин ҳизб аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуд. Бо вуҷуди ин роҳбарияти ин ҳизб аз ҳолати ногувори сиёсӣ - иҷтимоӣ, иқтисодӣ - маънавӣ истифода бурда, ғайриқонунӣ фаъолияти ғаразноки худро идома медоданд. Баъди имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ миёни Ҳукумат ва неруҳои мухолифин 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, гуноҳи ҷинояткорон авф ва дар асоси санадҳои меъёри ҳуқуқӣ ба фаолияти ҲНИ 12 августи соли 1999 дар ҷумҳурӣ аз сари нав иҷозат дода шуд. Таҷрибаи таърихиро сабақ накарда, гузашткуниҳои Ҳукумати ҷумҳуриро қадр накарда, роҳбарият ва аъзои ин ҳизб бо дастгирии қувваҳои беруна боз дар ҷомеа муборизаи ноҷавонмардонаро ба таври гуногун оғоз намуданд.
Дар давоми фаъолияти ин ҳизб ҳамаи шаҳрвандон ба воситаи ВАО диданд ва шоҳид ҳастанд, ки намояндагони элитаи онҳо дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон даст ба амалҳои ҷиноятӣ мезаданд. Ниҳоят барои амалигардонии ҳадафҳои ғаразноки худ, шаби 3 ва 4 сентябри соли 2015 дастаҳои ҷинояткорони аъзои фаъоли ҲНИ А. Назарзода тибқи нақшаи ҷиноятии пешакӣ таҳияшуда, даст ба содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, кӯшиши табаддулоти давлатӣ заданд. Дар натиҷаи ҳуҷумҳои мусаллаҳона дар шаҳрҳои Душанбею Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ даҳҳо нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва одамони бегуноҳ ба ҳалокат расида, чанде дигар маҷрӯҳ шуданд. Бо сабабҳои дар боло овардашуда ҳизби ҲНИ аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2015 ҳамчун ташкилоти террористӣ - экстремистӣ эълон ва фаъолияташ дар Тоҷикистон манъ карда шуд.
Дар вақти фаъолият намояндагони ин ташкилоти террористӣ одамонро бо ёрии воситаҳои гуногун ҷалб менамуданд. Яке аз омилҳои асосие, ки боиси фирефта шудани шаҳрвандон ба ин ташкилот мегардид, ин омили динӣ мебошад. Паст будани маърифати динӣ, таассуб ва хурофоти динӣ миёни мардум, маълумоти динӣ надоштан ва воқиф набудан аз асли ислом (дуруст дарк накардани оятҳои Қуръони Карим, аҳкоми шариати исломӣ); ҷавонони гумроҳро ба ин ташкилот моил месозад. Дар асоси ҳамин ҷавононе, ки ғайрирасмӣ дар муассисаҳои динии хориҷи кишвар таълими динӣ мегирифтанд, то соли 2015 беш аз 3 ҳазор нафари онҳо ба Ватан баргардонда шуданд ва таълими онҳо дар дохили ҷумҳурӣ идома ёфт; тарғиб намудани идеологияи нодуруст, аз ҷумла тафсири нодурусти оятҳои Қуръон, ҳадисҳои Пайғамбари ислом ва фатвоҳои уламои ислом оид ба ҷиҳод аз омилҳои муҳими фирефта шудани одамон ба ақидаҳои ифротӣ мебошад.
Бо ташаббуси Пешвои миллат эълон гардидани соли 2009 ҳамчун Соли бузургдошти Имоми Аъзам тавонист, ки миллати тоҷикро дар рӯҳияи мазҳаби дуруст тарбия намояд. Ташабуси дигари Пешвои миллат ин ба забони тоҷикӣ тарҷума кардани китоби Қуръони Карим ва ҳадисҳои Пайғамбар, китобҳои Имом Бухорӣ буд, ки хушбахтона, мардуми тоҷик бо амалӣ гаштани чунин ташаббусҳои оқилона роҳи дурустро аз нодуруст, фарқ карда тавонист.
22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири нигоҳдошти фазои ором, рушди ҷомеаи демократӣ, мустаҳкам кардани пояҳои дунявият, дар фазои солим тарбия ёфтани аҳолӣ ба як қатор моддаҳо тағйиру иловаҳо ворид карда шуд. Махсусан, дар моддаи 8 - и Конститутсия дар матни зерин “Дар Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин, маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст” илова карда шуд. Инчунин, ба банди якуми моддаи 28 ба матни зерин “Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намояд, ихтиёран ба онҳо дохил ва аз онҳо хориҷ гардад”, иваз карда шуд.
Терроризм ва экстремизм шаклҳои оҷизонаи муносибати одамон, табақае мебошад, ки қудрати ҳимояи манфиатҳои худро дар шакли оқилона надорад ва танҳо истифодаи воситаҳои канораро воситаи асосии ҳалли масъала медонанд. Ба мо лозим меояд, ки дар зеҳни ҷавонони имрӯза андешаҳои солим, аз қабили арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, ватандустӣ, хештаншиносӣ, расидан ба қадри сулҳу субот ва оромию осудагии кишварро тарбия намоем.
Ф. ЯҚУБОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.07.2018    №: 134    Мутолиа карданд: 155

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед