logo

иҷтимоиёт

ТОҶИКОБОД. ТАНЗИМ БА АФЗОИШИ АМАЛҲОИ ХАЙР МУСОИДАТ КАРД

Вобаста ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Низомномаи намунавии комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятӣ ташкил шуда, рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро дар ноҳия зери назорати доимӣ қарор медиҳад.
Тавре Хайрулло Миршоев, мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ноҳия, иттилоъ дод, дар асоси муқаррароти низомнома комиссияи доимӣ вазифадор аст, ки иҷрои талаботҳои қонунро зери назорат гирифта, таҳияи тавсия ва дастурҳоро барои камхарҷ гузарондани ҷашну маросимҳо ва ҳамзамон, фаҳмондани талаботи қонунгузориро ба шахсони ҷашну маросим дошта хуб ба роҳ монанд. Ҳамоҳангии фаъолияти бахш бо комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятӣ дар он зоҳир мегардад, ки дар ноҳия баробари фаъолияти бахш, инчунин комиссияи доимии мақомоти иҷроия оид ба танзим амал менамояд, ки сарварии онро раиси ноҳия ба уҳда дорад. Ҳангоми ошкор гардидани ҳолатҳои қонуншиканӣ аз ҷониби аҳолӣ ё колективҳои меҳнатӣ аъзои он масъаларо баррасӣ менамоянд. Дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ дар ноҳия 2 ҳолати қонуншиканӣ аз тарафи сокинон оид ба риоя накардани муқаррароти қонуни мазкур ба қайд гирифта шудааст.
Аз тарафи бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ноҳия оид ба иҷрои муқаррароти қонун гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудааст, ки дар нимсолаи аввал дар 5 ҷамоат бо аҳолӣ 22 мулоқоту вохӯрӣ доир намуданд. Мулоқотҳо атрофи иҷроиши қонунҳои соҳавӣ ва мавзӯъҳои пошхӯрии оилаҳои ҷавон, масъулияти шаҳрвандӣ, пешгирии зуҳуроти номатлуб, аз қабили суиқасд ба ҷони худ, муқовимат бо ҷараёнҳои террористӣ экстремистӣ ва муътадил нигоҳ доштани фазои динӣ буд.
Дар шаш моҳи соли равон аз тарафи комиссияҳои доимӣ 390 маъракаи тӯйи домодию арӯсӣ ба қайд гирифта шуда, ҳамчунин, тӯйи домодию арӯсии хайриявии 15 ҷуфт ва хатнасури 50 нафар кӯдаки ятим аз оилаҳои камбизоат гузаронда шудааст.
Бояд таъкид кард, ки оид ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расондани кумакҳои хайриявӣ ба шахсони ниёзманд аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод дар якҷоягӣ бо шахсони саховатпеша дар арафаи иди саиди Фитр ба ниёзмандон ба маблағи 166 945 сомонӣ кумаки модӣ расонда шуд.
Дилшод АМИРОВ,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.07.2018    №: 134    Мутолиа карданд: 150

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед