logo

иқтисод

МОҲӢ. ХОҶАГИҲО БА ДАСТГИРИИ БЕШТАР НИЁЗ ДОРАНД

Ҳамасола дар ҷумҳурӣ  якшанбеи дуюми моҳи июл Рӯзи моҳипарварон ҷашн гирифта мешавад. Корхонаи воҳиди давлатии  «Моҳии Тоҷикистон» саъю кӯшиши худро ба он равона намудааст, ки ҳаҷми истеҳсоли моҳиро дар ҷумҳурӣ зиёд намуда, барои ғанитар гардондани дастархони мардум бо гӯшти парҳезӣ саҳми худро гузорад.
Моҳипарварӣ  яке аз соҳаҳои сердаромад ба ҳисоб рафта, инчунин, барои саломатии инсон манфиатбахш мебошад. Ба гуфтаи мутахассисони соҳаи тиб, гӯшти моҳӣ барои нағз инкишоф ёфтан ва фаъолият кардани узвҳои инсон доруст. Чунки дар таркиби он 10 намуди аминокислотаҳои ивазнашаванда, қариб ҳамаи витаминҳои барои  инсон зарурӣ мавҷуданд, ки барои пешгирии касалиҳои саратон, ҷоғар, нобиноӣ ва инкишофи майнаи сари инсон нақши асосӣ мебозанд.            
Бино ба иттилои  Аҳмадҷон Ғафуров, раиси КВД «Моҳии Тоҷикистон», «Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ барои солҳои 2009 – 2015» ба пешравии соҳа мусоидат намуд. Корхона ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ истеҳсоли гӯшти моҳиро  ба 370,1 тонна расонд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,5 тонна зиёд мебошад. Тибқи нақша, имсол истеҳсоли 2300 тонна моҳӣ дар назар аст.
- Дар доираи амали  ин барнома теъдоди хоҷагиҳои моҳипарварӣ  аз 7 адади соли 2007  ба 280,  шумораи ҷойҳои корӣ аз 80  ба 930  ва  истеҳсоли моҳӣ аз 214 тонна соли гузашта ба 2073 тонна расид. Истеҳсоли моҳӣ давоми   панҷ сол 10 маротиба зиёд гардида, масоҳати ҳавзҳо  аз 1280 гектар ба  2900  гектар расид. Айни ҳол дар ҳавзҳои мамлакат 65 намуди моҳича парвариш меёбад. Имкон ҳаст, ки дар оянда парвариши  25 намуди моҳичаҳои дигари хушзотро ба роҳ монем, -  гуфт А. Ғафуров.
Тавре маълум аст, дар ҷумҳурии мо  захираи оби тоза хеле фаровон аст. Ин имкон медиҳад, ки соҳаи мазкур босуръат рушд ёбад. Мувофиқи хулосаи мутахассисони соҳа, имрӯз  иқтидори воқеии ҷумҳурии мо  имкон медиҳад, ки дар як сол то 300 ҳазор тонна моҳии молӣ истеҳсол карда шавад. 
Албатта, рушди чашмрастари соҳа татбиқи бетаъхири як қатор тадбирҳои муассирро тақозо менамояд.Тавре аз суҳбат бо роҳбарони хоҷагиҳо маълум гашт, онҳо пеш аз ҳама ба дастгирии бештари давлатӣ  ниёз доранд.  Бино ба пешниҳоди онҳо дар марҳилаи аввал барои рушди соҳаи моҳипарварӣ -  ҳамчун соҳаи парандапарварӣ муқаррар намудани  имтиёзҳо барои моҳипарварон зарур аст. Яъне, аз пардохти гумрукӣ озод намудани воридоти хӯрокаи моҳӣ, тухми бордоршудаи моҳӣ, кирминамоҳичаҳо, моҳичаҳои хушзот, технологияи коркарди хӯрокаи маҳсулоти моҳӣ, ташхиси об ва системаҳои моҳипарварӣ, инчунин, пешбинӣ намудани сабукиҳо дар андози даромад ва нархи обу барқ.  
Моҳиҳои истеҳсоли Тоҷикистон, тибқи хулосаи мутахассисони соҳа,  дар ҷаҳон аз ҷиҳати экологӣ хеле босифат ва барои солимии инсон манфиатбахш мебошанд.  Рушди соҳа, ҳамчунин, барои ғанӣ гардидани  буҷети кишвар ва таъмини амнияти озуқаворӣ  мусоидат мекунад. Пас, дар доираи имкониятҳое, ки дорем, чаро аз чунин пешниҳодҳои муфид ҷонибдорӣ накунем? 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.07.2018    №: 134    Мутолиа карданд: 97

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед