logo

иҷтимоиёт

БОНУВОНИ ИХТИРОЪКОРИ ТОҶИК. ПИРӮЗИИ НАВИ ҶАҲОНӢ

Ғамхории доимии давлату Ҳукумати кишвар, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаққи бонувон самарҳои нав ба нав меоварад. Инак, бонувони тоҷик бори дигар ҷаҳониёнро бо ихтирооту навсозиҳои хеш дар ҳайрат гузоштанд ва эътирофи умум шуданд.

Тавре аз Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ба «Ҷумҳурият» хабар доданд, дар Намоишгоҳи байналмилалии 11-уми бонувони ихтироъкор, ки дар шаҳри Сеул - пойтахти Ҷумҳурии Корея баргузор гардид, бонувони тоҷик 9 ихтирои дорои аҳамияти ҷаҳонӣ пешниҳод намуданд, ки ҳамаи онҳо баҳои баландтарини ҳайати ҳакамони байналмилалиро соҳиб шуданд.
Кумитаи тадорукоти намоишгоҳи байналмилалӣ ихтирооти бонувони тоҷикро бо 4 медали тилло, 4 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ сазовор донист.
Сурайё Тағоева – устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои ихтироъ дар соҳаи кимиё (эфири этилии кислотаи пентан – моддаи хушбӯй»), Фариза Ҳалимова – устоди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино барои ихтироъ дар илми тиб («Тарзи пешгӯии вайроншавии саломатии репродуктивӣ»), Зумрат Ғайбуллоева – устоди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ барои ихтироъ дар соҳаи металлургия («Тарзи истихроҷи сурб аз консентратҳои полиметаллии сулфидӣ»), аспиранти ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино Мижгона Шуҳратзода барои ихтироъ дар соҳаи тиб («Метрарги фаъолияти зиддимикробӣ») бо медалҳои тилло, Раъно Қаҳҳорова – корманди маркази колопроктологияи шаҳри Душанбе барои ихтироъ дар соҳаи тиб («Малҳами «Бензой» барои табобати илтиҳоби фасодӣ»), Маҳина Султонмамадова – устоди ДМТ барои ихтироъ дар соҳаи кимиё («Эфири сохти нав ба сифати моддаи холелитоликӣ ва гипохолестиринӣ»), табиби ҷарроҳ Шабнам Муродова барои ихтироъ дар соҳаи тиб («Тарзи ташхиси лапароскопӣ»), корманди Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Замира Расулова барои ихтирои тиббӣ («Моддаи «Фитазит») бо медали нуқра ва номзади илми кимиё  Кимиё Мабадқадамова - корманди ДМТ барои ихтироъ дар соҳаи кимиё («Тарзи сайқалдиҳии электролитии маснуоти тиллоӣ») бо медали биринҷӣ қадр гардиданд.
Бори аввал нест, ки бонувони ихтироъкори тоҷик дар арсаи байналмилалӣ комёбиҳои беназир ба даст меоранд. Танҳо дар Намоишгоҳи  байналмилалии бонувони ихтироъкор дар шаҳри Сеул бонувони тоҷик тайи солҳои охир ба гирифтани 35 медали тилло, нуқра ва биринҷӣ шарафёб шудаанд.
С. РАҶАБЗОДА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.07.2018    №: 134    Мутолиа карданд: 207

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед