logo

иқтисод

ТАНЗИМИ НАРХ. ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ МАҲСУЛОТИ НИЁЗИ АВВАЛРО ЗЕРИ НАЗОРАТ МЕГИРАД

Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд дар кишвар нархи як гурӯҳ маводи озуқаи ниёзи аввал танзим шуда, рафти риояи онро сохтори ваколатдори давлатӣ – Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мебарад. Ҳадафҳои ин тасмими муҳимро барои хонандагони «Ҷумҳурият» муовини якуми сардори Хадамоти зиддиинҳисорӣ Одиназода Назар шарҳ медиҳад.

- Суханро каме аз дур сар мекунам. Моҳи майи соли гузашта Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» қабул шуд, ки тибқи муқаррароти он дар ҳолати болоравии беасоси нархи молу маҳсулот танзиму назорати давлатӣ ба он роҳандозӣ мегардад. Мутобиқи моддаи 15 қонуни мазкур, 31 майи соли равон таҳти рақами 287 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи номгӯи мол ва маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ, ки нархҳояшон таҳти танзими давлатӣ қарор дода мешаванд» ба тасвиб расид.
Тоҷикистони соҳибистиқлол бо роҳи иқтисоди бозорӣ пеш меравад ва дар бозорҳои он нархҳо ба таври озод ташаккул меёбанд. Яъне, онҳоро талабот ва пешниҳод танзим мекунад. Ин нуктаи муҳимро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд. Аммо, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати гароншавии беасоси нархҳои молҳои ниёзи аввал бо назардошти манфиатҳои иҷтимоии аҳолии кишвар ҷиҳати ба эътидол овардани вазъият тадбирҳои зарурӣ меандешад. Аз ҷумла, тавассути танзими давлатии онҳо.
Дар қарори номбурда 16 намуд маҳсулоти озуқа муайян шудааст, ки дар ҳолати беасос баланд гардидани нархи онҳо зери танзими зиддиинҳисорӣ қарор дода мешаванд.

- Шумо онҳоро барои огаҳии мардум номбар карда метавонед?
- Бале. Орд (навъи якум ва дуюм), нони аз орди навъи якум ва дуюм тайёршуда, маҳсулоти макаронӣ, гандум, биринҷ, картошка, сабзавот (сабзӣ, пиёз, карам), қанди сафед, шакар, равған (равғани пахта, равғани дигар рустаниҳо, маска), ғалладона (наск, нахӯд, марҷумак, ярмаи ҷав), гӯшт (гӯшти гов, гӯсфанд, мурғ), тухм, намак, маҳсулоти ширӣ (шир, кефир, қаймоқ, сметана, творог) чойи кабуду сиёҳ ва ғизои кӯдакон.

- Бо қарори мазкур Хадамоти зиддиинҳисорӣ масъули ҷилавгирӣ аз боло рафтани нархи онҳо таъйин шудааст. Ин корро бо чӣ тартиб ба роҳ мемонед?
- Дар сурати тавассути мониторинг муайян кардан, ки дар муддати як моҳ дар бозору мағозаҳо нархҳо беасос 20 дарсад қимат шудаанд, мо бо истифода аз механизм ва усули танзими нархҳо, ки бо қарори алоҳидаи Ҳукумат тасдиқ шудааст, ба вазъият дахолат мекунем. Асосан бо се роҳ. Сатҳи иловапулии савдо, сатҳи ниҳоии фурӯш ва сатҳи ниҳоии даромаднокиро ба маҳсулоти муайян муқаррар менамоем. Ин тадбир муваққатӣ, яъне муддати ду ё се моҳ давом меёбад. Дар ин давра маҳсулот вориди бозор шуда, истеҳсолгарон ба нархҳои танзимшаванда мутобиқ мегарданд ва вазъ ба эътидол меояд. Чун мониторинги бозорҳо аз ҷониби хадамот амали доимист, агар ҳолати номбурда бо ягон моли дигари ҳамон гурӯҳ рӯй диҳад, боз бо ҳамин роҳ он пешгирӣ мегардад.

- Танзими нарх бо ҳамин 16 намуд маҳдуд аст ё Хадамоти зиддиинҳисорӣ метавонад доираи васеътари молу хизматрасониро фаро гирад?
- Номгӯи молу маҳсулот ва хизматрасонии аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим, ки Хадамоти зиддиинҳисорӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд ва онҳо ба қарори мазкур ворид карда шуданд, албатта, зиёдтар аст. Дар марҳилаи аввал ҳамин 16 намуд мавриди назорат қарор мегирад. Дар оянда, агар нархи молу маҳсулоти дигар низ беасос гарон шавад, мо асоси қонунӣ дорем, ки ба он дахолат кунем. Зимнан, хадамот оид ба масъалаи мазкур бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳамкорӣ менамояд.

- Нархи танҳо молу маҳсулоти ватанӣ танзим карда мешавад ё қарори номбурда молҳои хориҷиро низ дар назар дорад?
- Барои мо, пеш аз ҳама, муътадилӣ, яъне дастрас будани нархи маҳсулоти хушсифат ба аҳолӣ муҳим аст, на дар куҷо истеҳсол шудани он.
Мусоҳиб Хуршеди ҶОВИД, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 09.07.2018    №: 134    Мутолиа карданд: 278

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед