logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

Бунёди таҳсилоти олии Ғафурҷон Ҳайдаров дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров гузошта шуда, баъди хатми он соли 1947 ба сифати ассистенти кафедраи таърих ба кор қабул мешаванд. Ва то охири умри бобаракаташон устод дар ин маъвои барояшон муқаддаси илму ирфон фаъолияти илмию таълимӣ доштанд.
Некию накукорӣ беҳтарин сифатест барои инсони комил шудан. Ин шиори зиндагии устод буданд. Олими тавоно ва инсони нексиришт ҳамеша некӣ карданро талқин мекарданду маънои зиндагиашонро дар он медиданд. Зеро тамкину виқор, андешамандиву фурӯтанӣ хосси он мардумест, ки таҳсил кардаанд, хосси он ашхосест, ки гарму сардиҳои зиндагиро чашидаанд ва аз неку бади олам бохабар шудаанд. Агар аз як тараф зиндагӣ сабақомӯзи Ғафурҷон Ҳайдарович шуда бошад, аз ҷониби дигар он кас бо таъсири хислатҳои наҷиби устоди бузургашон, Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров меҳнатдӯстию хоксорӣ ва фидокориро пеша кардаанд. Устод то метавонистанд, дасти касеро мегирифтанд, маслиҳатҳо медоданд,  аз комиёбию дастовардҳои ҳамкорон, алалхусус шогирдонашон шод мешуданд.
Саодатмандам, ки аз маслиҳатҳои беғарази устоди гиромӣ дар солҳои таҳсил дар шуъбаи таърихи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, айёми унвонҷуиям борҳо бархӯрдор шудаам ва худро  яке аз шогирдони ин марди барӯманд меҳисобам. Имрӯз низ дар ҷараёни фаъолияти корӣ бисёр пандҳо ва маслиҳатҳои ин марди нуронӣ дастгиру мададгоранд.
Дар қаламрави сухану эҷод устод Ғафурҷон Ҳайдаров худ хуршеди тобоне буданду бо хирадварзӣ ва илмсолорӣ шогирдони зиёдеро роҳнамоӣ намудаанд. Устод чун аз матбуоти даврӣ навиштаҳои ҷолибу арзандаи шогирдонро мутолиа мекарданд, аз ғояти мамнуниву қаноатмандӣ ҳатман аснои рӯ ба рӯ гардидан ё тавассути телефон андешаҳои хешро иброз медоштанд. Садҳо китобҳои бо соядаст ҳадянамудаи шогирдон ба устод нишони меҳрномаи бепоёнашон ба ин инсони фозил ва роҳпӯи ҷодаи маърифат маҳсуб мешаванд. Байни чунин навиштаҳо метавон бо ному насаби даҳҳо нафар ҷавононе рӯ ба рӯ омад, ки мутахассиси соҳаи таърих нестанду касбу пешаи дигар доранд.
Устод Ғафурҷон Ҳайдаров дар ҳавзаи таърихомӯзии қаламрави Суғд соҳибмактаби варзидае буданд. Имрӯз даҳҳо нафар муаррихони меҳан, ки дар илми таърихнигориву бозгӯи ин паҳлуи илм саҳми сазовор мегузоранд, ифтихор доранд, ки аз мактаби илмии ин марди фозилу донишвар гузаштаанд.
Осим КАРИМЗОДА,
сардори раёсати маорифи вилояти
Суғд, доктори илмҳои таърих, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.07.2018    №: 135    Мутолиа карданд: 86

26.09.2018


ЗАБОН ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Идомаи машқҳои зиддитеррористии «Иссиқкӯл - 2018» дар Қирғизистон

Ёрӣ ба 17 кишвари Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати бартарафсозии оқибати хушксолӣ

Иттиҳоди Аврупо Осиёи Марказиро маблағгузорӣ мекунад

Қазоқистону Ӯзбекистон моҳвораи муштарак сохтанианд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед