logo

иҷтимоиёт

РУШДИ ТАФАККУРИ ИЛМӢ РОҲИ НАҶОТ АЗ ТААССУБУ ИФРОТГАРОИСТ

Кору рӯзгор ва зиндагиномаи шахсиятҳои бузурги таърихӣ чун китоби пурҳикматест, ки ҳар касе бо таҳқиқ бар он чашм дӯзад, метавонад аз он сабақ омӯзад ва таҷриба гирад. Зиндагии аз корномаҳо саршор ва гоҳе фоҷиабори чунин бузургмардон улгуе сабақомӯз ва дарсе ибратбахш аст, ки аҳли ҷомеа бо огаҳӣ ва баҳрабардорӣ аз он метавонанд тариқи неку бадро аз ҳам ташхис диҳанд.
Яке аз чунин шахсиятҳои бузурги таърихӣ фарзанди фарзона ва барӯманди халқи ӯзбек Мирзо Улуғбек аст, ки огоҳ шудан аз ҷузъиёти рӯзгори ӯ барои дарёфти роҳкорҳои ҷомеасозӣ ва рафъи мушкилоти кунунии ҷомеаи башарӣ низ метавонад муфид бошад.
Муҳаммад Турағай маъруф ба Мирзо Улуғбек (1394 -1449), ки писари Шоҳрух ва набераи Темури Курагонӣ буд, аз нобиғаҳои замони худ маҳсуб меёфт. Расадхонаи азиму муҷаҳҳази ӯ, ки дар шаҳри Самарқанд бунёд шуда буд, шуҳрати зиёде дошт ва ҳанӯз ҳам ҳазорҳо сайёҳони дохиливу хориҷӣ ҳамарӯза онро тамошо мекунанд. Дар айёми ҳукмронии Мирзо Улуғбек дар Самарқанд бо дастури вай китобҳои зиёде аз форсиву арабӣ ба туркӣ тарҷума шуд. Мирзо Улуғбек аз асарҳои файласуфони машҳури юнонӣ, аз ҷумла аз осори Афлотуну Арасту огоҳӣ дошт ва ҳамчунин аз таълифоти Ал - Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва дигар мутафаккирони Шарқ, ки дар улуми табиӣ дидгоҳи хеле пешрафта доштанд, ба таври комил баҳра бардошта буд. Муҳити илмӣ ва пажӯҳишиеро, ки Мирзо Улуғбек дар аҳди худ дар Самарқанд ба вуҷуд оварда буд, бидуни тардид метавон ба ҳайси маркази таҳқиқотӣ ва академии он замон донист.
Омили аслии шуҳрати Мирзо Улуғбек навиштаҳои ӯ дар илми нуҷумшиносӣ аст. Давлатшоҳи Самарқандӣ дар “Тазкират - уш-шуаро” - и худ, ки каме баъдтар аз замони зиндагии Улуғбек нигошта буд, дар бораи Мирзо Улуғбек мегӯяд: “Фузало ва уламо муттафиқанд, ки ба рӯзгори ислом, балки аз аҳди Зулқарнайн то ин дам подшоҳе ба ҳикмат ва илми Мирзо Улуғбек бар мустақари салтанат қарор нагирифта”. Пажӯҳишҳо ва ҷусторҳои Мирзо Улуғбекро дар илми нуҷум метавон ба ҳайси охирин талошҳо ва такопӯҳои донишмандони қуруни вустои исломӣ дар риштаи улуми табиӣ барои кашфи асрори офариниш донист.
Ин мард на фақат дар арсаи илму адаб, балки дар арсаи сиёсат низ ҷойгоҳи барозанда дошт. Ҳанӯз аз синни 15 - солагӣ дар Самарқанд ба ҳайси ҳокими Мовароуннаҳр ба ҳукмронӣ шурӯъ карда буд. Соли 1446 пас аз вафоти падараш - Мирзо Шоҳрух, ки дар баробари Мовароуннаҳр ҳокими Хуросон низ буд ва пойтахташ шаҳри Ҳирот маҳсуб меёфт, ҳамчун ягона писари дар қайди ҳаёт будаи ӯ ба тахти салтанат нишаст. Маҳз аз ҳамин вақт Мирзо Улуғбек ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуд, ки оқибати он барои вай фоҷиабор буд. Омили ин мушкилот писари бузурги Мирзо Улуғбек – Абдулатиф буд. Абдулатиф марде буд мутаассиб ва ҷоҳталаб, ки худро ҳомии дин вонамуд мекард ва аъмоли падарашро бинобар иштиғол варзидани ӯ ба улуми табиӣ ва алалхусус ба илми нуҷум намеписандид. Сабаби асосии чунин шакл гирифтани шахсияти Абдулатиф дар он буд, ки вай аз хурдӣ дар назди муллоҳои мутаассибу тангназари он замон таълимоти ифротгароёнаи мазҳабӣ гирифта буд. Ӯ дорои ҷаҳонбинии танг, дониши маҳдуд буда, ҳамчун як инсони ниҳоят бераҳм ва манфур ба воя расида буд.
Абдулатиф, ки ҳокими Балх буду баъд аз вафоти бобояш ҳукмронии падарро дар тахти амирии Хуросону Мовароуннаҳр намепазируфт, барои тоҷу тахт исён бардошт ва баъд аз ду соли муҷодалаву пархош бо падар оқибат дар соли 1449 ӯро шикаст дод. Улуғбек аз Самарқанд ба шимол фирор кард, аммо чанде баъд ба дасти писар асир афтод ва саранҷом ба қавли Давлатшоҳи Самарқандӣ “дар лаби оби Суҷ, ки берун аз шаҳри Самарқанд аст”  аз дасти ин фарзанди ноаҳлу нохалафи худ дар таърихи 8 - уми моҳи рамазони соли 853 - и ҳиҷрӣ мутобиқ ба 25 октябри соли 1449 кушта шуд. Абдулатиф сари падарашро ҳангоме ки вай дар болои ҷойнамоз намоз мехонд, бо ханҷар бо як бераҳмии махсус ва даҳшатафканӣ аз танаш ҷудо кард. Баъди гузаштани се рӯз аз ин моҷаро Абдулатиф бо фармони махфӣ ҳукми қатли бародари хурдии худ – Абдулазизро низ ба ҷурми ҳамсӯи бо падараш содир кард, ки он бидуни таъхир аз тарафи навкарони манфиатҷӯи ӯ иҷро гардид.
Поёни кору рӯзгори фоҷиабор ва қатли Мирзо Улуғбек ба дасти писараш беихтиёр ҳодисаи нангинеро ба хотир меорад, ки чанд моҳ пеш дар Сурия дар қаламрави қаблии ДИИШ ба вуқӯъ пайваста буд. Дар ин моҷаро фарзанди мутаассибе ба таври ошкоро ва дар маҳзари ом сари модари худро бо теғ бурида, сипас навори ин қатли ваҳшиёнаро барои ҳаросафканӣ дар фазои маҷозӣ интишор дода буд. Чунин аъмоли ваҳшиёнаи хушунатбор, ки дар заминаи таассуб ба вуҷуд омадаанд, аз ҷумла дар замони ҷангҳои шаҳрвандии кишвари мо низ дар шаклҳои мухталиф кам рух надода буд. Аз ин гуна амалҳои номатлуб ва ғайриинсонӣ метавон дарёфт, ки таассуб то чӣ андоза падидаи хатарзо аст. Он на фақат равобити маъмулии иҷтимоиро дар байни инсонҳои мухталиф, балки ҳатто равобити устувори отифиро дар миёни наздиктарин ашхос низ метавонад ба осонӣ дарҳам шиканад ва гузашта аз ин, отифаро ба нафрати ваҳшиёна табдил диҳад.
Сабақомӯзу ибратбахш аст, ки ба қавли Давлатшоҳи Самарқандӣ баъд аз шаш моҳи қатли Мирзо Улуғбек писари қотилаш Абдулатиф низ кушта шудааст. Дар робита ба қазияи қатли Мирзо Улуғбек ва оқибати кори Абдулатифи мутаассибу ҷоҳпараст Давлатшоҳи Самарқандӣ ин байтро овардааст:
Падаркуш подшоҳиро нашояд
В-агар шояд, ба ҷуз шаш маҳ напояд.
Бале, саранҷоми кори ифротгароён фоҷиа аст. Аъмоли чунин афрод ҳаргиз наметавонад оқибати нек дошта бошад. Аз ин рӯ, набояд гузошт, ки манфиатҷӯён заминаи ташаккули тафаккури динии хурофотӣ ва мутаассибонаро таҳти шиори фиребои озодии эътиқод ва бо баҳонаи тарғиби арзишҳои диниву мазҳабӣ матраҳ кунанд.
Дар ин қазия ва қазияҳои ба ин монанд масъалаи шигифт-овар он аст, ки чаро афроди нохалафу ифротие чун Абдулатиф ба осонӣ муваффақ мешаванд, ки аксарияти мардумро ба сӯи худ мутамоил карда, бо неруи онҳо мардони фарзонае чун Мирзо Улуғбекро ғайримунсифона ва бо фаҷеътарин шакл аз саҳнаи сиёсат дур андозанд? Чаро ҷомеа дар чунин маврид на ашхоси фарзона, балки афроди мутаассибу ифротиро пайравӣ мекунад ва суди худро зарару амни худро хатар тасаввур менамояд? Омили чунин амали мутаноқизи ҷомеаро бояд аз вазъи идеологӣ ва ақидатии он ҷустуҷӯ кард. Чунин ҳолати мутаноқиз дар ҷомеаҳое метавонад ба вуҷуд ояд, ки тафаккури аксарияти афроди он хурофотиву мутаассибона аст. Дар ҷомеаҳое, ки шуури динии хурофотӣ бар шуури илмию воқеъгароёна авлавият дорад, ба осонӣ метавон мардумро алайҳи ҳама гуна падидаҳои навгароёнаву модернизм ва секулорӣ шӯронид.
Дар ин росто ҳақ ба ҷониби коршиносони сиёсии ватанӣ аст, ки мавҷудият ва ҳифзи шуури динии хурофотиро дар ҷомеаҳои мавриди назар ба нафъи гурӯҳҳои манфиатҷӯи байналмилалӣ медонанд. Аз ин аст, ки манфиатҷӯёни байналмилалӣ барои ба шуури пешбар ва асосии ҷомеаи мо табдил додани шуури мутаассибонаи динӣ кӯшида, мехоҳанд, ки мо аз масири маҳдуди тафаккури хурофотии динӣ ва ихтилофоти мазҳабӣ по берун нагузорем ва барои ноил шудан ба дастовардҳои илмӣ саъйу талоши ҷиддӣ надошта бошем, зеро агар тафаккури илмӣ рушд кунад, саноат рушд хоҳад кард ва дар он сурат мо дигар манбаи даст-расии ашёи хом ва бозори фурӯши маҳсулоти саноатии онҳо буда наметавонем ва будан намехоҳем. Тафаккури илмӣ силоҳи муқтадире хоҳад буд, ки ба василаи он мо на фақат бо сухан, балки амалан низ метавонем, манофеи миллии худро ҳимоят намоем. Маҳз ба ҳамин хотир неруҳои манфиатҷӯи минтақа ва байналмилалӣ намехоҳанд, ки тафаккури ҷомеаи мо илмӣ бошад, чунки дар он ҳолат имкони амалии ҳифзи манфиатҳои миллӣ пайдо мешавад, ки ин бо манфиатҳои онҳо созгор нахоҳад буд.
Бинобар ин бо мақсади таҳкими амну суботи сиёсӣ, устувории аркони давлатдории миллӣ ва рушду пешрафти ҷомеа бояд аз роҳкорҳои муассири ҷомеасозие истифода кард, ки суръати табдили тафаккури диниву хурофотии мардум ба тафаккури илмиву воқеъгароёна ҳар чӣ бештар рӯ ба афзоиш дошта бошад. Роҳи аслии наҷот аз вартаи таассубу ифротгароӣ маҳз дар ташаккули тафаккури илмист.
Хусрави ШЕРЗОД


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.07.2018    №: 135    Мутолиа карданд: 133

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед