logo

иҷтимоиёт

ТАҲАММУЛПАЗИРӢ ШАРТИ МУҲИМИ ТАРБИЯ

Қонунияти рушди ҷомеа бо наздикшавии ногузири кишварҳо, таҳкими ҳамкорӣ, таъсири мутақобилаи онҳо ба самти ҷаҳонишавӣ, ҳамгунсозии ҳамаи соҳаҳо, хусусан маориф, тавсиф мешавад. Таҳаммулпазирӣ имрӯз ба талаботи айнии замони муосир табдил меёбад, зеро ба ҳалли вазифаи мураккаби тайёр кардани ҷавонон ба ҳаёт дар муҳити бисёрфарҳангӣ, муколамаи тамаддунҳо ва таъсири мутақобилаи онҳо маҳз ба дӯши соҳаи маориф вогузор мегардад.

Маълум аст, ки ташаннуҷи иҷтимоии даҳаи охири қарни ХХ ва оғози садаи ХХI боиси инкишофи вазъияти номусоид дар ҳамаи соҳаҳои муносибатҳои иҷтимоӣ гардид. Тасодуфӣ нест, ки ҳанӯз соли 1995 ЮНЕСКО эъломияи принсипҳои таҳаммулпазириро қабул кард, ки эҳтироми байниҳамдигарӣ, эътидол дар муносибатҳои байналмилалӣ, тадбирҳо оид ба даст овардани сулҳу ризоият дар байни халқҳоро дар бар мегирад.
Таҳаммулпазирӣ, пеш аз ҳама, бо зарурати рафъи ҳар  гуна парокандагӣ, аз ҷумла парокандагии сиёсӣ, иҷтимоӣ, маҳаллӣ ва мазҳабӣ, марбут аст. Бинобар ин, ташаккули таҳаммулпазирӣ чун яке аз роҳҳои рафъи ҳаракатҳои иҷтимоӣ дар мадди аввал қарор дорад. Таълими таҳаммулпазирӣ мумкин аст дар асоси маърифати фарҳангии халқҳои гуногун амалӣ гардад ва барои тафоҳуми мутақобила замина фароҳам оварда, мавқеи ҳамкории судбахши мутамаддинро таҳким бахшад ва бо ин роҳ ба суботи байни миллатҳо мусоидат намояд.
Таҳаммулпазирӣ ва рафтори таҳаммулпазирона қобилияти бо тамоми одамон, новобаста аз миллату мазҳаби онҳо, барқарор кардану инкишоф додани муносибатҳои неку хайрхоҳонаро ифода мекунад. Он барои амалӣ гардондани ҳуқуқҳои инсон ва ноил шудан ба сулҳу осоиш зарур аст.
Асоси демократия ва ҳуқуқҳои инсонро низ таҳаммулпазирӣ ташкил мекунад, таҳаммулпазирӣ - сулҳдӯстӣ, тоқатпазирӣ нисбат ба ихтилофҳои этникӣ, мазҳабӣ, сиёсӣ ва байнишахсӣ мебошад. Айни замон, тоқатпазирӣ - ин танҳо гузашт, раҳму шафқат ё тағофул нест, балки мавқеи фаъолонаи ҳаётӣ дар асоси эътирофи ҳодиса ё падидаи дигар мебошад.
Бинобар ин имрӯз, ки шароити иқтисодӣ ва сиёсӣ дар кишвар тағйир ёфтааст, моро зарур аст, ки дар кори ташкили ҷамъияти шаҳрвандӣ ҷавононро ҷалб намоем. Дар вуҷуди онҳо эҳсоси меҳанпарастиро тарбия намуда, ташаккули чунин сифатҳои шахсият ба монанди: ташаббускорӣ, боғайратӣ, бомасъулиятӣ, мустақилӣ, равона кардани комёбӣ на танҳо дар алоҳидагӣ, балки бо мақсади аҳамияти иҷтимоӣ ташаккул диҳем.
Ҳар кишвар саъю кӯшиш ва  ҷидду ҷаҳди худро ба ташаккули соҳаи маориф равона месозад, зеро маҳз дар муассисаҳои таълимоти ҳамагонӣ мутахассисони ояндаро дар рӯҳияи оромӣ, сабру тоқат тарбия кардан мумкин аст. Чӣ хеле ки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд, менталитети халқ хамчун қимати асосӣ нигоҳ дошта шавад, онро дар заминаи истиқлолияти давлатӣ, хусусияти таърихӣ, манзалат, эҳтиром ба гузаштаи худ ва дарк намудани он ки  олам на танҳо ба мамлакатҳо, балки ба таълимоту фарҳангҳои гуногун низ тақсим мешавад, такмил додан лозим аст. Зеро ягон мамлакат дар марҳилаи муосири мураккаби ҷаҳон дар танҳоӣ зиндагӣ карда наметавонад.
М. ТИЛЛОХОҶАЕВА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.07.2018    №: 135    Мутолиа карданд: 81

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед