logo

фарҳанг

ЧАКАН ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки чакан ва чакандӯзӣ таърихи қадима дорад. Ҳунармандони мо дар ҳар давру замон кӯшиш мекарданд, ки зебоӣ ва рангорангии табиати замину офтоби ҷои зисти худро ба риштаи тасвир кашанд.

Ба андешаи олимони соҳа, чакандӯзӣ ва фалаксароӣ хосси мардуми қисмати ҷануби Тоҷикистон, яъне вилояти Хатлон аст. Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон Хатлон на танҳо маркази тарғиботи чакан, балки дорандаи мактаби ин ҳунари зебо ва навъҳои он маҳсуб мешавад.
Калимаи «чакан» - ро бо калимаҳои «чеканит», «чеканка» - и русӣ ва «чакома» - ву «чакомак» - и авестоӣ алоқаманд мекунанд. Дар ин маврид вобастагӣ ба нақшро дар назар доранд, яъне чакан ин нақш аст. Вожаи «чакан»-ро фарҳангномаҳои муътабартарину куҳан, чун «Бурҳони қотеъ», «Ғиёс-ул-луғот», «Мадор», «Рашидӣ» низ шарҳ додаанд.
Имрӯз нақши чакан дар сӯзаниҳои Самарқанду Бухоро, Истаравшан, Дарвозу Ванҷ, Вахёву Рашт, ва дар нақшҳои лаби остину лаби домони мардуми Шуғнону Рӯшон низ акс ёфтааст.  
Дар минтақаи Кӯлоб куртаи чакан яке аз пироҳанҳои муҳим барои ҷашни арӯсӣ ба ҳисоб меравад ва ҳар арӯс бояд ин ҳунари аҷдодиро аз худ кунад ва то барпо шудани ҷашни арӯсияш бо дастони худ барояш чодари нақшини чаканӣ омода намояд.
Писарҳо бошанд, дар ҷашни домодияшон ба сар тоқии чакан мегузоранд. Мардуми одӣ ҳам хонаҳои худро бо девориҳои пурнақшу нигори чаканӣ ва тирезаҳоро бо пардаҳои гулдӯзишуда оро медоданд. 
Дар гулдӯзии чакан тасвирҳои рамзнок ва мазмунҳои мифологӣ (афсонавӣ) оид ба табиати атроф, кайҳон, орзуву омоли мардум истифода мешаванд. Ҳар нақши дар болои матоъ дӯхташуда ном дорад, чунончи косагул, гули анор, барги бед, бодомак, лола, райҳон, тоҷи хурӯс, булбул, думи товус, моҳу ситора, офтоб, абр ва монанди инҳо. Риштаҳоро дар асрҳои гузашта худи ҳунармандон аз калобаи пахтагин тайёр ва бо гиёҳу моддаҳои химиявӣ ранг мекарданд. Ҳоло бошад, чакандӯзон асосан аз риштаҳои истеҳсолии  корхонаҳои ватанӣ истифода мебаранд.
Ба бар кардани либоси чакан дар сурату сирати бонувони мо ҳувият ва худшиносии миллиро бедор мекунад. Ин аст, ки дар ҳама намоишҳо, озмунҳо, барномаҳои консертӣ, ҷашнҳои арӯсӣ, идҳои оммавӣ ва маишӣ, ҳамчунин, тавассути фестивалу озмунҳои «Таронаи чакан», «Ҷилваи чакан», «Чакомаи гесу», «Андалеб»  ва ғайра ин ҳунар ва либоси мардумӣ, ки аз ниёгон ба мо боқӣ мондааст, ҳамчун муаррифкунандаи таъриху фарҳанги миллати тоҷик намоиш дода мешавад.
И. БАДАЛОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.07.2018    №: 135    Мутолиа карданд: 165

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!

08.11.2018


ШАҲРИСТОН. Бунёди 68 иншооти нав

ГУЛИСТОН. Бунёди майдони Парчами давлатӣ ва навсозии кӯдакистони “Дилноз”

Вусъати созандагӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

ХУҶАНД. Ифтитоҳи маҷмааи фитнеси занона

НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ. Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

“АРБОБОНИ ИЛМИ ТОҶИК”

Бо хоҳиши Макрон вохӯрии муфассали Путин ва Трамп баргузор намешавад

Толибон нияти иштирок дар музокироти сулҳи Москваро доранд

Дар 40 соли ислоҳот савдои берунаи Чин 670 маротиба афзуд

Деҳлӣ ҳавои ифлосро бо борони сунъӣ тоза карданист

Ҷаҳон дар як сатр

МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2020. Ҳарифони мунтахаби Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

07.11.2018


Маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия

Мулоқоти Рамазон Раҳимзода бо Абдулазиз ибни Сауд

Пулҳои миллӣ бо такмили унсурҳои ҳимоя


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед