logo

сиёсат

МАШВАРАТИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ

9 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки муовини Сарвазири мамлакат, раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳо оид ба омодагӣ ба Ҷашни умумимиллӣ - 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва омодагии соҳаҳои иҷтимоӣ ба мавсими зимистони солҳои 2018 - 2019 дар пойтахти мамлакат, машварати корӣ доир карданд.

Дар машварат нахуст ҳисоботи муовини Сарвазири мамлакат, намояндаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои омода кардани пойтахт ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим вобаста ба рафти иҷрои корҳо ва таҳияи нақшаи чорабиниҳо шунида шуд.
Таъкид гардид, ки то имрӯз барои иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва аҳли ҷамоатчигии пойтахт нақшаи чорабиниҳо таҳия гардида, рӯйхат ва шумораи иншооти ҷашнӣ тартиб дода шудааст.
Ба рӯйхати иншоот, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва соҳибкорони ватандӯст давоми се сол то ҷашни истиқлолият бунёд мегарданд, асосан биноҳои таъйиноти иҷтимоӣ, аз қабили мактабҳо, боғчаҳои бачагон, марказҳои саломатӣ, иншооти гуногуни маишию маданӣ ва хизматрасонӣ, ҳаммом, сартарошхона, толорҳои "кошонаи ҳусн", майдончаҳои варзиш ва гулгашту хиёбонҳо шомил карда шудаанд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои вусъати корҳои ободонӣ, созандагӣ, таъмини тозагии муҳити зист, дар боғҳои фарҳангӣ - фароғатӣ шинондани гулу буттаҳои ороишӣ, иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, пурра аз таъмир баровардани муассисаҳои олию миёнаи таълимӣ ва омода кардани онҳо ба соли нави хониш, таъмири роҳҳои маҳаллӣ, беҳтар кардани шароити кор дар марказҳои саломатӣ ва дастрасии мардум ба хизматрасонии тиббӣ супоришҳои мушаххас доданд.
Дастур дода шуд, ки барои сазовор ҷашн гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бояд аз ҳозир корҳои ободонию созандагӣ ба роҳ монда шуда, бо иштироки фаъоли мардум дар шаҳри Душанбе иншооти наву муосири таъйиноти гуногун сохта ба истифода дода шаванд.
Супоришҳои дигар ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои омодагӣ ба мавсими зимистони солҳои 2018 - 2019, таъмини пурраи иншооти пойтахт бо гармӣ ва неруи барқ, захираи зарурии маводи хӯрока ва сӯзишворӣ, инчунин, дигар корҳои ободонӣ дода шуданд.
Мавриди зикр аст, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони сохторҳои давлатӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, онҳо дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва иштироки фаъоли соҳибкорони ватандӯст аллакай дар саросари кишвар корҳои бунёдкориро ба хотири истиқболи сазовори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ оғоз кардаанд.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.07.2018    №: 135    Мутолиа карданд: 103

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед