logo

Хабарҳо

Тайёрӣ ба Чемпионати Осиё оид ба қаиқронӣ

Тими мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 8 нафар ба чемпионати Осиё, ки 20 – 28 август дар Ҷакарта – пойтахти Индонезия баргузор мегардад,  дар мавзеи Искандаркӯл омодагӣ мегирад.
Тавре Нодир Сафаров, котиби генералии Федератсияи қаиқронии кишвар, иттилоъ дод, барои такмили маҳорати варзишгарони тоҷик соли равон Федератсияи байналмилалии қаиқронӣ 4 - то, Федератсияи қаиқронии Осиё 10 ва сарпарастони дастаи мунтахаб 4 қаиқ тақдим карданд. Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки қисми зиёди қаиқҳо ба хотири рушди ин намуди варзиш дар маҳалҳо ба ноҳияҳои Муъминобод ва Вахш фиристода мешаванд.
Зимнан, чемпионати Тоҷикистон оид ба қаиқронӣ дар байдарка   ва каноэ, ки чанде пеш дар Душанбе доир гашт, густариши онро дар бисёр шаҳру навоҳии кишвар собит намуд. Дар ин мусобиқа 86 варзишгар, аз ҷумла 12 духтар, дар ҳайати 8 даста (Душанбе 3 даста, Суғд 3 даста ва Хатлон  2 даста) барои пирӯзӣ  мубориза бурданд.
Дар ҳисоби даставӣ се ҷои аввалро «Душанбе - 1» (8 тилло, 4 нуқра ва 2 биринҷӣ), «Суғд - 3» (5 тилло, 2 нуқра ва 4 биринҷӣ) ва «Суғд - 1» (4 тилло, 4 нуқра ва 4 биринҷӣ) соҳиб шуданд.
Боиси тазаккур аст, ки қаиқронҳо Шаҳриёр Даминов, Абдусаттор Ғафуров, Нурмуҳаммад Тоҳирӣ, Зоирҷон Набиев миёни мардон,  Мунираву Гулнора Бобоҷоноваҳо ва Матлуба Раҳматова маҳорати баланд нишон дода, аз 3 то 5 медали тилло ба даст оварданд.
Маҳмуд ҶӮРАЕВ, шореҳи варзиш


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 108

19.11.2018


Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед